Quantcast
Channel: Маводҳои таҳлилӣ —АМИТ "Ховар"
Viewing all 1296 articles
Browse latest View live

Фалсафаи ваҳдат

$
0
0

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳеҷ як қавму миллат таърих ва мавҷудияти хешро наметавонад бе муттаҳидӣ, ваҳдати воқеӣ, ҷонбозиҳо сулҳу оромиро нигоҳ дорад. Ифтихорварзӣ ва арҷгузории аҷдодони пешгузаштаамон аз ин қавму миллат ва дӯстдорӣ аз макони зисташон буд, ки таърих ва ҳастиашонро то ба имрӯз нигоҳ дошта тавонистанд.
Одамон табиатан ва рӯҳан аз тариқи фишору зӯроварӣ дар ваҳдату ягонагӣ буда наметавонанд. Дар ҳолати ҷудоиандозиҳо аз рӯи сабабҳо, нишонаҳои гуногун ва нобоварӣ  ба ҳамдигар, ваҳдат дурӯғин, ба қавле «дудмонанд» мешавад. Ваҳдате, ки асосаш гуногуншакливу рангорангӣ аст, воқеитару қавитар нисбат ба онест, ки  асосашро якнавъӣ, якхелӣ ва якнавохтӣ ташкил медиҳад.
Ваҳдату ягонагӣ агар самимӣ ва фазои  озод дошта бошанд. дар одамон эҳсоси ҳаловатбахшӣ ва ризоиятро ба вуҷуд оварда, дар ин замина талош ё  амали онҳоро баҳри иҷрои ҳадафҳо ба  вуҷуд меоранд. Ин ҳолати рӯҳӣ-равонӣ, ки аз иттиҳоди одамон неру мегирад, имкони ҳалли ҳама гуна мушкилотро дорад.
Ҷумҳурии     Тоҷикистон барои тамоми мардуме, ки он ҷо таваллуд шудаанд, бояд азиз бошад. Тоҷикон аз гуногунии қавму миллатҳои маскуни Ватанашон он гоҳ дар бим нахоҳанд буд, агар бо онҳо дар афкору андеша, ҳадафу ниятҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва талошҳои  дигар баҳри  саодати зиндагӣ якхела бошанд. Ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории қавмӣ-миллӣ, принсипӣ бо дастовардҳои тамоми ниёзҳои мардум бояд муаррифӣ  шаваду  ин дастовардҳо ҳифз ва таҳким ёбанд.
Ваҳдати  чандинасраи аҷдодон таҷассумгари иродаи таърихии миллат мебошад ва сиёсати давлатӣ бояд дар заминаи ирода, афкор ва таҷрибаи таърихии ваҳдату ҳамзистӣ бо дигар қавму миллатҳои маскуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гардида, роҳандозӣ шавад. Барои таҳкими давлатдорӣ ва иншои таърихи минбаъдаи одамон ваҳдати гуногунранги дохилиқавмӣ, миллӣ ва байнимиллиро бояд ҳифзу ташаккул дод.
Ба ваҳдату ягонагии миллат хатар он вақт таҳдид хоҳад кард, агар нобаробарии иҷтимоӣ зиёд гардад ва ҳуқуқу озодиҳою шарафу номуси шахс поймол гардад. Ҳамзамон эътиқоду боварии шахс агар нобуд карда шаваду ҷудоиандозӣ ба хотири манофеи муайян дар сиёсат роҳандозӣ шавад.
Одатан мушкилоту низоъҳои душворҳал ё муғризона ташкилшуда ба ваҳдат рахна зада, иттиҳодро аз байн мебаранд ва ин вазъ боиси харобшавии тафаккури шахсӣ ва дар маҷмӯъ, шуури ҷамъиятӣ мегарданд. Собит шудааст, ки роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот- ин ба оромии рӯҳӣ овардани одамон, таъмини адолату ҳақиқати  иҷтимоӣ ва бо некӣ бар зидди зулм  кор бурдан аст.
Дар маҷмӯъ, ҳастии одамон, ҳаёт ва пойдории ин олам ҳанӯз дар пояи  ваҳдат ва талошҳои хирадмандон баҳри таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ  истодааст. Аммо, новобаста аз таърихи камоли инсон, имрӯз ба ҳастии оламу одам хатарҳои эҷоднамудаи худи инсон, ба мисли терроризму экстремизм ва дигар низоъҳо таҳдид менамоянд, ки  аз байн бурдани пешгирии рушди минбаъдаашон амалҳои оҷилиро металабад.
Бояд  иброз дорем, ки гузаронидани ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ  аҳамияти муҳими сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дорад. Ин тадбири басо судманд ба гиромидошти сулҳу  ваҳдат ва ба хотири таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъмати олӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон дар ин рӯзҳои  таҷлили 19-солагии иди Ваҳдати миллӣ, ба таҳлили таърихи навин ва саргузашти миллатамон баргашта, ба чунин хулосае мерасем, ки ғояи олии ваҳдату ягонагии миллӣ дар заминаи таъмини иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистиву осоиштагии қавмӣ-миллӣ бояд таҳким ёфта, ҳифозати давомдор ва мақсадноки он таъмин карда шавад.
Дар амалӣ намудани ин ҳадафи миллӣ, минбаъд низ ба қавли  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар сафи пеш…бояд деҳқони донапошу коргари меҳнаткаш, шоири бедордилу нависандаи ҳақиқатнигор, олими мушкилкушову қаламкаши нуктасанҷ, табиби ҳозиқу омӯзгори соҳибтадбир, хуллас, содиқтарину бовафотарин фарзандони халқро бубинем».

Ғарибшо Ғарибшоев,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии
такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони
соҳаи  маориф дар ВМКБ


Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»: Чаро «Устод» хор шуд?

$
0
0

Душанбе. 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Забон ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Ҳар халқу миллатро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангаш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Забони мо ва таърихи гузаштаи он мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад. Дар забонҳои олам вожаҳое мавҷуданд, ки онҳо хоси ифодаи эҳтирому самимият ба шахси мавриди хитоб мебошанд.
Мутаассифона, бо «шарофат»- и иддае чунин вожаҳо айни замон дар забони тоҷикӣ ба калимаҳои туфайлӣ табдил меёбанд. Масъулини соҳа «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд», ҳол он ки эҳтироми забони модарӣ бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошад. Муътақидам, ки бе арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мо наметавонем ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардем, зеро кулли дастоварду пешравиҳо маҳз аз гиромидошти забон маншаъ мегиранд. Ҳар қадаре мо Ватанро бештар дӯст дорем, ҳамон андоза метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар-Ватан ва забони миллӣ, ки муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.
Манзури ман аз гилаи дар оғози матлаб зикршуда, истифодаи бемавқеъ ва забонзада намудани вожаи «устод» аст. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» калимаи мазкур ба се маънӣ — муаллим ва омӯзгори бузург, ихтисосманде, ки дар соҳаи худ ба ҳадди камолот расидааст ва унвони фахрӣ ба пешқадамони ягон соҳаи кору фаъолият омадааст.
Мутаассифона, айни замон ин вожаи ба маънои томаш муқаддасро чунон хору залил намудаем, ки ҳар нафар имкон пайдо намудааст, ки «устод» шавад. Мушоҳида мегардад, ки зимни муроҷиат ҳатто ба онҳое, ки аз омӯзгорӣ, ихтисосмандӣ ва пешқадамӣ дар ин ё он соҳа фарсахҳо дуранд, тавассути калимаи «устод» муроҷиат мешавад. Чунин ҳолат «оина дар хизмати кӯр аст» — ро  ба хотир меорад. Аксар маврид ин вожа ба «абзор»-и муоширати тамаллуқкорон табдил ёфта, маҳз аз ҷониби онҳо ба дилхоҳ шахси барояшон «муҳим», сарфи назар аз он ки шахси мухотаб хислатҳои ба ин калима рабтдоштаро доро ҳаст ё не, «эҳдо» мегардад. Журналистон низ дар ин кор аз пешсафон маҳсуб шуда, қисмати бештар мусоҳибонашонро «устод» гӯён хитоб мекунанд. Табиист, ки ҳастанд шахсоне, ки арзандаи эҳтиром ва арҷгузорӣ мебошанд. Вале вақте ки журналист ба шахсе, ки шахсияташ маъруф нест ва ё дар фаъолият дастовардҳои қобили мулоҳиза надорад, ба василаи вожаи фавқ муроҷиат мекунад, шармовар аст.
Дар шароити шадид шудани бархӯрди манфиатҳо забони давлатӣ омили муҳими ваҳдат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ аст. Биноан, муҳиму саривақтӣ ва зарур аст, ки истифодаи бемавқеъ ва забонзада шудани вожаи муқаддаси «устод»- ро пешгирӣ намоем.
Мо — тоҷикон маъмулан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро устод мегӯем, Аз ин нуқтаи назар, бигзор вожаҳое чун «устод» минҳайси дурдонаҳои бебаҳои хазинаи забони давлатии мо боқӣ монанд. Ба ибораи дигар, дурдонаро ба ҳар тоҷ насб намекунанд…
Шумо чӣ андеша доред, хонандаи азиз?

Биёед, дар рӯзҳои ид дастархони маънавӣ ороем

$
0
0

«Мо бояд ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ ороем. Яъне барои анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

 Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Як рӯз пеш аз  фарорасии Иди Рамазон бо мақсади харидани анвои хурданӣ барои оростани дастурхони идона ба Маркази савдои бузурги «Ашан» рафтам. Дар ин маркази савдо аробачаҳои  ба қавле лаб ба лаб, пур аз маводи хӯрокаи харидоронро дида,  дар тааҷҷуб афтодам, ки  онҳо  барои як рӯз ё 1 моҳ харид мекарда бошанд?
Назди тақрибан  6-7 хазинаи ин маркази савдо  харидорон навбати дарозеро  ташкил карда буданд, ки   расо  як соати вақтамро барои ҳисобӣ кардан дар ин навбат сарф кардам.
Аз ин ҷо баромада, барои дастрас намудани боқимонда  лавозимоти зарурӣ ба Маркази савдои «Пайкар», воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур рафтаму ҳайратам дучанд афзуд. Теъдоди харидорони ин марказ чандин маротиба аз маркази савдои «Ашан» зиёдтар буду  навбати  назди хазинаҳо аз он ҳам дарозтар. Гирду атрофи бинои  маркази савдои мазкурро мошинҳои  зиёди харидорон  печонида буданд ва ронандагон боасабоният  ба якдигар бонг (сигнал) зада, базӯр роҳи баромад меёфтанд.
Он рӯз раҳораҳ дидам, ки вазъ қариб дар ҳамаи марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳр дар чунин аҳвол қарор дорад: мардум саросемавор ба нарху наво, санаи истеҳсоли маҳсулот нигоҳ накарда, мехариданду мехариданд, баъзе савдогарони ҳаннот, ки фурсат мепоиданд, аз ин шитобкории мардум  истифода бурда, молҳои муҳлаташон гузаштаву бесифаташонро ба ибораи худашон «мегузарониданд», яъне мефурӯхтанд.
Аз дидани харидорони зиёд аз як ҷиҳат хурсанд шудам, зеро ҳар як хонавода кӯшиш менамуд, ки дар ин рӯз дастурхони пурнозу неъмат орояд, ки  онро  як нишонаи боло рафтани сатҳи зиндагии мардум дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намудан мумкин буд.
Аммо аз тарафи дигар дастурхони серхарҷу пурдабдаба  ва намоишкориву исрофкории баъзеҳоро  дида, ба  хулосае омадам, ки  дастурхонкушоии мо дар рӯзҳои ид  сол то сол ба як сабқати эълоннашуда табдил меёбад. Чаро мардуми мо дар ҳама кор ба зиёдаравӣ майл доранд? Аз дигарон  қафо намонда, қарз гирифта, дастурхони пурдабдаба кушодани онҳое, ки  шароит надоранд, чӣ зарурат ва маънӣ дорад?
Аз ҳама аҷоибаш он аст, ки дар ин рӯз баъзе аз «идкунандаҳо» (асосан занҳо)  дар маҳаллаҳо гӯё аъзои кадом комиссияе бошанд, дар ҳар хона давоми 6-10 дақиқа нишаста, дастурхонро аз назар гузаронида, «баҳояш»-ро гузошта, баъзан ҳатто хондани дуову фотиҳаро фаромӯш карда,  баромада мераванд. Ва натиҷаи  ҷамъбасти ин «мусобиқа» як моҳи дигар мавзӯи рақами №1 занони рӯзи дароз бекор нишастаи назди биноҳои истиқоматӣ  гардида,  нафарони аз ин «комиссия» «баҳои паст»  гирифта, ба таънаву маломати онҳо дучор мегарданд.
Низорамоҳ Тағоева, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев 292, ҳуҷраи №10 дар ин маврид андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла зикр кард, ки солҳои пешин мардуми мо дар рӯзҳои ид ба аёдати беморону азодорон мерафтанд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекарданд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонданд. Дастурхони идонаи онҳо танҳо аз кулчаву ҳалво, чормағзу тухм, мева  ва як хӯрок шӯрбо иборат буд, ки қариб ҳамаи ин маҳсулотро худашон  истеҳсолу павариш мекарданду ҳамагон ба он дастрасӣ доштанд. Сари ин дастурхони хоксорона, вале аз маънавиёт бой ҷамъ омада,   ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва  оромиву осудагӣ  орзу мекарданд.
«Имрӯз рӯи дастурхони идонаи мардум ҷои меваҳои  хуштаъму болаззати  худиро гирифтани   меваҳои кишварҳои бегона, ки бо вуҷуди  қимати гарон  доштанашон маззаву лаззат надоранд, қандҳои 1 килограмашон аз 50 то 100 сомонӣ нархдошта, рӯзи дигар, ҳамагӣ баъди як рӯзи  ид халта-халта нони хушку дигар анвои хӯрданиро  ба  лулиҳо доданро дида, ба худ суол медиҳам, ки ин ҳама   нишони исрофкориву ношукрии мо  нест?», — гуфт Низорамоҳ Тағоева дар идомаи суҳбат.
Моҳбону Хайриддинзода, муаллимаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №49-и шаҳри Душанбе дар ин хусус зикр намуд, ки мутаассифона, дар рӯзи ид кушодани дастурхони серхарҷу пурдабдабаи баъзеҳо боиси мушкили дигарон мегардад. Дар пайравӣ ба онҳо ҳатто оилаҳое, ки шароит надоранд, кӯшиш менамоянд, ки дастурхони идонаашон аз дигарон камӣ надошта бошад. Аз ҷумла, чандин оилаҳоро медонам, ки баробари расидани моҳи шарифи Рамазон дар фикри «дастурхонкушоӣ» меафтанд ва  даромади якмоҳаи оилаашонро барои як рӯз сарф намуда,  то моҳонаи дигар пул қарз мегиранд. Баъзеҳо аз сабаби надоштани шароит дарҳояшонро баста, дар ин рӯз ба хонаи падару модарашон ё ягон ҷои дигар ба меҳмонӣ мераванду худро дар назди ҳаққу ҳамсоягон хиҷилу гунаҳгор  ҳис мекунанд.
Ситорамоҳ Муродова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Муродуллоҳ Шерализода №33, ҳуҷраи №61 дар ин бора фикру андешаашро иброз дошта, зикр намуд, ки ҳоло дар гузарондани маъракаҳои зикршуда як сабқати эълоннашудае идома дорад. Чаро дар чунин маъракаҳо аз оростани мизҳои пур аз хӯрданиҳои қимат ва додани таом даст намекашем? Чаро ин рақобати носолим  дар ҷомеа рӯз ба рӯз тавсеа меёбад? Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ин масъала диққати ҷомеаро равона созем. Мо бояд тибқи дастури  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла идҳои Фитру Қурбон амал намуда, ба ҷои дастурхони серхарҷу пурдабдаба дастурхони маънавӣ ороем. Маблағеро ки барои дастурхонороӣ сарф менамоем, ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр сарф намоем.
«Ҳатто  чанд хонавода метавонанд, ин маблағро дар якҷоягӣ барои  обод намудани роҳҳои маҳаллаашон,  купурӯкҳо, қабристонҳо  ё таъмири хонаи ятимону маъюбон ва  оилаҳои камбизоат  истифода намоянд»,- гуфт Ситорамоҳ Муродова ва афзуд, ки намоишкориву исрофкорӣ ба  мо танҳо зарар меорад,  бояд сиддқан  ба амали  хайру савоб даст занем.

Рухсора Нурова,
шарҳи АМИТ «Ховар»

Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон —талаби замони муосир

$
0
0

 Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар ошноӣ пайдо намуда,  заминаи воқеии баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро татбиқ намояд. Китобхонаҳои муосир беш аз ҳарвақта ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат  тағйир меёбанд ва  воридшавии технологияи муосир, пайдошудани барандаҳои нави иттилоотӣ омилҳои муҳими он ба ҳисоб меравад.
Сиёсати кадрии  соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ  равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ нарасидани  кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Имрӯз муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии соҳаи китобдории  ҷумҳурӣ дар тайёр намудани мутахассисон барои китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ба қадри имкон саҳм мегузоранд, аммо  бо ин тарз ва бо ин теъдод омода намудани кадрҳо  дар солҳои наздик таъмин  намудани китобхонаҳо ғайри имкон аст.  Тахассусҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таълим дода мешаванд, бояд вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза мутобиқ ва ҳамоҳанг бошанд. Ҳалли  ин масъала,  пеш аз ҳама, дар ташаккули инфрасохтори таълимии соҳаи китобдорӣ, ки дар он ҷои асосиро шаклҳои бозомӯзӣ ва муттасилаи маълумоти китобдорӣ барои ин гурўҳи кормандони ғайритахассус гиранд, зарурат ба миён омадааст . Бозомӯзии кормандони китобхонаҳо ҳамчун як ҷузъи низоми таҳсили идомаёбанда дар ҳолати кунунӣ ба таҳқиқот зарурат дорад.  Айни замон дар ҷумҳурӣ  1355 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз инҳо 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ (12,3%), олии тахассусӣ 213 нафар (7,4%), миёнаи касбӣ 980 нафар (34,3%) ва бо маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ 1305 нафар (45,7%) фаъолият мекунанд, ки самаранокии фаъолияти равандҳои китобдориро коста мегардонад. Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле фарқ мекунанд, ки ин боиси нигаронист. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст. Аз ин рӯ ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва тадбири саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.
Талаботи рӯзафзуни соҳаи китобдорӣ ба кадрҳои нав, ки қобилияти истифодаи технологияи муосирро дар раванди хизматрасонӣ ба хонандагонро доранд, зарурияти ташкил ва рушди низоми  бозомӯзии касбии кормандони соҳаи китобдориро тақозо мекунад. Бозомӯзии касбӣ ҳамчун омӯзиши кӯтоҳмуддат, аз худ кардани шакли нави фаъолияти касбӣ ва такмили тахассус вобаста ба шароити замон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ барои ҳар як корманди соҳаи китобдорӣ, ки маълумоти олии ғайритахассусӣ доранд, пешбинӣ мешавад.
Китобхона-4  Вазъи имрӯза тақозо мекунад, ки ба низоми азнавтайёркунии касбӣ, ки ҳамчун қисми муҳими таълими муттасили кормандони китобхонаҳо мебошад, аҳамияти махсус бояд дод. Зарурати таълими муттасилаи кормандони китобхонаҳо дар он дида мешавад, ки дар шароити имрӯза гирифтани маълумоти касбӣ дар ин шакли вуҷуддошта аз таҳаввулоти ҷаҳони муосири иттилоотӣ дар раванди фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ рақобатнопазир аст. Бинобар ҳамин тайёр намудани ҳайати кормандони китобхонаҳо масъалаи мубрами муассисаҳои китобдории ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳлили таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар доираи як маълумоти олӣ мутахассис бо чунин шакли таҳсилот дорои як чанд касб мегардад, ки ин имкон медиҳад, дар замони пешрафти илму техника бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибтахассус ва соҳибкасб таъмин карда шавад. Бозомӯзии касбии кормандони ҳамагуна соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар ояндаи наздик ногузир ва амри воқеӣ мебошад, зеро ин талаботи замон ва омили таъмину рушд ва инкишофи ҷомеа хоҳад буд.
Айни замон дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода факултаи такмили ихтисос фаъолият мекунад, ки дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ то андозае саҳм гузошта истодаанд ва дар муддати панҷ соли охир 165 нафар кормандони китобхонаҳо савияи дониши худро такмил додаанд. Дар ин курсҳо барнома ва фанҳое бояд мавриди омӯзиш қарор гиранд, ки бештар самти амалии истифодаи навгониҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ва интерактивиро фарогир бошад. Китобдори  имрӯза бо донистани соҳа ва ё чанд мавзӯъ маҳдуд набошад. Бо донистани захираи китобхона ва баъзе қисмати дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар бозори меҳнат рақобатпазирӣ натавон кард. Бинобар ҳамин, имрӯз барои китобхонаҳо мутахассисоне лозиманд, ки ба ҳайси барномарез, равошинос, таҳиякунандагони бонкҳои иттилоотӣ ва  сомонаҳо фаъолият карда тавонанд, ниёз доранд.
Китобхонаи миллиКитобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ-методӣ ва илмӣ- таҳқиқотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар таҳияи дастурамалҳо, корҳои илмӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳо нақши калон дорад. Таҳлили вазъ ва омӯзиши дурнамои рушди маълумоти китобдорӣ-иттилоотӣ дар ҳамбастагӣ бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба Китобхонаи миллӣ имконият фароҳам меоварад, ки баъзе аз самтҳои асосии низоми омоданамоӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёрнамоии тахассуси кормандони китобхонаҳоро дида бароем. Вобаста ба ин омилҳо дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Маркази такмили ихтисос ҳамчун зерсохтори он ташкил карда шуд, ки фаъолияти худро аз моҳи апрели соли 2012 оғоз намуд. Раванди бозомӯзии касбӣ дар асоси  иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгири 1625 №0001193 аз 31.10.2012) тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Талабот ва тағйироти  низоми таъминоти кадрӣ дар  фаъолияти китобхонаҳо, ки дар натиҷаи омилҳои ишорашуда ба амал меоянд, аҳамияти бозомӯзии касбии мутахассисонро афзун менамояд. Дар шароити имрӯза бозомӯзии касбии кормандони китобхона яке аз шакли азнавтайёрнамоии мутахассисони соҳаи китобдорӣ самти афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Самтҳои асосии фаъолияти марказ ин такмили дониш ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои мамлакат, курсҳои кӯтоҳмуддати сайёр, омӯзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ-библиографӣ, семинару конфронсҳо ро дар бар мегирад.
Дар давоми фаъолияташ марказ барои курсҳои такмили ихитисос ва бозомӯзӣ чунин барномаҳо ва нақшаҳои таълимиро омода ва таҳия намудаанд: «Такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллӣ», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ», «Омӯзиши донишҳои компютерӣ» ва ғайраҳо. Курсҳои мазкурро зиёда аз 700 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳо хатм намудаанд, ки шунавандагон ҳангоми аз худ намудани барномаҳои таълимӣ ва гузаштан аз аттестатсия соҳиби сертификат мешаванд ва н ба онҳо имкон медиҳанд, ки дар доираи ихтисосашон  ҳамчун мутахассис фаъолият намоянд.
Китобхона-3Масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар шароити имрӯза омили муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад, зеро баланд бардоштани такмили ихтисоси китобдорон дар шароити босуръат зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани мутахассисони касбии  ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст. Мушклоте ,  ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифтааст, воқеан, саривақтӣ ва мубрам аст.
Омӯзишу таҳлилҳои низоми такмили ихтисос ва пешрафти иҷтимоиёту иқтисодиёти ҷомеа, ки барои рушди соҳаи китобдорӣ ва тақвият додани фаъолияти самаранокии китобхонаҳо замина мегардад, чанд таклифҳо пешниҳод менамоем;
— оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи ташкилу баргузории курсҳои такмили ихтисос ва омӯзишӣ;
— низоми гузаронидани чунин курсҳо барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шавад;
— ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ, зеро ки фаъолияти он ба талаботи имрӯзаи соҳаи китобдорӣ ҷавобгӯ буда,  барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ бо истифодаи аз технологияи муосир дар фаъолияти китобдорӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст;
— зарурати ташкил намудани курсҳои олии китобдории дусолаи ғоибона дар назди Китобхонаи миллӣ барои кормандони китобхонаҳое, ки маълумоти ғайритахассусӣ доранд, ин таҷриба дар аксар китобхонаҳои хориҷи кишвар амали маъмулӣ аст;
— байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷа ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро тақвият дода, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ роҳандозӣ карда шаванд;
— ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ оид ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ доир ба раванди автоматикунонии китобдорӣ-иттилоотӣ;
— кормандони китобхонаҳо, махсусан китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ҳар панҷ сол аз курсҳои бозомӯзӣ гузаранд.
Амалия собит намудааст, ки омили асосии инкишоф ва такомули соҳаи китобдорӣ аз баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии китобдор вобаста аст. Аз ин ҷост, ки пайваста такмил додани маҳорати касбии китобдор, имрӯз аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Гадобек Маҳмудов,
муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Чаро Шӯрои адлия барҳам дода шуд?

$
0
0

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии мамлакат, дирӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар қатори баррасии мавзӯъҳои дахлдори соҳа, ҳамчунин ба саволҳои журналистон дар хусуси ин ки, чаро Шӯрои адлия барҳам дода шуд, вазифаҳои онро акнун кадом мақомот иҷро мекунад, кормандони аз кор озод шудаи Шӯрои адлия магар бекор монданд, таърихи таъсисёбии Шӯрои адлия аз куҷо сар мешавад, ҷавобҳои қонеъкунанда пешниҳод намуд.

«Бояд гӯям, ки таъсис додани Шӯрои адлия сарчашма мегирифт аз тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 ба Конститутсияи мамлакат ворид шуда буданд», — гуфт Ш.Шоҳиён ва чунин шарҳ дод: «Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар назар дошта шуда буд. То соли 1999 то як дараҷа принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба пуррагӣ, яъне ба се шоха тақсим шудани ҳокимияти давлатӣ таъмин набуд. Иҷрои як қисми масъалаҳои ба фаъолияти мақомоти судӣ дахлдошта ба ӯҳдаи шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ — мақомоти иҷроия гузошта шуда буд. Аз ҷумла, Вазорати адлия масъалаҳои таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ташкили фаъолияти судҳо, интихобу ҷобаҷогузории судяҳоро амалӣ мекард. Бинобар ҳамин, соли 1999 таъсис додани Шӯрои адлия маҳз ба хотири таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ва аз тобеияти мақомоти иҷроия баровардани он буд».

Ба андешаи Ш.Шоҳиён, таъсис додани Шӯрои адлия дар ҳамон давраи ташаккул ва инкишоф додани сохторҳои давлатӣ амали саривақтӣ ва зарурӣ буд. «Ин амал як қадами хеле ҷиддӣ дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ буд. Бо таъсис додани Шӯрои адлия дар назди он ҳалли масъалаҳои зерин: ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, интихобу ҷобаҷогузории судяҳо, такмили ихтисос ва малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои суд гузошта шуда буд», — гуфт раиси Суди Олӣ Ш.Шоҳиён.

«Дар баробари ҳамин масъалаи вобаста ба баррасии парвандаҳои судӣ, қабули қарорҳои қонуниву асоснок, таъмини таҷрибаи ягонаи баррасии дурусти парвандаҳо ба Суди Олии мамлакат дахл доштанд. Яъне дар мақомоти судӣ масъалаҳо ба ду қисм тақсим шуда буданд. Як қисм дахл дошт ба Шӯрои адлия ва як қисми дигар — ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии мамлакат, ки албатта чунин тарзи ташкили кор мушкилиҳоро эҷод мекард», — зикр намуд дар идомаи мулоҳизаҳои худ Ш.Шоҳиён.

Як қисми тағйиру иловаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳи намояндагони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар барои ворид кардан ба Конститутсия пешниҳод гардида буданд, ба масъалаи таъмини мустақилияти воқеии ҳокимияти судӣ тааллуқ доштанд. Ба назар гирифта шуд, ки минбаъд дар ташкили кору фаъолияти тамоми масъалаҳои вобаста ба мақомоти судӣ худи мақомоти судӣ машғул бошад, на ин ки сохтори алоҳида.

Гап сари он мерафт, ки Шӯрои адлия мақомоти коллегиявӣ (машваратӣ) буд, ба ҳайати он намояндагони ҳам ҳокимияти иҷроия, ҳам парлумони кишвар, ҳам мақомоти судӣ шомил буданд. Тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда акнун тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти судҳо, таъминоти моддиву техникӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва дигар вазифаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл дошт, акнун ба салоҳияти Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодӣ вогузор карда шудаанд. Бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид шуданд, 9 июни соли 2016 Фармони Президенти мамлакат дар бораи барҳам додани Шӯрои адлия ба имзо расид. Ҳоло Судҳои иқтисодие, ки дар вилоятҳо фаъолият мекунанд, кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бевосита ба Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин  судҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ бо Суди Олӣ якҷоя шуданд.

Ҳамаи он кормандоне, ки дар Шӯрои адлия фаъолият доштанд, ба пуррагӣ дар Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодӣ ба кор гирифта шуданд. Аз ҷумла, 35 нафар кормандони собиқи Шӯрои адлия дар сохтори нави Суди Олӣ ба кор қабул гардида, 5 нафари дигари онҳо ба Суди Олии иқтисодӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии мамлакат оид ба зарурати ин тағйироти сохтории мақомоти судӣ чунин андеша дорад: «Ворид намудани ислоҳот ба системаи мақомоти судии мамлакат дар натиҷаи омӯзишу таҳлилҳо, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон  амалӣ карда шуд ва ман фикр мекунам, ки ин тадбири зарурӣ мебошад. Зеро ин ислоҳот ба таъмини воқеии мустақилияти судӣ, беҳтар кардани фаъолияти мақомоти судӣ, амалӣ намудани чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар мақомоти судӣ мусоидат мекунад. Дар як сохтори муттамарказ фаъолият кардани мақомоти судӣ натиҷа ва самаранокии корро хубтар мекунад».

Ба савол дар хусуси он ки чаро судяҳои мамлакат дар муқоиса бо дигар қишрҳои ҷомеа барвақт ба нафақа гусел карда мешаванд (ин тағийрот низ ба наздикӣ қабул гардид), Ш.Шоҳиён посух дод, ки «дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, ғайр аз судҳои иқтисодӣ, 401 нафар судяҳо ва дар Суди Олӣ 42 нафар судяҳо фаъолият мекунад. Аксари сокинони мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд ва моро зарур аст барои фаъолияти кории онҳо дар мақомоти судии кишвар шароит ва имконият фароҳам оварем, бинобар ҳамин ба нафақа гусел кардани судяҳо ва ҷавонтар кардани синну соли ҳайати кадрӣ амали дуруст мебошад», — шарҳ дод Ш.Шоҳиён.

Дар нишасти матбуотии раиси Суди Олии мамлакат зикр карда шуд, ки дар давраи нимсолаи аввал 207 муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба ҳаракатҳои судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо баррасӣ шуданд. Аз ин муроҷиати шаҳрвандон 44 ҳолати он оид ба сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, 5 ҳолат оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ ва 158 ҳолати дигар ба самтҳои дигари фаъолияти судяҳо дахл доштанд.

Умуман, барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ амали 40 нафар судяҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, бинобар содир намудани рафторе, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, нисбат ба 9 нафари онҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуданд.

Раиси Суди Олӣ ҳамчунин аз ҷинояти нобахшиданӣ содир кардани яке аз судяҳо, ки ҳангоми гирифтани пора дастгир шуда буд, бо таассуф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ба порагирон ва тамаъҷӯён дар сафи мақомоти судии кишвар ҷой дода намешавад.

А.Сангзода

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: “Дар фарози боми дунё, дар фарози марзи армон…”

$
0
0

Асри 21-асри Бадахшон, асри пешрафти ин сарзамини зебо ва пурасрор  мебошад. Бадахшон  дарвозаи  тилоии Тоҷикистон мешавад.

Эмомалӣ   Раҳмон

Душанбе, 20.07.2016 /АМИТ “Ховар”/. Бадахшон вожаест, ки чун бар забон меоред, дил равшан, табъ болида, хотираҳо дурахшон  мегарданд. Ин вожа гӯё дар худ офтобе дорад, ки аз он ин гармиву рӯшноӣ метаровад. Ин вожа шояд шукӯҳи  кӯҳсорону таровати обшоронро дар худ гирифтааст, ки баробари ба забон овардан ва ҳатто ба ёд овардан, вуҷуди моро лабрези фурӯғу фараҳ мегардонад. Ин вожа саодате дорад, мисли худи Бадахшон, мисли худи ин диёри нозанину дилрабо, расму таомул ва ойину суннатҳои неку хайрхоҳонаи ин сарзамин, мисли мусиқие, ки ба андешаи мардуми ин диёр бо он ҷон ба бадани ҳазрати Одам даромадааст. Ва ҳамин рӯшноӣ, ҳамин гармиву самимиятро мо дар симои мардуми ин диёр ҳам дармеёбему эҳсос мекунем.

Банда  ба Бадахшон муҳаббати хосса дорам. Бори аввал, моҳи апрели соли 1987 ба Бадахшон рафтам, гумон кардам ба кишвари афсонаҳо омадам, ё балки худ воқеан  вориди  афсонае гардидам, ки Бадахшон ном дорад. Вориди хонаи бадахшонӣ шудам, ки дар дунё шабеҳаш нест ва ҳама намунаи хираду маърифату фарҳанги баланд аст. Вориди навои бадахшонӣ “Даргилик”-у “Лалайик” гаштам, ки то имрӯз дар тор-тори шараёни ман оҳангашон  садо медиҳад. Вориди  базми  нишотангези бадахшонӣ гардидам, ки дар он савту наво вуҷуди инсонро беихтиёр ба рақс медарорад, базме, ки дар он ҳама як мешаванд;  ҳама танҳо як тан, ҳама ҷонҳо як ҷон ва ин шояд сеҳри ҳунару мусиқист ва ё шояд дар ин баландо рӯ ба рӯ бо Ҳақ инсон самимитару воқеитар аст.  Метавонам аз муҳаббати худ ба Бадахшон соатҳо сухан кунам ва  боз ҳам суханонам нотамом хоҳад монд.

Соли 1987, вақте ки банда бори аввал суруди “Даргилик”-ро дар яке аз деҳаҳои Бадахшон аз забони зан-модари  бадахшӣ, ки дар даст дойра онро барои мо, меҳмонон, месуруд, шунидам, ман гӯиё навову суруди дарду нидои инсонро бар осмонҳо шунидам. Ба гумони ман ин сурудҳо симфонияи ҳастии инсону кайҳонанд. Ин қадар дарду армон, розу ниёзи вуҷуди инсон дар ин сурудҳо ва оҳанги он таҷассум ёфтааст. Ин сурудҳоро, вақте ки дар Бадахшон мешунавед, инсонро рӯ ба рӯ бо танҳоии худ, рӯ ба рӯ бо осмону ситораҳо, рӯ ба рӯ бо Худо  дармеёбед. Бо вуҷуди он,ки матни ин сурудҳо ба забони барои ман ноошно ифода ёфта буд, ман онҳоро мефаҳмидам,дар рагу пай, дар пӯсту хунам  маънои онро эҳсос мекардам. Даргилик суруди дардҳои инсон аст. Лалайик сурудест, ки дар сари гаҳвораи тифлон месароянд, суруде дар сари  ҳасратҳову армонҳои инсонӣ, суруди аллаи модарон.

Бадахшон — ин сарзамини қадимаи ориёӣ, ин кишвари нахустаҷдоди тоҷикон ва нахустаҷдоди одамин, дар ривоятҳо ва пешниҳодҳои илмӣ қадимтарин макони зуҳури инсон дар Замин будааст. Бадахшон сарзаминест,ки дар он инсон бо суруд ба дунё меояд ва бо суруд аз дунё меравад. Дар Бадахшон, вақте одам ба дунё меояд  суруди Лалайик месароянд ва то бузург шудани тифл дар сари гаҳвораи ӯ Лалайики модар садо медиҳад. Ҳамчунин дар Бадахшон вақте инсон мефавтад, бар сари тобути ӯ то субҳ суруд мехонанд, суруди Даргилик ва бо ин суруд тобутро аз хона мебароранд ва ба роҳи охират гусел мекунанд. Гӯиё дар ин диёр ҳастии инсон аз омадан то рафтан дар ҳолаи савту суруд аст. Даргилик ва Лалайик пеш аз ҳама  шеър аст, сухан аст, ки дар ориёнзамин ҳамеша арҷи баланд доштааст. Воқеан он суханони китоби Худо тасдиқи худро дар ин падида меёбад, ки “ Дар оғоз калом буд ва калом Худо буд”. Ва далели қадамгоҳи нахустини Одам будани ин сарзамин боз дар он зоҳир мешавад, ки вожаи  одам – номи ҳазрати Одам, яъне Адам тоҷикист ва дар ҳеҷ як забони дигари дунё ба маънии инсон наомадааст.

вилояти Бадахшон Хорог-8 Хорог-9 Хорог-0

Ман аз ҳар дидор, аз ҳар мушоҳида дар сафари аввалинам ба Бадахшон  ба ваҷд меомадаму мафтун мешудам. Эҳсосоти ман, бардоштҳои ман дар шеърҳоям фурӯ мерехтанд.

Аввалин чизе, ки маро мафтуну волаву ҳайрон кард, дидор аз хонаи бадахшонӣ буд. Ин хона саросар таҷассуми хирад ва ҳунар аст. Зеро дар он  ҳар чизе, ки ба чашми бинанда мехурад, маънову мақсаду таъйиноте дорад. Чизе беҳадаф, бе мақсад, бе маврид ва бемаънӣ нест. Ҳар сутун, ҳар гӯша, даромаду баромад, ҳар ҷойи нишаст, ҳатто мӯрии ин хона чандин вазифаву маъниро пайгирӣ мекунанд. Дари даромад ва баромад яктост, ки ҳам рамзи  ягонагист ва ҳам бовару  назари неку покиза ба якдигар. Хонаи  бодахшонӣ ҳамеша ҳавои тоза дорад, зеро ҳаво аз дар медарояду аз мӯрӣ мебарояд, яъне ҳамеша тоза (сиркулятсия) мешавад. Панҷ  сутуни хонадон ҳам беҳуда нестанд, онҳо ҳар яке ном доранд ва боми хонадонро ин сутунҳо, ки метавон онҳоро сутунҳои бовар номид, нигаҳ медоранд.  То замони ислом ин панҷ сутун рамзи панҷ фариштаи авастоӣ будаанд. Баъд аз қабули ислом ин сутунҳо номҳои Муҳаммад(С), Алӣ, Фотима ва Ҳасану Ҳусейнро гирифтанд. Дар Бадахшон, вақте ба хонаи холӣ медароянд, салом бояд гӯянд ва ин салом ба рӯҳи гузаштагон аст, ки  дар ҳар хона ҳузур дорад:

Дар Бадахшон ба хонаи холӣ

Чун дароӣ, салом бояд кард.

Хона чун рӯҳи рафтагон дорад,

Хонаро эҳтиром бояд кард…

Дар воқеъ хонаи бадахшонӣ ранги китобест, ки аз он метавон маърифат бардошт, зеро  ҳарчи ба дида метобад, рамзе дорад, маъное дорад. Аз ин рӯ дар хонаи бадахшонӣ:

Ҳар қадамро ба ҷой бояд монд.

Дар хонаи бадахшонӣ меҳмон ҳамеша азиз аст, зеро ба андешаи ин мардум  ӯ саодат меорад. Ин хона чунин сохта шудааст, ки дар он ҳама чиз ошкору ба дида аён аст ва кӣ  дар куҷо бояд нишинад, муайян шудааст. Аз ҷумла ҷойи меҳмонон, ҷойи ҳамсоягон, ҷойҳои занон, ҷавонон, навхонадорон, ҷойи модару тифлу гаҳвора дар гирдогирди хона, ки ҳар чор самташ ҷойи нишаст дорад, муайян аст. Ва ҳатман дар хонаи бадахшонӣ ҷойи нишасти хунёгарону сарояндагон ҷудост, зеро дар ҳар нишасту меҳмондориву базм бояд онҳо ҳузур дошта бошанду базму сӯҳбатро гарм кунанд. Дар хонаи бадахшонӣ:

Ҳарки бояд ба ҷойи худ шинад,

Қадри худ, қадри дигарон донад.

Ҳарки бояд ба ҷойи худ шинад,

Лек бе ҷо касе намемонад.

Хонаи бадахшонӣ чунон сохта шудааст, ки дар он ягон гӯшаи зи дида пинҳон нест, ҳама дар пеши назар аст. Аммо, вақте хоб меравед, рӯ ба девору сар ба сӯи мобайн мехобед, яъне  шумо шахси дар пушти шумо хобидаро намебинед ва ин ҳам одобест, ки меҳмони хонаро аз хиҷолат халос мекунад:

Дар Бадахшон ба хонае чу равӣ,

Ҳеҷ чизи зи дида пинҳон нест.

Ҳарчи дорад ба рӯи хон орад,

Зиндагонӣ агарчи осон нест.

Дар Бадахшон пеш аз хоб шаҳсутуни хонаро бо камарбанд сахт мебанданд, то шаҳсутун чун рамзи посбони далер ҳамеша омода бошад ва  хуфтагонро аз балоҳои ногаҳонӣ нигаҳ дорад ва агар ба ногаҳ шаб замин ҷунбад, шаҳсутунро ба оғӯш мегиранд, шаҳсутуне,ки номи пайғамбарро дорад. Дар Бадахшон ҳар сутун рамзи худро дорад:

Ҳар сутун рамз, рамзи подорист,

Ҳар сутун бовар аст дар дунё,

Гар набошад сутуни бовари халқ,

Боми олам фурӯ равад бар мо.

Дар Бадахшон қадимтарин, зеботарин, шоиронатарину поктарин суннату ойинҳои миллии мо, ки метавон ҳамаи онҳоро беҳтарин ойинҳои башарӣ донист, бо ҳама покиву зулолӣ маҳфузанд. Метавон дар бораи ҳар яке аз ин ойинҳо китоб-китоб сухан гуфт. Тӯйи арӯсии бадахшониро наметавон бо сухан тасвир кард, бояд онро дид. Ин маросимест, ки дар он ҳама чиз, аз интихоби арӯс, хостгории ӯ то ба омодасозии арӯсу  либоспӯшиву ороиши ӯ  зуҳури ҳунари баланди зебову нотакрори халқист, ки ҳар унсур, ҳар зуҳурот, ҳар лаҳзааш бинандаро мафтун мекунад. Ҳар маросими арӯсӣ, ҷараёни иҷрову бунёди он  як санъати бузурги халқист, ки ҳама эҷодкоронаву зебову шоиронаву хотирнишин сурат мегиранд. Аз ҷашни нотакрори Наврӯзи аҷам то ҳама ҷашнҳои зиёди дигари мавсимӣ, садҳо суннату анъана, расму ойин дар Бадахшон амал мекунанд, ки ҳама метавонанд мазӯи шавқовари пажӯҳишу омӯзиш бошанд, зеро ҳама ҳадафи неку зебоипарастӣ доранд.

Бадахшон кишвари савту наво, кишвари саъаткорон аст, кишваре,ки дар он ҳар нафар, чи хурду чи бузург, ҳунарманду саъаткоранд. Кишвари рубобу дутор, кишвари сетору чангу ғижжаку най, кишвари дафу дойра. Кишвари навозандагони мумтозу саряндагони наътҳову сурудҳои халқиву классикӣ. Дар Бадахшон сурудҳо аз замонҳои пешин ҳам ба забони маҳаллӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ-форсӣ, хусусан шеърҳои классикон, садо медоданд. Бадахшон кишвари зеботарин рақсҳои мардонаву занона аст. Дар рақси бадахшонӣ дард мерақсаду печутоб мехурад. Дар рақси бадахшонӣ  инсон даст сӯи осмону Худо мебарад. Ин рақс ниёиш аст. Ин рақси ормонҳо, орзуҳост, базан ин мунозира ба Худованд аст. Барои гузаштагони мо ниёиш ва намоз будани рақсро ҳикояте аз ҳаёти Мавлоно низ тасдиқ мекунад, ки онро дар ҷойе оварда будем. Вақте ки Мавлоно бо шогирдон саргарми самоъ (рақси сӯфиёна) буд, шогирде ба ӯ наздак омаду хабар дод, ки вақти намоз шудааст. Мавлоно самоъро қатъ накард ва ба ӯ ҷавоб дод: оё ман ҳоло бо чӣ кор машғулам? Яъне ҳамин худ намоз аст.

Ба Бадахшон ман бо дӯсти ҳамқаламам, нависандаи соҳибзавқ Абдулҳамид Самад бо даъвати  Ширин Бунёд, ин инсони нексиришт, ин бародар ва дӯсти деринамон рафта будем. Моҳи апрел буд. Табиати Бадахшон, мардуми некӯманиши он бо молу ҳол ҳарчи доранд, нав аз тасарруфи замистони қаҳратуни кӯҳистон баромада буданд. Чун мо дӯстони Ширин Бунёд будем ва Ширин дар байни мардуми ин диёр иззату зҳтироми баланд дошт, ба ҳар ҷойе, ки мерафтем, меҳмонони фахрӣ будем. Азбаски чорвои Бадахшон, бузу гӯсфандон нав аз замистон баромада буданд, дар ин диёри камалафу камғизо хело лоғару хароб шуда, ҳоли зоре доштанд. Ба мо нақл карданд, ки дар поёни зимистон, вақте ғизои чорво поён меёбад, мардум аз мағозаҳо қуттиҳои тиҳишудаи қоғазиро ба даст оварда, онҳоро барои чорво хӯрданбоб намуда, ба молҳо медиҳанд, то онҳо зинда монанд. Ана дар чунин айём, вақте ки захираҳо тамом шудаанду алафҳо ҳанӯз нарӯидаанд, мо меҳмони бадахшониён шудем ва ба ҳар ҷо, ки мерафтем, пеши пойи мо аз рӯи таомул буз ё гӯсфандеро хун мекарданд, ки аз як табақ зиёд гӯшт надошт. Мо зорӣ мекардем, ки ин корро накунанд, монанд, ки онҳо ҷон гиранд, аммо  мизбонон ба поси меҳмонон ҳатман мол мекуштанд ва таомулро нигоҳ медоштанд. Аслан дар Бадахшон чун дар бисёре аз навоҳии кӯҳистони мо ҳарчи доранд, ба рӯи хон мебароранд ва ҳозиранд барои меҳмон ҷон бубахшанд.

Бадпхшон Хорог-24 Хорог-16 Хорог-17

Дар Бадахшон роҳҳо танганд, аммо дилҳо кушод, сангҳо сахтанд, аммо одамҳо нарм, бодҳо сарданд, аммо симоҳо гарм…Хонаҳо дар Бадахшон чунон, ки гуфтам, нусхаҳои дили ин мардуманд ва дар ин диёр аз хона ба хона чун аз дил ба дил  мераванд:

Хона- дил, дил- хона, балки роҳҳо

Мебаранд аз дил ба дил, аз дил ба дил,

Чашмаҳои пок чун ойинаанд,

Аз садоқат дорад ин хок обу гил.

 

Пирамардон дар канори хонаҳо

Истода чун сутуни хонаҳо,

Кишвари сетору чангу дойра,

Кишвари ширинтар  аз афсонаҳо.

 

Эй Бадахшон, сарзамини бениқоб!

Шоҳи ту некӣ, сипоҳи ту шараф.

Чун ҷавонмарде туро бишнохтам,

Чун ҷавонмарде,ки дил дорад ба каф.

 

Аз матои дил ба тан пироҳанат,

Эй Бадахшон, тору пудат аз дил аст.

Хона чун дил, деҳаат монанди дил,

Сар ба по монанди дил ин манзил аст.

Мардуми ба нангу номуси кӯҳистони Бадахшон таърихан ба сабаби дурӣ аз ободиву марказҳо рӯзгори сахтеро аз сар гузаронидаанд. Соли 1987, вақте мо аз ин тарафи рӯди Панҷ ба он сӯ, ба тарафи Афғонистони ҳамсоя менигаристем ва оврингҳои Бадахшонро медидем, дар ҳайрат мемондем , ки чӣ гуна дар оғӯши шахҳои касногузар ин оврингҳоро сохтаанд ва чӣ гуна  метавон  аз он  чун аз сари ҷон, чун аз болои як тори мӯ дар фарози ҷаҳаннам, убур кард. Ва қонунҳои сахти мардонае дорад роҳи овринг. Агар ду нафар дар овринг рӯ ба рӯ оянд, хусусан, агар ҳарду бо маркаб ё ҷонваре бошанд, як нафар бояд аз баҳри  маркабу молу бори худ бубарояд ва онро аз он баландӣ сарозер кунад, зеро дар ин оврингҳо танҳо як нафар мегунҷад ва ҷойи бозгашт нест ва қонуни мардонаи кӯҳистон аст:  шахсе, ки бораш камтар аст, бояд мардона гузашт кунад, аз  баҳри молу маркабаш барояд. Охир ин оврингҳо дар оғӯши шахҳо аз навдаву чӯбпораҳову қамишҳо ба тариқи бастан ба ҳамдигар  ва овезон дар ҳаво сохта шуда,  борҳо аз ҳам гусаста, раҳгузоронро ба коми фано бурдаанд . Имрӯз ин оврингҳо дар он сӯ ҳам кам мондаанд. Дар он ҷониб роҳҳо,хонаҳо ва одамон низ ҳоли зор доштанд. Аммо ба шарофати Ҳукумати Шӯравӣ ҷониби Тоҷикистон соҳиби  роҳҳои ҳамвору асфалтпӯши мошингард, хонаҳои барҳаво ва чароғон гашта буд.  Ҳоло ба шарофати Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон аз ин соҳили рӯд шоҳроҳи байналмиллалӣ мегузараду симои  нозанину замонавии Бадахшони Тоҷикистонро шинохта намешавад. Он вақт дар тасвири овринги Бадахшон чунин сатрҳо навишта будам:

Дар Бадахшон мард рӯйи овринг

Ҳамчуноне ашк дар мижгон,

Ҳамчуноне дард дар ҷон,

Ҳамчуноне ҷони ларзон аст…

Дар Бадахшон овринг

Мисраи дарди пур аз сӯзи ниёкон аст,

Бар сари ҳар овринге

Осмон аз дард гирён аст…

Воқеан дар Бадахшон овринг шабеҳи дасти ларзони ниёз аст, дасти ларзоне,ки мадад меҷӯяд, дасти як садсола пири бесадо. Дар Бадахшон овринг сарҳади маргу наҷот аст.

Дар Бадахшон овринг

Роҳи инсон аст, агарчи роҳи инсон нест,

Ин раҳи мурғони парвозист,

Ё раҳи бодест…

 

Зиндагӣ бошад агар шоир,

Аз ҳама шеъри бадарди ӯст ин,

Аз ҳама шеъри ҳазин,

Дар Бадахшон овринг…

 

Дар Бадахшон овринг

Ошиқона мисрае аз номи ғам бар номи шодист,

Ё ки баръакс..,

Дар Бадахшон овринг…

Ҳар касе онро надида,

Ӯ намедонад, ки дунё чист…

Ҳоло, вақте ин мақоларо  менависам, ки нав аз сафари Бадахшон , аз ҷашни навбатии Ваҳдати миллӣ дар ин сарзамин баргаштааму таасуротам  аз ин сафар чун аз тамоми сафарҳои пешини ман аз Бадахшон, аз истиқболи беҳад симимонаву меҳмоннавозонаи мардуми инсондусту хайрхоҳу бародарпарвари  ин диёр ҳанӯз  хеле гарм аст. Панҷ рӯзи зиндагӣ дар хонаводаи  Мастоншоҳ, ин додари азиз ва инсони ҷавонмард, ки бо модари ҳаштодсола, бо ҳамсари меҳрубону меҳмоннавоз, бо фарзандони дӯстрӯяки  худ, бо хеш ва ҳамсояи дар ба дараш Муслимшоҳу ҳамсари меҳмоннавози ӯ ҳама кӯшишро карданд,ки мо чаҳор нафар меҳмон чун дар хонаи худ, чун узви як оила бо оилаи онҳо зиндагӣ кунем. Ва банда, устод Меҳмон Бахтӣ, академик Носирҷон Салимзода ва дӯсти нисбатан ҷавони мо Баҳромҷон- устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, ки ронандаи мо дар роҳҳои пурпечутоби  ин сафар буд, воқеан ягон бегонагиро дар ин диёри маҳбуб эҳсос накардем. Раҳбалади мо, он нафаре,ки моро ба хонаи додари худ Мастоншоҳ, ба ҷамоати Поршневи Ноҳияи Шуғнон оварда ҷо кард, раиси ҷамоати Поршнев, низ инсоне, ки метавон гуфт ҷони инсон аст, акаи Шерғозӣ буд, ки бо ҳама серкориву гирифторӣ ҳамеша аз ҳоли мо огоҳ буд.

Воқеан ба меҳмоннавозиву истиқболи самимонаи мардуми Бадахшон наметавон тан надоду қоил нашуд . Ман дар бораи чаҳор нафари гурӯҳи худамон сухан кардам, ҳол он ки  дар ин рӯзҳо, рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ, тасаввур кунед, ки мардум дар Бадахшон  шашсад мошин ва беш аз се ҳазор нафар, танҳо меҳмонони аз берун, аз тамоми гӯшаҳои кишвар омадаро қабул карданд, ба ғайр аз  садҳо бадахшониёне,ки берун аз рӯйхат бо ташаббусу хоҳиши худ омада буданд. Лар байни онҳо меҳмонон аз хориҷа ва ҳайатҳои дипломатӣ ҳам буданд. Ва ҳамаи ин меҳмонон дар сатҳи баланд пазироӣ гардида, бо муҳаббату меҳрубонии мардуми Бадахшон фаро гирифта шуданд. Ва тамоми ин меҳмонон мисли мо қаноатманд буданду бо бардоштҳои нек, бо сипосу муҳаббат нисбат  ба мизбонон баргаштанд. Ин сафар, ин рӯзҳо нишон доданд, ки мардуми тоҷик, новобаста ба ҳама чиз, расму ойин, анъанаҳои миллии худро пос доштаву шарафи баланди меҳмоннавозии худро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд.

Дар баландиҳои ҳам воқеиву ҳам маънавии Бадахшон мо худро сарфароз эҳсос мекардем ва банда дар ин рӯзҳо чунин замзама доштам:

Мо дар замини лутфи Худоем,

Дар Боми дунё сар бар самоем,

Ҳамошёни Симурғ моем,

Тоҷи саодат бар сар бимонем,

Мо тоҷиконем! Мо тоҷиконем!

Мо дар фарози Боми Ҷаҳонем!

Банда бори дуюм аст, ки дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон ширкат доштам. Соли 2010 дар ҷашни сездаҳуми Ваҳдати миллӣ  дар Бадахшон низ бо иштироки намояндагони тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар чунин сатҳи олии меҳмоннавозиву пазироӣ гузашта буд, ки ҳамеша дар ёдҳо мемонад.

Сафари мо дар Бадахшон ин дафъа низ бо иштироки Пешвои миллат, Бунёдгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ва яке аз лаҳзаҳои ҳассосу хотирмон дар ин сафар мулоқоти Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки навбунёди Шуғнон бо мардуми Бадахшон буд.

Соли 2010  дар Рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон мо шоҳиди гузоштани нишони аввали бунёди ин шаҳрак дар як мавзеи бекорхобида будем. Имрӯз мо он мавзеъро нашинохтем. Менигаристему боварамон намеомад, ки дар ин муддати сипаришуда, дар ин гӯшаи холиву нообод  як шаҳраки замонавии хеле зебо бо биноҳои зиёди маъмурии дилрабову замонавӣ, хиёбонҳои сабзу хурраму мафтункунанда бунёд ёфтааст. Воқеан ин ғамхории беназири Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат нисбат ба Бадахшон аст, ки на танҳо дар ин шаҳрак, балки дар тамоми гӯшаҳои Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон зоҳир шудааст.

Дар қатори бунёдкориҳои зиёд дар Бадахшон, ки аз ғахории Ҳукумати Тоҷикистон ва муҳаббати беинтиҳои Пешвои миллат ба ин диёр гувоҳӣ медиҳанд, бунёди деҳаи навбунёди Раҳмонобод барои мардуми беманзилу бечизу чора мондаи Барсем, намунаи баланди зуҳуроти дастгирӣ аз халқи хеш, аз бечорагону афтодагони дар фоҷиамонда аст.  Ба тамоми мардуми ин деҳа,ки бо фалокате аз хонаву дару ҳама чизу чораву ашёи рӯзгор маҳрум шуда буданд, хонаҳои наву беҳтари замонавӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти рӯзгор сохтаву ҳадя карда шуд. Раҳмонобод номест, ки худи мардуми ин деҳа ба нишони сипосу эҳтироми баланд ва қадрдонии Пешвои миллат ба ин деҳа гузоштаанд. Ва суруди “Раҳмонобод”-ро, ки Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим бадоҳатану бамаврид дар ин рӯзҳо эҷод кард, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ, дар варзишгоҳи Хоруғ ҳама ҳозирин ва гумон мекунам, ҳама бадахшониён баробари сарояндагон ба по истода замзама карданд.

Касе, ки чанд сол дар Бадахшон набудааст, имрӯз агар ояду бубинад, ин сарзаминро намешиносад, хусусан шаҳри Хоруғро. Банда аз кӯчаҳои Хоруғ баъд аз 5- сол қадам мезадаму  гумон мекардам ба шаҳри дигаре омадаам, ки ин қадар симои зебои замонавӣ дорад ва бо завқи зебоишиносӣ сохта шудааст, ё балки худи табиати дарёву  кӯҳсори атрофи Хоруғ, осмони мусаффо ва мардуми нозанинаш  ба сохтмонҳои тозаву нави он ҳусн зам мекарданд ва ин шаҳрро зеботар менамуданд.

Хорог-10 Хорог-12 Хорог-13 Хорог-14

Дар мулоқоти Президент бо мардум дар шаҳраки навбунёди Шуғнон  ҳолатҳое буданд, ки ҳам  ҳозирин ва ҳам Пешвои миллат аз муҳаббату эҳсосот ашк дар чашм доштанд. Хусусан, вақте ки Сарвари кишвар аз нахустин сафарҳои худ дар он рӯзгори пурхатар, ки  ҷонро дар рӯи каф гирифта ба Бадахшон  меомад ва мухолифини силоҳбадаст ҳар лаҳза метавонистанд ба ҷони ӯ террор кунанд, ҳикоят мекард. Пешвои миллат бо муҳаббати баланд ва сипосгузории бепоён ба занону модарони Бадахшон сухан мекард, ки маҳз онҳо бо муҳаббати модаронаи худ ӯро ба ҳимояашон гирифтанд, аз хатарҳо дар амон доштанд. Пешвои миллат инро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва аз ҷониби худ барои Бадахшон ҳеҷ кӯмакеро дареғ намедорад. Ин аст, ки дар замони Истиқлолияти Тоҷиистон барои эҳёву ободонии Бадахшон  7  миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Танҳо дар ноҳияи Шуғнон ба маблағи 119 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шуда, 138 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, мактаб, дармонгоҳ,шифохона сохта шуданд. Дар замони Истиқлолият маблағгузории ноҳия 13 баробар зиёд шуд ва ободиву бунёдкориҳо дар Бадахшон идома доранд.

Дар силсилаи шеърҳое, ки таҳти унвони”Лонаи меҳр” он солҳо ба Бадахшон бахшидаам  як шери дигаре ҳаст, ки мехоҳам онро барои комилтар шудани тасаввуроти хонанда аз Бадахшон биёварам:

Он ҷой, ки одамӣ ба маҳ ҳамшин аст,

Ошиқ ба шабон ҳамнафаси парвин аст.

Ҷойе, ки зи санг шир мерӯёнанд,

Яъне, ки диёри Хусраву Ширин аст.

Он ҷо, ки ба аспи дӯстӣ биншинӣ,

Инсоф лаҷоми ону мардӣ зин аст.

Подоши накӯкор на мол асту на пул,

Шукри ҳама халқу ҳурмату таҳсин аст.

Подоши ҷавонмард  бар ӯ аҳсант аст,

Подоши хиёнат аҷали сангин аст.

Он ҷой, ки одамон ҳама якрӯянд,

Одамгарӣ дар раҳи Худо ойин аст.

Ҷойе, ки ба хонае равӣ меҳмонӣ,

Дил пойандозу ҷонашон болин аст.

Он ҷо ҳама раҳ фақат миёни дилҳост,

Оре, оре, ин ватани Ширин аст.

Албатта,дар ин ҷо вожаи ширин ба ду  маъност, ҳам дӯсти ман Ширин Бунёд дар назар дошта шудааст ва ҳам маънии аслии ин вожа: ширин.

Дар Бадахшон муҳаббат ба шоир, ба сухан, арҷгузорӣ ба адибону аҳли китоб хеле зиёд аст. Банда барои тақвияти суханам далелҳои бисёр дорам, ҳам аз сафарҳои гузашта ва ҳам аз ҳамин сафари охир ва яке аз онҳоро, ки дар ҳамин охирин сафарам ба вуқӯъ пайваст, ҳикоят мекунам. Ба мо дору даркор шуд ва ҳамроҳи шариконам устод Меҳмон Бахтӣ ва академик Носирҷон Салимиву Баҳромҷон ва соҳибхонаамон Мастоншоҳ ба яке аз дорухонаҳои шаҳри Хоруғ ворид шудем. Дорухона дар қариби даромадгоҳи беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ қарор дошт. Аз фурӯшадае, ки моро хело бо меҳрубонӣ қабул кард, доруи мизим гирифтам. Хостам пулашро диҳам, аммо фурӯшада бо қатъият намехост аз ман  пул бигирад. Сабабашро пурсидам, гуфт: -ман шуморо мешиносам, мухлиси шеърҳоятон ҳастам, ҳаргиз пул намегирам ва номамро ба забон овард.. Ман хеле мутаассир шудам, ки ӯ ин қадар эҳтиром ба шоир дорад  ва одоби баланди меҳмондорӣ зоҳир мекунад. Банда истодагарӣ мекардам, ки ӯ пули доруро гирад. Ба ман гуфтанд, ки ин бефоида аст, ӯ ҳаргиз аз ман пул нахоҳад гирифт, ҳам ба хотири меҳмон буданам, ҳам ба хотири эҳтиром ба шеъру шоир. Ин мисолро, албатта, на барои таърифи шахсияти худ, балки барои таърифи шахсияти он хонум овардам. Муттаасифона, номашро напурсидам, аммо чеҳраи беғубори ӯ, фазилати ӯ як умр дар ёди ман хоҳад монд.Чунин мисолҳо аз меҳмоннавозиву инсонигариву хайрхоҳии мардуми Бадахшон фаровонанд.

Дар бораи Бадахшон, таомулҳои неки он, одобу суннатҳои хубу марғуби ин мардум, табиати нотакрор, хусусан обҳои  шифобахшаш, ки чун дили тоҷикон зулол аст, метавон бисёр гуфт ва боз ҳам сухан нотамом хоҳад монд.

Бадахшон як саломе аз суннатҳои неку шарифи миллати мо, Бадахшон як паёме аз сарбаландиҳои кӯҳсор, зулолии чашмаҳо, таровати рӯду обшорони Ватан, Бадахшон дуруди пайваста аз рӯҳи поки гузаштагони фарзонаи мост, Бадахшон ойинаест, ки дар он зоҳиру ботини ин миллати равшанзамир ҷило медиҳад ва инсон ва башарият дар ин ойина покии худро дармеёбад. Ва имрӯз Бадахшон воқеан дарвозаи тиллоиест, ки ба рӯи мо ба шарофоти Истиқлолияти давлатиамон, ба шарофати Ваҳдати миллиамон боз гардидааст, то мо ба марҳилаи нави таърихии ин халқи некӯманиш ва ин миллати куҳанбунёд ворид шавем ва ормонҳои баланду неку башардӯстонаи миллатамонро пайгирӣ кунем.

Мехоҳам суханони худро бо як дубайтие,ки бадоҳатан дар ин сафар гуфтаам, хотима бидиҳам:

Эй замини дилписанди тоҷикон!

Эй Бадахшони баланди Тоҷикон!

Кишвари поки ниёконам туӣ,

Марзи ҷонам, марзи армонам туӣ!

Камол Насрулло,

Шоири халқии Тоҷикистон

19.07.2016

Хорог-22 Хорог-20 Хорог-21 Хорог-25 Хорог-23

Чашмандози мухтасари ҳаёти динӣ дар даврони Истиқлолият

$
0
0

Душанбе, 22.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатӣдар Тоҷикистон плат­фор­­маи иделогӣ, сиёсӣ ва сохтории муносибати давлат ба дин куллан тағйир ёфт. Барҳам хўрдани иқтисодиёти планӣ нуфузи идеологияи марксизм-ленинизм ва атеизми илмиро ҳам аз байн бурд. Дар ҷумҳури­ҳои пасошў­ра­вӣ буҳрони иқтисодӣ ва халои сиёсии бузург ба вуҷуд омад. Дар ҳамин вазъияти парокандагӣ ҳар киш­вар зарурат пеш омад, ки роҳи рушди ояндаи худро муайян кунад. Дар Тоҷикистон се нерў – сохтори мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ, зиёиёни миллатгаро ва рўҳониёни исломгаро ба саҳнаи муборизаи сиёсӣ ворид шуданд.

  1. Заминаҳо

Маълум аст, ки ҳар гуна гузариш бунёди инфрасохтори ба худ созгор, аз ҷумла дар бахши ҳаёти диниро тақозо менамояд. Дар оғози истиқло­лият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид вуҷуд дошт, ки онҳо дуруст фаъолият намекарданд. Мушкилиҳои сиёсӣ ва вазъи ноороми амниятӣ – ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ва вазъи ноороми Афғонистон барои мутобиқ шудан ба шароити нав имкон надоданд. Солҳои 1992-97 роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва динию мазҳабиро дар доираи қонунгузории давлати дунявӣ ба танзим даровард. Дар натиҷа «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

  1. Тадбирҳо

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳаёти динии ҷомеа як идда санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намуд ва ниҳодхои сохторӣ ташкил шуданд. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои уламои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам ва гимназияҳои таълими динӣ барои ҳамоҳанг намудани равандҳои ҳаёти динӣ ва таълиму тадқиқоти масоили диншиносӣ ва исломшиносӣ таъсис ёфтанд.

Ҷиҳати таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон таъсис ва бунёди иттиҳодияҳои динӣ, масҷидҳо, мадрасаҳо, тармими ҷойҳои мукаддас ба роҳ монда шуд ва он хамчун оғози гардиши нав дар ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардид.

  1. Вазъи кунунӣ: дастовардҳо, чолишҳо ва хатарҳо
    1. Дастовардҳ
    о

Табъу нашри адабиёти хусусияти илмӣ-динӣ ва мазхабӣ-маърифатӣ дошта масъалаи муҳим маҳсуб мешуд. Нахуст маводи аввалия дар шакли китобчаҳои хурд ба табъ расиданд, ки барои дуруст маънидод кардани заруриёти динӣ ва аркони асосии ислом лозим буданд. Сипас ҳукумати кишвар ба нашри осори исломӣ иқдом намуд. Нахуст сарчашмаҳои муҳими илмӣ-динӣ – “Таърихи Табарӣ”, “Кимиёи саодат”, “Эҳёи улуми дин”, “Маснавии Маънавӣ”, “Равзату-с-сафо” ва девони комили як идда шоирони классикӣ ба мардум пешниҳод гардид. Ин тадбирҳо барои пешгирии ифротгароӣ ва сиёсикунонии ислом нақши муҳим бозиданд. Пас аз ин чопи тарҷумаи Қуръону аҳодис ва осори илмии Имоми Аъзам Абўҳанифа дастраси оммаи васеи хонандагон гардид, ки барои оромии ҷомеа мусоидат карданд.

Акнун барои анҷом додани анъанаву маросим ва таҷлили иду ҷашн­ҳои динию миллӣ – Наврӯз, иди Фитр, иди Азҳо, Меҳргон, Сада шароити хуб фароҳам оварда шуд. Таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои тоҷикон дар соли 2009 воқеан исбот кард, ки тоҷикон миллати фарҳангсолор ва пуштибони арзишҳо ва муқаддасоти воқеии дини мубини ислом ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ба зиёдаравӣ ва ифротгароии динӣ роҳ намедиҳанд. Бозгашти ҷашни Наврўз ба ҳаёти мардум мувозинати некўи арзишҳои миллӣ ва диниро дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таъмин намуд.

  • Чолишҳо

Сиёсати «бозсозӣ» баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ҳам хотима наёфт. Акнун кишварҳои абарқудрат ғояҳои идеоло­гии ҳамин сиёсатро бо тарҳу мазмуни нав дар давлатҳои Ховари Миёна истифода бурда истодаанд. Мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ мубаддал гардид ва ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани Ховари Миёна ҳосил гардид. Дар шароити зиндагии буҳронӣ ҳар ҷо одами норизо ва ноком бошад, шефтаву фирефтаи ваъдаҳои ДИИШ мешавад. Идеяи «муртазиқа» (сарбози муздур)-и дар оғози ислом пайдошуда эҳё шуд, ки экзотикаи он шаҳрвандони тамоми оламро ба худ ҷалб карда истодааст. Шаҳрвандон ва ҷавонони Тоҷикистон низ дар низоъхои сиёсӣ-динии кишварҳои арабӣ ширкат доранд.

  • Хатарҳои берунӣ

Ҳоло таъсири хатарҳои берунӣ низ ба вазъияти ҷумҳурии мо бузург аст. Имконпазир будани табодули афкор, таълимот, интиколи маблағ ва шакл­­ҳои гуногуни дастгирии ҳаракатхои ифротӣ татбиқи ин хатарҳоро осон мегардонад. Баҳогузории нодуруст ва муғризонаи расонаҳои итти­лоо­тӣ дар бораи буҳронӣ будани вазъи динӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сабаби ноором шудани вазъият шуда метавонад. Вазъи сиё­сӣ дар Афғонистон омили нооромӣ дар кишварҳои минтақа ва Тоҷи­кис­тон боқӣ мемонад. Фирефта ва ба са­фи соз­мон­­ҳои ифротӣ пайвастани муҳоҷирони корӣ низ хатарҳои ҷиддӣ эҷод карда истодааст.

  • Хатарҳои дохилӣ

Дар баробари ин проблемаҳо ва хатарҳои дохилӣ низ мавҷуданд. То ҳанўз савод­но­кӣ ва маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгў нест. Андешаҳои бегона аз ҷониби толибилмони донишгоҳ ва мадориси динии хориҷӣ ба хотири тасарруфи фазои динӣ ва коҳиш додани арзишҳои мероси динӣ-мазҳабии ниёгон роҳандозӣ меша­вад. Идома ёфтани гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи фирқа, созмон, аҳзоб ва ҷунбишҳои бегонаи ифротӣ ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид месозад.

  1. Хотима

Мавқеи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дини ислом комилан некбинона аст. Ислом ба терроризм ягон робита надо­рад. Бинобар ин дар кишвари мо мубориза бо терроризм маънои мубо­ри­за бо дини исломро надорад. Терроризм дин, миллат, мазҳаб ва ватан на­до­рад. Фарҳанги миллии тоҷикон ба арзишҳо ва муқаддасоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гу­зо­ш­тан хатои бузург аст. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста барои ҳифзи ҳу­вия­ти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳрвандон саъю талош менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб ба таҷрибаи сулҳ ва кон­сеп­си­яи ваҳдати миллӣ такя мекунад. Мо эҳсос менамоем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар роҳандозӣ намудани сиёсати худ ҳанўз аз тактикаи дастгирии молия­вию низомии ҷангҳои динию мазҳабӣ ҳам­чун омили асосии нигаҳдо­рии ихтилофот дар Ховари Миёна даст на­ка­ши­да­анд. Идома ёфтани ин раванд ба вазъи муносибати давлат ба дин дар ҷомеаҳои арабию мусулмонӣ таъсир расонида, ҳар лаҳза метавонад ҳам­зис­тии онҳоро халалдор созад. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи манфи­ат­ҳои давлат­до­­рии миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода барем.

Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон пас аз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

$
0
0

(Ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст)

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд гиромӣ дорем, эҳтиром намоем, онро ба мисли гавҳракаи чашм эҳтиёт намуда, аз насл ба насл интиқол бидиҳем. Ин Истиқлолият нав 25 сола шуд. Маҳз ҳамин Истиқлолият буд, ки тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба якдигар бештар пайванд шуданд. Барои пойдории забон ва фарҳанг тоҷкии форсии дарӣ даст ба даст дода, фаъолият менамоянд. Хушбахтӣ аст, ки пас аз Истиқлоли Тоҷикистон ҳазорон ҳазор ҳамзабонони мо Тоҷикистони азизро хонаи муҳаббати худ мешуморанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар садаҳои пешин, то даҳсолаҳои аввали асри ХХ, байни тоҷикон ва форсизабонони кишварҳои гуногуни олам рафтуомадҳо озод буд. Чунки дар он замон дар сарҳади кишварҳо барои равуои мардум мамонияти чандоне вуҷуд надошт. Вале то ҳадде дар чанд сад соли ахир рафтуомадҳо суст буд. Забон ва фарҳанги муштараки мо кам-кам аз ҳамдигар ҷудо мешуд.

Бахусус дар солҳои мавҷудияти давлати абарқудурати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ (СССР, 1922-1991) бо сабабҳои сиёсӣ рафту омади тоҷикон ба кишварҳои форсизабон (Эрон ва Афғонистон) хеле суст шуд. Бахше аз мардум дар солҳои 20 ва 30-и садаи бист аз Ватани аслии хеш фирор карда, дигар ба зодгоҳи худ барнагаштанд. Дар натиҷа чанде аз тоҷикони Осиёи Миёна дар кишварҳои гуногуни олам паҳн шуда, ҳамеша бо ёди диёр дар ғурбат умр ба сар мебурданд.

Ҳамчунин дар замони Шўравӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтан, таҳсил дар мамолики гуногуни олам, иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ низ хеле кам буд. Агар буд, фақат бо иҷозати ҳукумати вақт буд. Ба ҳар ҳол пас аз солҳои панҷоҳи садаи бист, агарчи хеле кам бошад ҳам, бо иҷозати давлат баъзе адибон, олимон ва ҳатто муҳоҷирон низ ба кишварҳои хориҷ мерафтанд ва аз он тараф низ меомаданд.

Дар соли 1991 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро сартосар бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фаро гирифт. Моҳ ба моҳ зиндагии моддӣ ва маънавии мардум бад шуд. Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон ду неруи мухолиф ба зидди якдигар қарор гирифтанд, вазъияти ҷумҳурӣ боз ҳам бадтар гашт. Ҳазорон-ҳазор тоҷик, аз атроф ба шаҳр, аз деҳа ба деҳа, аз ноҳия ба ноҳия, дар кишварҳои ҳамсоя ва дур гуреза гаштанд, ватанро тарк карданд. Дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ марзҳо таҳти назорати худашон қарор гирифт. Сол ба сол кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ марзҳои худро идора мекардагӣ шуданд ва фақат аз тариқи иҷозати расмӣ (бо виза) аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан расмӣ шудан гирифт. Миллионҳо хешу табор, ҳамзабон, ҳамсояи наздик бо мушкилот ба дидори якдигар мерафтанд.

Дар чунин як марҳалаи сарнавиштсоз идора кардани кишвари Тоҷикистон заиф шуд. Вазифахоҳон зиёд шуданд. Ҳукумати муваққатӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти ҳукумати муваққатӣ низ натиҷаи дилхоҳ надод.

Дар натиҷа аз ҷониби неруҳои солими сиёсӣ тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 4 декабри соли 1991) баргузор шавад. Маҳз ҳамин иҷлосия барои Тоҷикистон ва тоҷикон нақше бозид, ки арзиши он дар саҳифаи таърих беназир аст. Агар ин иҷлосия баргузор намешуд, оқибат чӣ мешуд, ба гуфти мардум «Худо медонад». Нақшаҳои сиёсии хориҷиён барои аз байн бурдани миллат ва давлати тоҷикон зиёд буд, хушбахтона ҳамааш барбод рафт.

Иҷлосияи ХVI   Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва он дар бораи интихоби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қарор кард: Мувофиқи моддаи 109 Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад».

Ин фарзанди фарзонаи миллат дар ҳамаи гуфторҳои хеш дар ҳамон сол ва баъдҳо низ бо сўзу гудоз, бо суханони ҷонкоҳи ростин такрор ба такрор ёдовар мешуд, ки ба миллат ва кишвар барои ҷонашро нисор кардан омода аст. Fз ҳамаи сиёсатмадорон хоҳиш мекард, ки даст ба дасти якдигар дода, содиқона кишварро аз вартаи фалокат раҳо намоем. Масалан, дар охири ҳамон соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарду алам гуфта буданд: «Ватани азизамон ба майдони куштор, хонаи ободамон ба вайрона, тўйхонаамон ба мотамсаро табдил ёфт. Тоҷик дар мулки худ гуреза шуд, тоҷик аз тоҷик тарс пайдо кард. Зеро дар Тоҷикистон ҳуқуқпоймолкунии беҳаду ҳудуд ба амал омад, оддитарин ҳуқуқи инсонӣ – ҳуқуқи зиндагӣ поймол гардид…

Бовар дорам, ки сокинони Тоҷикистон ақлу хирадро пеша мекунанд, ба ҷанги бародаркушӣ хотима мебахшанд, аз як гиребон сар мебароранд ва Ватани маҳубубамонро дар наздиктарин муддат аз буҳрони сёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебароранд, оромиву шукуфоии онро таъмин менамоянд. Орзуву умеди тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамин аст ва Ҳукумат ҳама тадбирҳоро меандешад, то ин орзуву умед ҷомаи амал пўшад» (декабри соли 1992).

Ин суханонро эшон аз дилу ҷон мегуфтанд.

Дар ин суханҳо нияти поки Сарвари кишвар ҳис карда шавад ҳам, мардум намедонистанд, ки оқибати ин кор низ чӣ мешавад. Тахмин мекарданд, мегуфтанд ва аз тариқи расонаҳои хабарӣ менавиштанд, ки ин интихоб ҳам дуру дароз нест. Фақат шахсони дурандеш, миллатдўст, ватанпарвар аз ҳамон рўзи интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки дар сари қудрат касе омад, ки садоқат ба миллат ва Ватан дорад. Дар суханони ў дар ҳамон рўз ишқ ба миллат, Ватан, сулҳ, адолат, бародарӣ, пешрафти иқтисод, сиёсати одилона бо ҳамаи кишварҳои олам ва аз ҳама муҳим баргардондани тоҷикони гуреза, ҷустори тоҷикони дар замони Шўравӣ аз Ватан ҳиҷрат карда ва пайванд шудан бо ҳамзабонони дар кишварҳои гуногуни олам мавҷуд буда, садо медод. Аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канори садҳо масъалаҳои муҳими зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон низ назари нек доштанд, ки дар соли 1993 чунин гуфта буданд:

Чунон ки маълум аст, Анҷумани якуми тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бисёр шадид, дар шароите, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт, барпо гардида буд. Имрўз Ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ ва Анҷумани дуввуми тоҷкони саросари ҷаҳон дар шароити нави таърихӣ – дар шароити хотима ёфтани ҷанг доир мегардад. Чунин шароит дар натиҷаи амри воқеӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон ба даст омад” (1993, 8 сентябр).

Бале, натиҷаи ҳамин иҷлосия буд, ки рўз ба рўз, ҳафта ба ҳафта, сол ба сол бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ созандагӣ шурўъ гардид. Ҳанўз дар ҳамон соли 1993 ҳангоми ҷаши Истиқлоли кишвар бо таваҷҷуҳ ба пайванди бештари тоҷикон, ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо, он кас гуфта буданд:

Хушнудӣ болои хушнудист, ки ҷашни Рўзи истиқлоли ҷумҳурӣ ин дафъа ҳам бо Анҷумани умумиҷаҳонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар як вақт баргузор мегардад. Воқеан ҳам созмон ёфтани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон бо таъмини истиқлолияти кишвари тоҷикон сахт алоқаманд мебошад. Метавон гуфт, ки таъсиси Анҷуман яке аз муҳимтарин самараҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бинобар ин, беҳуда нест, ки он маҳз дар нахустин ҷашни Рўзи истиқлоли сарзамини бостонии тоҷикон тавлид ёфтааст” (1993, 8 сентябр).

Дар он солҳо вазъ мураккаб буд. Ба ҳамон вазъи мураккаб нигоҳ накарда бо пешниҳоди Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар 12 сентябри соли 1993 ҳамоиши дуюми “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон” ба кори худ идома дод, ки дар он номи созмон аз «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» табдил дода шуд, ҳамчунин номи рамзии худ “Пайванд”-ро низ нигоҳ дошт ва Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари кишвар, Раиси “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд” интихоб шуд. Дар ҳамон сол, дар суханронии худ,  дар ҷаласаи Анҷумани Пайванд, муҳтарам Президент чунин гуфта буданд:

«Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ҳамчун созмони байналмилалӣ, ки ҳадафи асосии он барқарор намудани муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои фарҳангии тамоми мардумони тоҷикзабон аст, дар зарфи як соли мавҷудияти худ ба нирўи эҳсосшавандаи ҳаёти маънавии ҷомеа мубаддал гардид. Агар ҷумҳурии мо дар боби мустаҳкам намудани дўстиву ҳамкорӣ бо халқҳои бародар, ривоҷ додани алоқаҳои маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкили маъракаҳои фарҳангии байналмилалӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардида бошад, дар он бештар саҳми Анҷуман мавҷуд аст. Имрўз, ки ваҳдати мардуми тоҷик ва иттифоқи тамоми қавму миллатҳои сокини ҷумҳурӣ аҳамияти калон пайдо кардааст ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳо чун обу ҳаво зарур аст, нақши Анҷуман боз ҳам равшантар хоҳад шуд.

Агар меҳмонони Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзии мо дар ин амр саҳм бигиранд, барои Тоҷикистон, ки Ватани ҳамаи мову шумост, хидмати бузурги таърихиеро анҷом хоҳанд дод” (1993, 8 сентябр).

Ҳамин тавр баъди  интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд”, фаъолияти ин Анҷуман боз ҳам густурдатар гардид. Аз соли 1993 то соли 1996 тамоми аъзои дохилӣ ва хориҷии Анҷуман бо Сарварии Президент барои ваҳдат, пайванд ва барқарории сулҳу амният дар кишвар талош намуданд.

Кормандони расмии Анҷумани “Пайванд” тавонистанд, дар солҳои навади садаи бист, қариб 30 гурўҳи ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони илму фарҳанги тоҷикон ва форсизабононро аз 17 кишвари гуногуни ҷаҳон бипазиранд. Онҳоро бо дастовардҳои илмию фарҳангии кишварамон ошно созанд, ки дар байни меҳмонони Анҷумани Пайванд чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, соҳибкорон ва дўстдорони фарҳанги тоҷикон буданд. Ҳар кадоме бо нияти нек мехостанд ба ободии ояндаи Тоҷикистон ва пайванди бештар бо ҳамзабонон ҳисса бигзоранд.

Дар ҳалқаи меҳмонони ҳарсолаи Анҷумани Пайванд ҳамчунин шахсоне низ буданд, ки бо амри сарнавишт дар нимаи аввали асри бист, ё ҳатто аз он пештар падарону бобоҳои онҳо ба кишварҳои дигар рафта буданд ва дигар ба ватани аслии худ барнагаштанд. Бархе аз ин азизон хешу табори худро меҷустанд ва бо онҳо иртибот барқарор мекарданд ва бархи дигар бо мақсади ошноӣ бо суннатҳои фарҳангии ниёгони худ ба дидани Тоҷикистон ва мардуми шарифи он меомаданд. Дар ин рафту омадҳо онҳо аз меҳмонавозӣ, самимият, хушбархўрдии мардуми озодаи тоҷик лаззат мебурданд. Бо дидани табиати дилрабои Тоҷикистон, фарҳанги суннатии тоҷикон, яъне расму оин, маъракаҳо, маросимҳо, ҷашнҳо ва ба хусус аз иҷрои суруду тарона, рақсу бозӣ, шефтаи ин мардум мешуданд.

Дар давоми солҳои навади асри бист қариб сад нафар ҳамзабонон ва ҳамватанони хориҷии мо дар Тоҷикистон хешовандон ва наздикони худро пайдо карданд, ки дар ин кор Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзанда дорад. Ҳангоми ибрози назар намудан ба ҳар кору фаъолияти Сарвари кишвар ба пеши назар маҳз иҷлосияи ХVI ҷилвагар мешавад.

Дар тўли ин солҳо Анҷумани «Пайванд” бо марказҳои мадании тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба монанди Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Қирғизистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Фаронса, Инглистон, Олмон, Шведсия, Канада, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон, баъзе аз кишварҳои арабӣ  робита пайдо кард, ки ҳамаи ин аз баракати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Чорумин ҳамоиши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд” дар сентябри соли 1999, дар рўзҳои ҷашни Истиқлоли кишвар ва 1100-солагии давлати Сомониён баргузор гардид, ки дар он бо меҳру самимият Президенти кишвар гуфта буданд:

Бисёр хушнудам, ки шуморо дар ин рўзи барои тамоми тоҷикони ҷаҳон фараҳбахш шодбош мегўям!

Дар ин толор дар баробари симоҳои шиносу дўстони деринаи Тоҷикистон чеҳраҳои нав ҳузур доранд, ки ин гувоҳи афзудани сафи дўстону хайрхоҳони Тоҷикистон аст.

Мо дар симои ҳар яки шумо бародарону хоҳарони худ – намояндагони тоҷикони ҷаҳонро мебинем, ки ба тақдири мамлакат ва ояндаи мардуми мо бетараф нестанд.

Аз ин рў, ҳамаи шуморо ба ифтихори Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон самимона табрик мегўям ва умедворам, ки ин Анҷуман барои таҳкими робитаҳои дўстонаи тоҷикони ҷаҳон, тақвияти худшиносии миллӣ ва пойдории таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нақши муҳим мебозад”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Дар он рўзҳои ҷашнӣ дар идомаи суханонаш Президенти кишвар бо муҳаббат аз решаҳои таърихии мо, ки бо давлати Сомониён вобаста аст ва эҳёи тоҷик ба он рўзгорон пайвастагӣ дорад, ёдовар шуда буданд:

“…Ҳар як халқу миллат дар тўли мавҷудияти худ дер ё зуд даврони шукуфоӣ ё тиллоии таърихашро аз сар мегузаронад. Ҳазору сад сол пеш аз ин дар аҳди Сомониён миллати тоҷик чунин як давраи дурахшони эҳёи хешро аз сар гузаронида буд…

…Эҳёи тоҷик, ки дар замони Сомониён ва гаҳвораи фарҳанги мо – Бухорову Самарқанд сурат гирифта буд, чунон муассир ва оламгир буд, ки ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошт”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Ин суханонро ҳамзабонони мо дар кишварҳои гуногуни олам мешуниданд ва ё онро яке ба дигаре бо шеваи гуфтори худ мегуфтанд, ки дар натиҷа шунавандаи он майл ба ҷониби Тоҷикистон мекард. Бале, ҳар тоҷику форсизабоне, ки дар кишвари хориҷӣ зиндагӣ мекарду аз ин гуфтаҳо огоҳ мешуд, бечуну чаро хоҳиши дидани Тоҷикистон менамуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ва миллатдўст бо ишорат ба иштирокчиёни ҳамзабони ҷашн, яъне тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ, ки аз кишварҳои гуногуни олам ташриф оварда буданд, дар ҳамон соли 1999, чунин нуқтаеро иброз намуданд, ки онҳоро ба ваҷд оварда буд:

Вале як чиз мусаллам аст, ки теъдоди зиёдтари тоҷикон берун аз марзҳои Тоҷикистони имрўза зиндагӣ ба сар мебаранд ва мо барои ба қадри имкон қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти фарҳангии онҳо масъулияти маънавӣ дорем.

Шумо имрўзи Тоҷикистонро ба чашми худ дидед. Бисёр мехостем, ки дар кишварҳои худ барои фаҳмондани воқеияти зиндагии мо саҳм бигиред, бо кўмаку дастгирии моддиву маънавии худ дар рушду нумўи Тоҷикистон ширкат намоед”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Дар ҳамоиши чорум, дар фарҷоми суханони худ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси “Анҷумани тоҷикон ва форисзабонони ҷаҳон – Пайванд” бо ишорат ба меҳмонон чунин гуфта буд, ки дар чашми баъзе аз меҳмонон ашк ҳалқа мезад ва аз ин гуфтаҳо ишқи бештар ба тоҷику Тоҷикистон мебастанд:

Чун ҳаммиллату ҳамзабони шумо бисёр мехоҳам ба Тоҷикистон рафту омади доимӣ, ҳамкориҳои судбахш дошта бошед, самимияту эҳсоси бародаронаи тоҷикистониёнро ба хешу табору дўстон, ба фарзандону наберагонатон расонед, то онҳо низ бидонанд, ки дар идомаи давлати таърихии Сомониён имрўз бо номи Тоҷикистон кишвари сулҳҷўву фарҳангпарваре ҳаст, ки оғуши гармаш барои хайрхоҳон, дўстону пайвандон ҳамеша боз аст!”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Пас Истиқлолоят ва бахусус пас аз иҷлосияи ХVI намояндагони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон роҳи васеъ боз шуд. Ҳар сол теъдоди ошиқони Тоҷикистон зиёд гардид. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ҳар касе, ки ба ин кишвар сафар менамуд пас аз бозгашт ба мамлакати хеш аз тоҷику Тоҷикистон ба хешовандону дўстонаш пайғоми нек мебурд. Ин пайғоми нек боиси он мешуд, ки аз кишварҳои гуногуни олам ҳамзабонон, дўстдорон, пажўҳандагон, сайёҳон озими диёри мо бишаванд.

Соли 2006 дар ҳамоиши шашуми “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд”, Раиси ин Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафтҳои кишвар ишорат намуда гуфта буданд:

“Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз нахустин рўзҳои таъсисёбии хеш мақсад дошт, ки робитаҳои фарҳангӣ, илмиву адабӣ, иқтисодиву тиҷоратиро бо ҳамватанону ҳамзабонони дуру наздик ба роҳ гузошта, қабл аз ҳама ба таблиғи афкори инсондўстӣ, интишори арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи ёдгориҳои маданию таърихии тоҷикон ва мероси адабиву фарҳангии форсизабонон кўшиш кунад.  Дар давоми панҷ Анҷумани гузашта аксари Шумо, меҳмонони гиромӣ, ба кишвари мо ташриф оварда, мушоҳида намудед, ки Тоҷикистони тозаистиқлол сол то сол дар тамоми риштаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. (соли 2006, 8 сентябр).

Соли 2006 аз ҷониби Сарвари кишвар “Соли тамаддуни ориёӣ”, эълом шуд. Дар баъзе аз кишварҳои олам, баъзеҳо бо ҳайрат нигаристанд. Гумонҳо, шубҳаҳо, андешаҳои гуногун зиёд шуд. Вале пас аз он ки ба таҷлили ҷашн омаданд ва гуфтаҳои Президенти кишварро шуниданд, ин амалро хуш пазируфтанд, ки эшон чунин гуфта буданд:

“Агар меъёрҳои умумӣ ва низоми муштараки ахлоқӣ барои тамоми мардуми сайёра мавҷуд мебуд, пас арзишҳои муштараки умуминсонӣ устувор мемонданд, кўшишҳои бартариҷўии як идеология бар идеологияи дигар, як дин бар дини дигар ва як ҷаҳонбинӣ бар ҷаҳонбинии дигар аз миён мерафтанд.

Мо дар ин раванд ҷашни Соли тамаддуни ориёиро беҳуда пеш нагирифтем. Ҳадафи бузургдошти ин чорабинии фарҳангӣ аз намоиши бартарии мардуми мо бар дигар миллату халқиятҳо нест. Мақсад пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарин мебошад.

Мо мехоҳем ба ҷаҳониён ахлоқи ҳамидаи ориёиро, ки бар пояи се арзиши волотарини инсонӣ «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» устувор аст, талқин кунем, дар густурдани роҳҳои нави ризоият, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо мусоидат намоем». (Соли 2006, 8 сентябр).

Сол то сол Тоҷикистон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ пешрафт дорад. Инро дар тамоми минтақаҳо метавон дид. Агар бодиққат ба зоҳири пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе назар андозем, мушоҳида менамоем, ки дар таи чанд соли ахир он қадар зебо шудаст. Ҳамчун мисол метавон ба чанде аз он ишорат намуд: Қасри миллат, Боғи Рўдакӣ, Наврўзгоҳ, Боғи Пойтахт, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, мактабу литсейҳои зиёд, бинои 23 табақа ва ғайра.

Инак, дар даҳ соли аввали садаи ХХ1 ҳазорон-ҳазор тоҷикон ба кишварҳои гуногуни олам бо барономаҳои илмӣ, таълимӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ сафар карданд ва баръакс ҳазорон ҳамзабонон аз хориҷ ба кишвари мо омада, бо ҳаёти моддӣ ва маънавии Тоҷикистон ошно шуданд.

Ҳоло дар марказҳои эроншиносии кишварҳои гуногуни олам, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Италия, Юнон, Шведсия, Норвегия, Амрико, Канада, Ҷопон, Ҳиндустон ба омўзиш ва пажўҳиши фарҳанги тоҷикон ва Тоҷикистон диққат медиҳанд. Пажўҳандагони зиёд ба кишвари мо омада расму оин, фолклор, лаҳҷа, ҳунарҳои мардумӣ ва монанди инро мавриди омўзиш ва пажўҳиш қарор дода, асарҳои илмӣ менависанд.

Дар айни замон фарҳангиёни тоҷик низ бо дастовардҳои пешрафтаи кишварҳои гуногуни олам ошно гардида, онро барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон истифода менамоянд.

Барои омўзиш ва пажўҳиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар ДМТ низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Масалан, дар факултети филологияи ДМТ дар раванди дарсҳо аз забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги мардуми ҳамзабон ёдоварӣ мешавад. Ҳатто аз ҷониби кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ адабиёти муосири Афғонистон ва Эрон аз ҷониби устодон тадрис мегардад.

Дар факултети таърихи ДМТ «Маркази илмӣ-таҳқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон” амал менамояд, ки бо таҳқиқ ва таҳлили фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳамзабонон машғул аст. Дар факултети журналистика низ ба воситаҳои ахбори ҳамзабонони бурунмарзии мо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ДМТ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои дигари кившар ҳоло садҳо донишҷў, унвонҷў, аспирантҳои ҳамзабон таҳсил намуда, қариб ҳар моҳ аз бахшҳои гуногуни илм аз рисолаҳои илмии худ дифоъ менамоянд.

Ҳамаи ин аз самари пурбаракати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар ин гуфтори мухтасари дар ин ҷо ба чанд нуқтае ишорат менамоям, ки ба пайванди тоҷикон ва форсизабонон иртибот дорад:

  1. Аз ҳама муҳим Пешвои миллат аз ҳамон рўзи нахустини интихоб шуданашон ба мақоми забони тоҷикӣ диққати махсус доданд, ки дар тўли 25 сол дар арсаи байналмилалӣ хеле боло рафт. Яке аз омилҳои муҳими пайванд ба кишвари мо маҳз ҳамин таваҷҷуҳ ба забон буд, ки ҳазорон форсизабонони сокини кишварҳои гуногуни олам ва марказҳои илмии эроншиносӣ бо Тоҷикистон иртиботи наздик пайдо намуданд.
  2. Иртибот бо тоҷиконе, ки дар кишварҳои гуногуни олам зиндагӣ мекунанд зиёд шуд. Дар гузашта ин иртибот хеле каму ночиз буд. Ҳоло дар кишварҳои гуногуни олам ҳазорон тоҷик таҳсил менамоянд, ки онҳо низ Тоҷикистонро бо кишварҳои гуногуни олам пайванд менамоянд.
  3. Бисёре аз ҳамзабонони мо, ки бо сабабҳои сиёсӣ, ҷанг ва муҳоҷират аз кишвари аслии худ Эрон ва Афғонистон фирор намуданд, ҳамеша дар ишқи забону ватани аслии худ буданд. Ин ашхос дар симои забони тоҷикӣ ва кишвари Тоҷикистон забон ва кишвари худро пайдо намуданд. Ҳоло ҳазорон ҳамзабонони мо, ки аз Афғонистон ва Эрон ба кишварҳои қитъаҳои олам Аврупо, Амрико, Австралиё, Осиё, Африқо ҳиҷрат намудаанд ва дар он ҷо умр ба сар мебаранд, ба Тоҷикистон омада, аз забон ва фарҳанги миллии тоҷикони ҳамзабони хеш лаззати маънавӣ мебаранд.
  4. Дар замони Шўравӣ рафтуомадҳои фарҳангӣ дар байни кишварҳои ҳамзабон, бахусус Эрон ва Афғонистон хеле кам буд. Дар таи ин ду даҳсола ин қадар зиёд шудааст, ки дар бораи он метавон китобе навишт. Ҳамчунин ҳазорон ҳамзабонони мо аз кишвари Афғонистон ба кишвари мо муҳоҷир шуда, дар канори ҳамтаборони худ зиндагӣ менамоянд. Ҳазорон эронӣ ба кишвари мо барои корҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ омада, аз забон ва фарҳанги ҳамгуни худашон лаззат мебаранд.
  5. Дар таи ин солҳо иртиботи пажўҳандагони тоҷик бо марказҳои омўзишӣ ва пажўҳишии эроншиносии дунё зиёд шуд. Хусусан дар марказҳои эроншиносии дунё ба ин забон ҳамчун муродифи забони форсии дарӣ диққат медодагӣ шуданд. Забон ва кишвари тоҷикон таваҷҷуҳи пажўҳандагони улуми инсонии кишварҳои хориҷиро ба худ кашид. Ба ин кишвар дар тўли ду даҳсолаи охир ҳазор олимон, донишҷўён, сайёҳон ташриф оварданд, ки яке аз самараҳои беназири Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
  6. Дар ин муддат ҳазорон тоҷики касбу корашон гуногун ба кишварҳои хориҷӣ рафта, миллат ва кишвари моро муаррифӣ намуданд.
  7. Ҳоло садҳо хориҷиён дар дохил ва берун аз кишвар ба омўзиши забон ва фарҳанги тоҷикон машғул ҳастанд.
  8. Қариб ҳар сол сарояндагони кишварҳои ҳамзабон ва ё овозхонони сокини кишварҳои хориҷӣ ба кишвари мо меоянд. Садҳо ҳунармандони тоҷик ҳар сол ба кишварҳои хориҷӣ рафта, ҳунари суннатии дилписанди тоҷикиро ба ҷаҳониён ошно менамоянд.

Ҳар қадар оқилона ва одилона ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, ҳамон қадар ба пеши назар шаъну шукӯҳи миллат ва кишвар пеши назар дурахшонтар ҷилавагар мешавад.

Акнун фурсати бештари он расидааст, ки даст ба дасти ҳам дода, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии бештари миллат ва кишвар талош варзем, бо корҳои неки худ Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтар ва миллати тоҷикро машҳуртар гардонем.

 

Равшан Раҳмонӣ,
профессори ДМТ,
сардабири маҷаллаи «Пайванд»


Чаро дар бораи худкушӣ набояд навишт?

$
0
0

Душанбе, 28.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ бо журналистони расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ оид ба фаъолияти хизматии кормандони ВКД иттилоъ дода, зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 300 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумотномаи ВКД, ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар муқоиса ба шаш моҳи аввали соли гузашта нисбатан камтар сурат гирифтаанд (дар нимсолаи аввали соли 2015 ин ҳолат 361 маротиба ба қайд гирифта шудааст).

Бояд иқрор шуд, ки ҳодисаи худкушӣ ва ё қасди ҷони худ кардан солҳои пеш аҳён-аҳён ба чашм мерасид. Зиёда аз ин, худкушӣ барои ҷомеаи суннатии тоҷикӣ бегона буд ва амали нанговар дониста мешуд. Даҳсолаҳои пеш ягон-ягон занону духтарон аз оҷизӣ ё сустии ирода, аз сари ҷаҳлу сабуксарӣ ва ё ҳимояи номус худро ба об мепартофтанд, оташ мезаданд. Аммо танҳо дар шаш моҳи соли равон шумораи занони даст ба худкушӣ зада 168 нафарро ташкил доданд.

Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки вақтҳои охир кӯдакону наврасон низ бе дарки амали худ ва оқибатҳои он даст ба худкушӣ задаанд ва ё қасди ҷони худ кардаанд. Чунончи, дар нимсоли аввали соли равон 55 нафар ноболиғон ба ин кор даст задаанд.

Мутаассифона, солҳои охир мардон низ бо баҳонаи оҷизӣ ва нотавонӣ худро ба дор мекашанд. Аз ҷумла дар шаш моҳи соли 2016 159 нафар мардон ба худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ кардаанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе расонаҳои иттилоотӣ ҳодисаҳои худкуширо на ба оҳанги мазаммату маҳкум кардани ин амали зишт, балки як навъ таҳрикдиҳанда инъикос намуда, ба ин тартиб беихтиёр ва ё дидаву дониста рӯҳияи дилшикастагӣ ва зиндагибезориро дар афкори ҷомеа тарғиб мекунанд. Ин расонаҳо ва журналистон мекӯшанд, ки омилҳои воқеӣ, аз ҷумла бемории рӯҳӣ, бесавод будан, дур аз таълиму тарбия мондан, надонистани арзишҳои инсонӣ ва бехабар будан аз қимати умри одамӣ, ки шахсони беиродаву оҷизро ба худкушӣ такон додааст, нодида гирифта шаванд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ҳам дар ислом ва ҳам дар динҳои дигар худкушӣ гуноҳи сангинтарин дониста шудааст. То ҷое ки мусулмонҳо, исавиҳо ва намояндагони адёни дигар ҷанозаи одамони худкушикардаро аксаран намехонанд ва ҷасади чунин одамонро дар канори қабристонҳои умумӣ ба хок месупоранд. Дар Қуръон ва Инҷил оварда шудааст, ки макони ҷовидонии одамоне, ки худкушӣ кардаанд, дузах хоҳад буд. Дар бисёр кишварҳо дар ин бора ҳатто сӯҳбат карданро ҷоиз намедонанд.

Бо назардошти ҳамин зимни нишасти матбуотӣ дар ВКД ҶТ аз ҷониби хабарнигор ба вазири корҳои дохилии мамлакат Р.Раҳимзода дархост пешниҳод гардид, ки минбаъд хабарҳо дар хусуси ҳодисаҳои худкушӣ, хусусан аз тарафи духтарону ноболиғон расонаӣ карда нашаванд (албатта ҳолатҳои истисноӣ низ дар ин мавридҳо вуҷуд дошта метавонанд).

Хотиррасон мекунем, ки тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (соли 2008) теъдоди ҳолатҳои ба худкушӣ даст задани одамон дар Тоҷикистон назар ба ҳамаи дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама камтар — 2,60 ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ ба қайд гирифта шуда буд.

А.Сангзода

 

 

Камол Насрулло манзумаашро ба Рӯзи байналмилалии паланг бахшидааст

$
0
0

Душанбе, 29.07.2016./АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Насрулло бахшида ба Рӯзи байналмилалии паланг манзумаи наве бо номи «Модарпаланг» эҷод намуд. Камол Насрулло дар пешгуфтори ин манзума чунин нигоштааст:

«Аз муносибат ва дахолати  нодурусти инсон ба табиат солҳои охир на фақат табиати сайёра хароб шудааст, балки бисёр ҷонварону наботот несту нобуд  мешаванд. Чунин муносибати беандеша таносуби табиатро халалдор намуда, онро рӯ ба рӯ ба харобӣ меоварад. Имрӯз нобуд ва камшумор шудани бисёре аз ҷонварон, аз ҷумла палангон,  инсониятро нигарон намудааст. Имрӯз  одамон дарк кардаанд, ки ҳимояи табиат-ҳимояи  худи инсон ва нобудшавии он нобудшавии ӯст. Агар имрӯз дар ҳимояи табиат бонги хатар назанем, барои дифоъ ва эҳёи он чораҳои таъҷилӣ наандешем, фардо дер хоҳад шуд, фардо мо худамон  бо ин табиат нобуд хоҳем гашт.

Паланг яке аз чунин ҷонварҳои зебост, ки кайҳо ба “ Китоби сурх” даромадаву имрӯз ба ҳимояи мо ниёз дорад.  29-уми июл  дар тамоми дунё Рӯзи паланг эълон гардидааст. Аммо мо, агар хоҳем, ки зиндагии солимро дар сайёраи Замин нигаҳ дорем, бояд ҳар рӯзу ҳар соати ҳастии худро ба дифои табиат бубахшем.

Инсон ҳамеша вобастагӣ аз табиат дорад, балки ӯ худ як узви табиат аст. Табиат низ мисли инсон як зуҳуроти зинда аст, ки ниёз ба муносибати нек, ба парваришу ғамхорӣ дорад. Вақте дар ин ҷисми ягонаву зинда узве захмӣ ё бемор мешавад, таъсираш, дардаш дар ҳама узвҳои дигар эҳсос мегардад. Имрӯз инсоният бонги хатар мезанад, зеро ин табиати бузург, ки мо инсонҳо низ узви он ҳастем, рӯ ба харобӣ  овардааст ва дар бисёр мавридҳо мӯҷиби ин харобӣ худи инсон аст, инсоне, ки худаш табиатро маҳв мекунад, инсоне, ки бо ин рафтор теша ба решаи худ мезанад”.

АМИТ “Ховар” манзумаи нави Камол Насрулло “Модарпаланг”-ро ҳамчун маълумот барои андеша пешниҳоди хонандагон мегардонад.

Паланги турони-4 Паланги турони-2 Паланги турони-3

МОДАРПАЛАНГ

 Манзума

           Қиссаи модарпалангро аз рӯзноманигор ва суратгари зиндаёди тоҷик Мақсуди Ҳусайн шунида будам. Ин ҳикоят ҳақиқатест, ки дар боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе чандин сол пеш рӯй дода буд.

***

Паланг аз сулолаи ширхорон ва аз оилаи гурбаҳост. Аз бузургтарин ҳайвоноти дарандаи имрӯзист. Дарозии танаш то 2 метр, думаш 1,1 метр, вазнаш ба 320 кг мерасад. Ҷисмаш дарҳамкашидаву муназзам ва тавоност. Дасту пои қавӣ, панҷаҳои паҳн ва мусаллаҳ бо нохунҳои бузург дорад. Сараш мудаввар, гӯшҳояш хурд буда, дорои рише дар бари рӯй аст. Сафи мӯйҳои танаш анбӯҳ, зич ва нарманд. Ранги пӯсташ сурхи зардчатоб буда, тасмахатҳои кӯндаланги сиёҳ дорад. Дар байни хатҳои торики пӯсти ӯ дурахши тиллоие ҷилвагар аст. Дар гарданаш дастаи мӯйҳои дароз, пӯпаки начандон бузурге дорад. Бо тавоноӣ, чолокӣ ва бурдбории бузурге фарқ мекунад. Нӯшидани обро дӯст медорад. Шиновари хубест. Рӯди бузургеро чун Ганг ба осонӣ убур мекунад. Ба дарозии 7 ва баландии 2 метр метавонад биҷаҳад.

     Навҳаи ҳалқумии ҳушоҳанг ва давомноки ӯ бо садои хотирмони «уу-уу-уунг» дар хотима, зери сояҳои ҳузнангези дарахони азим ба дуриҳо парвоз мекунад…

                     

…Дар паси панҷара, дар боғи вуҳуш

Як палангест, ки  маҳзун

хоб аст,

Як палангест, ки дар хеш фурӯ афтода,

Ҳамчу дар ҳалқаи амвоҷ пурӯ афтода,

Акси як гирдоб аст.

 

Он қадар дар сари по буду

гулӯгоҳи садо буд,

Он қадар сар ба сари панҷара мезад, ки куҷо рафту куҷо буд.

 

Дар паси он қафаси фӯлодин

Дар кафи қисмати пурдарду шигифт аст  паланг,

Ба сари   сахти худ афтода чу санг.

 

Умри ширини варо кард кӣ талх?!

Рӯшанистони варо тира кӣ кард?!

Ку ҳарифе, ки ба мардӣ сари роҳаш ояд?

Нест як ҳамҷигаре

рӯи ба рӯ гоҳи набард.

 

Гоҳ-гоҳе ба нигоҳи маҳзун

Нигарад  хаставу ҳайратзада бар рӯи касон,

Ки тамошои вай оянд,

чӣ маккору ҷафопеша буванд

Одамоне, ки варо карда дар ин ҷо зиндон.

 

Як паланге, ки ҳама ҷисм бувад,

Ҳайкали хастаи оҳ,

Як паланге, ки нигоҳ асту нигоҳ асту

нигоҳ…

Дар нигоҳаш ба ҷуз аз ҳасрати танҳоӣ нест,

Ҳама ҳузн асту ҳама дард, ҳама ранҷурист,

Панҷа бар панҷараҳо мезанаду ночор аст,

Сояи озор аст.

 

Аз виқоре, ки варо буд басе монда ҳанӯз,

Аз шукӯҳе, ки варо буда, нишоне боқист.

Лек  андоми маризаш ба шумо мегӯяд

Он, ки ӯ буд дигар нест, дигар нест, ки нест…

 

…Шуҷоатмандии паланг дар он зоҳир мешавад, ки ӯ пеш аз ҳуҷум бо наъра  инсонро огоҳ мекунад (Юз баръакс аз қафо дармефитад). Паланг лоша (ҷонвари мурда)-ро одатан намехӯрад. Ҳайвони покизакор аст. Хонааш ҳамеша тозаву озода. Лашу луши (рӯдаву шикамба) сайди ба дастовардаашро намехӯрад. Берун бурда дар канор мегузорад. Пӯсти ҷонваронро тоза меканад, мегӯянд ҳатто харгӯш ва мурғобиро чунон тоза мекунад, ки пӯсташон осеб набинад.

Мардуми соҳили Байкал бовар доштанд, ки агар ба ногаҳ аз пайи изи паланг ба роҳ бароед, бояд ҳатман аз хатти изи по берун наомада, таъзимкунон ақибнокӣ қадам гузоред. Вагарна бадбахтӣ рӯй хоҳад дод…

 

…Дар паси панҷараи сахти фулузӣ танҳост,

Ин чӣ рӯз аст, чӣ шом асту чӣ нанг ?!

Охир ӯ рӯбаҳу оҳубараву маймун нест,

 

ӯ паланг аст,

паланг аст,

паланг !!!

 

Мезанад барқ нигоҳаш,

ғазабаш меборад,

Умри бигзаштаи худро ба назар меорад…

 

ӯ, ки симои ғаюр асту таманнои ғурур,

Ғеви ҷангал, сипари дашту

кӯҳистони баланд.

Рӯҳи кӯҳ асту дили ғору фари шаршараҳо,

Бандае несту афтода ба банд.

 

Оҳ,  озод буду ҳокими кӯҳу саҳро,

Монда зери қадамаш

Тангнову паҳно.

 

…Шер шоҳи ҳайвонот бошад ҳам, паланг тавонотар аз шер аст. Таҷрибаи боғҳои ҳайвонот ва сиркҳо инро собит мекунанд. Агар шер бо паланг биҷангад, қариб ҳамеша бештар шер захм бардоштаву мағлуб мегардад. Агар сари вақт онҳоро ҷудо накунанд, паланг метавонад шерро пора карда ба ҳалокат расонад. Дар вазн ҳам паланг хеле вазнинтар аз шер аст. Ба ғайр аз ин паланг одати дар гала бо шарикон зистан надорад. Метавонад беҳтар дар муҳорибаҳои як ба як худро ҳимоя кунад. Таҷрибаи ӯ бештар аст. Бо ҳама ин сабабҳо шерҳоро аз Осиё на танҳо одамон, палангон низ танг карда бароварданд…

 

Чӣ қадар зӯру тавон дошт,

чӣ сон зебо буд,

Аз даҳе як натавон гуфт, ки ӯ якто буд…

Дар дилаш меҳр, ба тан зӯру шукӯҳу шон дошт,

Фараҳе дошту фар дошту фарзандон дошт.

Дар миёни ҳама беҳамто буд,

Дар фурӯғи нигаҳи ӯ шаафи фардо буд…

Ҳеҷ касро ба ҷаҳон қадру фару шодӣ нест,

Агар андар дили ӯ нусрати озодӣ нест…

 

 …ӯ дар беша сайр мекунаду парандаҳо, оҳувон, бӯзинаҳо… ӯро дида, бетоқатона фарёд мекунанд. Дар ҷисми бузургу ором ва боҳашамати ӯ  нерӯи азими ваҳшӣ ва суръати  шадиди рағбатҳо ниҳонанд. Бесабаб нест, ки ҳатто одам ҳанӯз палангро надида, бидуни интизорӣ аз дидори ӯ, баногоҳ ба эҳсосоти ғайричашмдошти беқарорӣ дармефитад. Инро телепатия меноманд (яъне дарку эҳсоси он чизе, ки аз шумо дур аст). Шояд он эҳсоси пуртуғёне, ки ҷонвар дар худ ниҳон медорад, ба одам расида, беихтиёр ӯро ба ҳаяҷон меоварад…

 

… Инак акнун ба паси панҷара зор афтодаст,

Аз шукӯҳу шаафу  авҷи виқор афтодаст,

Нигарон аст, ки кай қути варо меоранд,

Пеши ӯ косаи пасмонда кунун бигзоранд.

 

То ки ӯ гушна намирад, чи шигифт!

Ҳайфи ин  қомату ин синаву ин шонаву кифт.

 

Гарчи дар монда кунун дар паси ин ҳолаи танг,

ӯ паланг аст,

паланг аст,

паланг аст, паланг…

 

Нест таслим, вале зиндонист,

Нест ӯ кушта, вале қурбонист.

 

…Паланг ҳам рӯз ва ҳам шаб сайр мекунад. Қаламрави ӯ хеле бузург буда, садҳо километри мураббаъро фаро мегирад. Барои он ки ҳамаи онро аз назар гузаронад, паланг баъзан дар як шабонарӯз 80-90 километр роҳро тай мекунад.

ӯ ба шикор мебарояд. Ба муқобили бодҳо ба ҷониби обхӯра ва чарогоҳи оҳувон. Агар камин гирад, ҳатман аз ҷониби шамолпаноҳ. Ин муносибати ғалатиест бо қувваи шомаи қурбониёни худ, зеро ҳисси шомаи худи ӯ хеле суст ривоҷ ёфтааст. Аммо чашму ғӯшаш ба таври аъло мебинаду мешунаванд…

 

…Рӯҳи озодии ӯ чун ба  дилаш кора кунад,

Бандҳоро ба нигаҳ пора кунад.

 

Гиряву хандаи худро ба қазо наъра занад,

Ғами худро ба худо наъра занад.

 

Чанд солест, ки ӯ зиндонист,

Аз паси панҷараи фӯлодӣ

Кишвари хуррами ӯ пайдо нест…

 

Модарпаланг на ҳар сол палангчаҳоро ба дунё меорад. Одатан дар як зоиш ду-чаҳор тифл, аҳёнан як ва боз аҳёнтар ҳафто таваллуд мекунанд. Бояд дар назар дошт, ки ду-се сол, баъзан то панҷ сол палангҳои наврас бо модарашон зиндагӣ мекунанд. Бисёр мешавад, ки дар синни наврасӣ палангчаҳо нобуд мешаванд. Паланг метавонад чил-панҷоҳ сол зиндагӣ кунад, аммо дар асл паланг хеле барвақттар вафот мекунад…

 

…Чанд солест дар ин ҷо хоҳанд

Насл аз ӯ гиранд.

Аз асолат ба асорат бирабуданд, кунун

Асл аз ӯ гиранд.

 

Чанд солест варо ҷуфт оранд,

Як паланги дигареро ба бараш бигзоранд.

То ки чанде бо ҳам

Дӯш бар дӯш шаванд,

нӯш кунанд,

Чанд рӯз аз ғами айём фаромӯш шаванд.

 

Лек ҳар сол…   шигифт,

Тифлаконе, ки бизояд, натавонанд гирифт.

 

Чунки ҳар бор паланг

Чашмҳои ҳамаро карда хато,

Зояду худ бикушад тифлонро:

Не ба ман, не ба шумо!

 

…Дар афсонаҳои халқҳои шарқ паланг бештар чун шоҳи ҳайвонот ва сарвари ҷангал таҷассум меёбад. ӯро ҳамчун барандаи рӯҳи кӯҳҳову ғорҳо меҳисобанд. Дар Чин ӯ нафақат шоҳи ҳайвонот, балки ҳамчун воситаи таҳдиди зидди девҳо истифода мешуд. Соҳирони бузург, ки тарсандаи девҳо буданд, одатан савори паланг тасвир мешуданд. Дар баъзе халқҳо чунин мешумориданд, ки безурётиро бо хӯрдани гӯшти паланг, таъзим кардан ба иззи пои ӯ ва ҷаҳидан аз болои пӯсташ метавон барҳам зад.

       Баъзе қавмҳо чунин мешумориданд, ки палангро нафақат куштан раво нест, балки ба ӯ изҳори эҳтиром бояд кард, ҳангоми вохӯрдан таъзимкунон салом бояд дод

 

…Инак ӯ бори дигар ҳомила аст,

 

Боз чашми нигаронанд ҳама,

Бар сараш шому саҳар

Посбонанд ҳама.

 

То ки ӯ зояду наслаш гиранд,

Ҳама бехоб,  паи тадбиранд.

Рӯзу шаб дар бари ӯ

Ҳалқаи занҷиранд.

 

Лек ҳар бор паланг

Буд  дар банди малол,

Чунки медод ба худ

Аз раҳи сидқ суол:

 

Чӣ палангест, агар зиндонист,

Дар паси панҷара чун саг

бар сари сутхонест.

Чӣ палангест, агар банда бувад,

Дар паси панҷараҳо баставу шарманда бувад.

Кӯдаконаш бо ҳаёҳуй кулӯх андозанд,

Чӣ палангест, агар бозичаи тифлон аст..?

 

…Ду моҳи аввал палангбачаҳо фақат бо шири модар парвариш меёбанд. Баъд кам-кам ба гӯшт одат мекунанд. Бо вуҷуди ин боз дер вақт (аз рӯи баъзе мушоҳидаҳо 13-14 моҳ) паланг ба кӯдакони худ шир медиҳад, палангбачаҳои шашмоҳаро баъзан ба муддати чандин рӯз танҳо мегузорад. Тахминан дар ҳамин син бори аввал онҳо бо ҳамроҳии модар ба шикор мебароянд…

 

 

…Посбонон ҳама ногаҳ хуфтанд,

Ба ғанаб шуд нафасе боз нигаҳбони паланг.

Барқ зад дар дили шаб чашми

дурахшони паланг…

 

Осмон дар назараш гардон шуд,

Моҳу анҷум ба даме пинҳон шуд.

Гӯи дарёи дамон низ зи маҷрояш монд,

Ҳамаи даҳр ба як набз шуду як ҷон шуд…

 

Дардро бурд фурӯ,

Наъраро дар худ кушт,

Кӯдаконро зоид,

Хокро канда ба мушт…

 

Ду адад  тифлаки навзоидаашро бӯид,

Ду нафар тифлаки навзоидаашро бӯсид.

Баъд аз ишқи баланд,

Баъд аз меҳри баланд,

Бо ҳама шафқату раҳме, ки варо дар ҷон буд,

Ашк дар дидаву афғон ба дилу дард ба ҷон

Кард оғӯшу таҳи оғӯшаш

Кушт тифлони азизи ҷонро!

Кушт ояндаи пурармонро!

 

Ин нидо буд, ки бо набзи дилаш дошт фиғон:

Чӣ палангест агар зиндон аст?!

Чӣ палангест агар масхараи тифлон аст..?!

 

…Чу саҳар шуд ҳама ногаҳ диданд,

Ки нишастаст паланги ҳушёр,

Тифлаконаш ба бараш сокиту беҷон хобанд…

Мисли ду пайкари нанганд, ки дар бистари виҷдон хобанд.

 

ӯ вале бо сари боло, бо ор,

Дар нигоҳаш зафару кибру виқор..!

 

Нигаҳаш мегузарад аз ҳама ҷисм,

Аз  ҳама садди раҳаш карда убур.

Меравад аз сари мо болотар

Ҷониби нуқтаи дур…

 

Сӯи он нуқта, ки дар чашми ту номафҳум  аст,

Сӯи он нуқта, ки як нукта бувад,

Ки ба мардони худо маълум аст…

 

Гарчи банд аст кунун дар паси ин ҳалқаи танг,

ӯ  паланг аст, паланг аст, паланг аст,

ПАЛАНГ..!

 

 

 

 

 

 

Ҷавонон-неруи созанда ва ворисони оянда

$
0
0

Душанбе, 12.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил карда мешавад. Соли 1999 Маҷмаи Умуми СММ дар қатъномаи № «A/RES 54/120» тавсияи Конфронси умумиҷаҳонии вазирони кор бо ҷавононро (Лиссабон, соли 1998) дар бораи таҷлил намудани 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷонибдорӣ намуд ва таҷлили ин ҷашн ба ҳукми анъана даромад. Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҷавонон чанд нуктаро доир ба сиёсати давлатии ҷавон тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон мегардонем.

 

      «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҳақиқат ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон на фақат неруи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунанд.

Фалсафаи ҳаёт чунин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзўр мегардад.

Бо назардошти ин, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа тақозо мекунад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас буда, дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардид ва ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамуҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст.

Сиёсати давлатии ҷавонон ва ташаккулёбии он

Маҳз тавассути татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳалли масъалаи муҳиму ҳалкунандаи ҷомеа – тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ва танзиму тарҳрезии ояндаи устувори ҷомеаро таъмин намудан имконпазир аст. Баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузири ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омада, новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ин масъалаи муҳим дар маркази диққати роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор гирифт. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – «Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки 13 марти соли 1992 тасдиқ гаштааст, далели ин гуфтаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. 9 июни соли 1993 баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №256 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Бо назардошти неруи созандаву ворисони оянда будани ҷавон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар мулоқот доир намуда, пас аз он Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расонд. Мутобиқи ин Фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Бо дарназардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фаъолиятро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ мондааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳимияти ҷисману рӯҳан ба воя расидани насли наврасу ҷавонон ва дастгириву рушд кардани онҳо пайваста тадбирҳои муассир андешида, бо ин мақсад як қатор қонунҳо ва барномаҳоро таҳия ва қабул намудааст, ки имрӯз баҳри пешрафти ҷавонон амалӣ гашта истодадаанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардида, маврида амал қарор доранд. Ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти ин соҳаи муҳиму афзалиятнокро танзим ва рушди устувори он мусоидат мекунанд.

9088244535_df8120875e_z DSC_0381 28182434430_655c6481d5_z DSC_5 9088278791_c54bab91fa_z

Дар баробари ин,  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд. Сарвари давлат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар нахустин ҷаласаи ин Шӯро (27.05.2016) изҳор дошт, ки таъсиси Шӯрои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.

Бояд зикр намуд, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон аз давраҳои аввали роҳбарӣ ба ин неруи созанда такя намуда,  бо ҷавонон силсилаи вохӯриҳоро доир намуд. Вохӯриҳои  Сарвари давлат ва суҳбату мулоқотҳо дар ҷараёни сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо бо ҷавонон дар ҳаёти ҷавонон дигаргуниҳои зиёдро ба миён оварданд. Дар ин давра соҳаҳои ҷавонон ва варзиш, ки таҳти дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат қарор доранд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Ҳамчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сафарҳои корӣ, дар дохил ва дар хориҷи кишвар мунтазам бо қишри ҷавони ҷомеа дидору мулоқотҳо анҷом дода, аз ҳаёту фаъолият ва мушкилоти онҳо пурсон ва ба ҳалли онҳо мусоидат мекунад. Бо ибтикори Президенти кишвар ҷиҳати ҷисману рӯҳан солим тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон дар тамоми манотиқи кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ ва иншооти соҳаи варзиш бунёд шуда, ҷавонон ба роҳи росту аз худ намудани донишҳои муосир, техникаву технологияҳои асри нав, фаъолияти бунёдкоронаву созанда ва соҳибӣ намудани давлату миллати хеш ҳидоят карда мешаванд. Ин аст, ки тибқи  маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд.

27247910846_8bd8141c54_z 8800231178_42feb35117_z 8800229906_0f0e8c8e91_z IMG_9913 - копия IMG_9996 - копия

Ҷавонон ва даврони соҳибистиқлолӣ

Сол ба сол арзиш ва манзалати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос пайдо карда, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии мардуми шарифи кишвар чун санаи муқаддаси таърихӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Истиқлолият заминаи пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 25-соли соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод, саноат, илм, маориф ва фарҳанг далели ин гуфтаҳост.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў, пешбурди сиёсати хориҷӣ тадриҷан рушд ёфта, бо вусъат дар сатҳи мӯътадил амалӣ мегарданд. Дар ин давра Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, бахусус тарбияи насли наврас, ба таълим фаро гирифтани ҷавонон, тарғиби ҳаёти солим ва варзиш миёни онҳо, бозомӯзии илмҳои муосир ва фарогирифтани ҷавонон бо технологияҳои навтарин тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мунтазам амалӣ мекунад. Бинобар ин, рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо эълон шудааст.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд. Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост. Бахусус, ғолибияти толибилмони макотиби миёна ва олӣ дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик ва парафшон шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ меваи самари Истиқлолият аст, ки давлату миллати тоҷик аз шаҳди он лаззат мебаранд. Дастболо шудани Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Анвар Юнусов ва ғайраҳо дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва парафшон шудани Парчами миллии Тоҷикистон, иштироки 7 нафар варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016-ро метавон намунаи барҷастаи ифтихор аз давлату далатдории ҷавонони тоҷик арзёбӣ кард.

Тазаккур додан бамаврид аст, ки ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати ҷавонон, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст, таъмини минтақаҳои дурдаст бо кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 то 2014 қариб 15 ҳазор нафар духтарону писарон барои таҳсил ба мактабҳои олӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 9 ҳазор нафар духтарон мебошанд. Инчунин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар пайваста кӯшиш намуда, аз соли 2008 инҷониб ҳазорҳо нафар ҷавонони мамлакатро тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристодааст.

14978585875_e19cd61449_z Futbol-3 Таджики в Рио-11 IMG_9021 - копия+ 28386909111_cd478761d9_z

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъқид менамояд: «Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки нерӯи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…»

Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.

Аз ин рў, дар баробари тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, шароити имрўза тақозо мекунад, ки худи мо ҷавонон низ ба зиракиву ҳушёрӣ ва огоҳиву чолокии хеш аҳамияти беш аз пеш диҳем, то ки дар миёни ҷавонони пешрафтаи кишварҳои олам мақому мартабаи хоси аҷдодии худро касб намоем.

Ҷавонон – посдори Ваҳдату Истиқлолият

Раванди иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони кишварамон рисолати муқаддаси худро дар мавриди пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ҳифзи якпорчагиву соҳибистиқлолӣ ва ободиву шукуфон намудани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистонро амиқ дарк менамоянд ва фаъолияти созандаи худро аз ҳамин дидгоҳ тарҳрезӣ мекунанд.

Аз таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯхтану такмил додани донишу малака, азхуд намудани технологияҳои нав, иштирок дар корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳри рушди имрӯзу фардои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, сол ба сол тақвият меёбад.

Дар ин раванди созандаву неки иҷтимоӣ ҷавонон бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро зинда доранд. Ҷавонон бояд бо амалӣ намудани татбирҳои созанда дар оянда неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизи худ ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон дар баробари чанд нуктаи самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро низ махсус таъкид дошт. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

Ҳанӯз 21 майи соли 2005 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар иброз карда буд: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред».

Нуктаи мазкур аз ҳар ҷавон баҳри пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон масъулияти баландро тақозо менамояд. Бовар дорам, ки ҷавонон барои аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт бештар воқиф гашта, бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина, таҳкими Истиқлолияти кишвар талош менамоянд. Пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад.

28433082556_4343c01573_z 8789653467_418241a559_z 1 27247879476_20ab1e1cac_z 3

Ногуфта намонад, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омўхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамеша бояд донист, ки нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи ҳар як фарди ҷомеа аст.

Бегназари Абӯбакр

Директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода дар бораи садақа ва таъйиноти иҷтимоии он

$
0
0

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳоло дар остонаи истиқболи 25-умин солгарди пурифтихори он қарор дорем, барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои динию мазҳабии кишвари азизи мо тағйироти ҷолибу масарратбахш ворид намудааст. Бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давла­тӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиронаро тақо­зо менамояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳр­ван­дони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз тақлиди кӯр-кӯрона, худнамоӣ, булҳавасӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ ҷӯянд.

Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгон ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад, зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисоди Ватан, ҳифзи фазои ором ва ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки мо дар маҷмӯи гуфтору рафтору кирдорамон некӯ нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои истиқло­ли­яти давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва ҳамзамон осебнопазирии ваҳдати эътиқодӣ ва динию мазҳабӣ аз ҳар фар­ди бо нангу номус ба ваҷҳи писандида анҷом додани қарзи фарзан­дию шаҳр­ван­диро дар ҳамаи корҳо масъалат менамояд.

Хусусиятҳои фарҳанги тоҷиктаборон дар масъалаи ҳаёти динӣ аз он иборат аст, ки ниёгони олиму фақеҳи гузаштаи мо, бахусус дар ҳавзаҳои илмии қаламрави давлати Сомониён тамоми урфу анъанаҳои миллию фарҳангии худро бо муқар­ра­роти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти моваро­ун­наҳрии мазҳаби ханафӣ мӯшикофона созгор намуданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рӯзадорӣ ва ҳикмати қурбонӣ кардан бо баргузории маросимҳои марбут ба ин ду иди асосии мусулмонон ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои  умумимил­лии  тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Аслан фазилатҳои наҷиби ин идҳои дорои пойдевори имонӣ ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикаста­нафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат такя менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси тақводору тавонманд муқаррар кардааст. Бовару эътиқоди мардумӣ маҳз дар ваҳдати гуфтору кирдор, боти­ну зоҳир ва бовару имон ифода меёбад, ки ҷамъбасти ҷавонмар­донаи он бо дастгирии фитодагон ва ниёзмандон татбиқи амалӣ пайдо мекунад. Ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла ниёгони мо бар ин бовар буданд, ки дар тӯли моҳҳои идайн ва арафа болидарӯҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонии раияту сарварон ва аҷру подоши он дучанд мегардад. Ҳамин ҷиҳати масъала, яъне хайру эҳсон кардан ва инсондӯстӣ бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо кард ва дар матни дини нав тасдиқ намуд, ки рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷӯӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз    мав­қеи баланди башардӯстӣ зоҳир мегардад. Чунин рафтори мусулмонони тоҷиктабор ҳатто дар он шароити қурунивустоӣ заминаҳои устуворе барои расидан ба баробарии иҷтимоӣ омода карда тавонист, силаи раҳм ва тараҳҳуми байни ҳамдигариро тақвият бахшид.

Идҳои Фитр ва Азҳо дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни расмии миллӣ бо гузоридани намози ид, оростани дастар­хонҳои идона, зиёрати қабрис­тон ва тиловати Қуръон дар ҳаққи гузаштагон, аёдату дастгирии беморону ниёзмандон, шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромӣ дар урфу одати мардумӣ бозтоби тоза пайдо карданд. Ба хотири гиромидошти  боварҳо ва дарёфти ризомандии Худои Офаридгор ҳамаи мусулмонон, бахусус шахсони тавонманд олиҳимматӣ зоҳир мекунанд, ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсон­дӯс­тона ва худоҷӯё­на анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷо­нанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васи­ла пирону барҷо­мон­да­гон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақ­ви­яти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигар­фаҳмӣ, одамият ва раҳму шаф­қат дар байни шаҳр­ван­дон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.

Ҷанбаи дигари эътиқодии ин идҳо дар он аст, ки он ба ду рукни муҳими дини мубини ислом – рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ва ҳаҷҷи Байту-л-Ҳаром пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, тоату  ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фароизи ин моҳҳо ҳамчун рукнҳои панҷго­наи ислом ғанимат шумурдани фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ниёзмандонро афзун месозад. Додани садақаи фитр, баровардани нисоби закот ва умуман ҳама гуна садақот дар мавсими идайн, бешубҳа, яке аз васи­лаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни мусулмонон мебошад. Алалхусус, садақаи фитрро дар моҳи Рамазон аз ҳама беҳтар дониста­анд. Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худ­ро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз оғози густариши ислом ва баъди таъсиси давлати Сомониён дар масъалаи ҳамаи намудҳои садақа ва таъйиноти иҷтимоии он ба ҳам мувофиқ наомадани қавлу амал ҷой доштааст. Дар таърихи чандинасраи ҷомеаҳои мусулмонӣ дар иқлимҳои гуногун гоҳо ҳолатҳои суиистифодаи маблағҳои садақа аз ҷониби омилону масъулон ва рӯҳониён иттифоқ афтодааст. Ҳоло дар шароити табодули комили маълумот барои мо танҳо донистани ҳамин андеша за­рур аст, ки бояд ҳикмати додани садақа ҷиҳати ба шахсони мустаҳақ расо­ни­дани он риоя гардад. Табақаҳои иҷтимоие, ки тибқи муқаррароти шариати дунявию ухравӣ ҳаққу ҳуқуқи гирифтани амволи садақаро доранд, моҳиятан муайян шудаанд. Ҳамчунин шахсон ва гурӯҳҳое, ки барояшон ҳатто дастдарозӣ кардан ба амволи садақа ва ботил кардани таъйиноти иҷтимоии он ҳаром ва гуноҳи бузург дониста мешавад, маълум аст. Вале бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғиби ғояҳои пешқадами демократӣ тақозо менамояд, ки дар матни ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нофаҳмиҳо, каҷравиҳо ва азхудкуниҳои нодуруст дар муомила бо маблағҳои садақа ба танзим дароварда шаванд.

Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, ки ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ояти карима баён шудаанд:«Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии барда­ҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худованд барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин оят комилан равшан мешавад, ки додани садақаҳо барои 8 гурӯҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст. Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар «Тафсири Табарӣ», ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст ва дигар сарчашмаҳои муҳими исломӣ, ки ба шарҳи аҳкоми Қуръон бахшида шудаанд, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, вале ин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. Ӯ дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; 2. Мискин– каси бисёр эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; 3. Омилони садақа– афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Ин маънои онро надорад, ки ӯ маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағба­таш сарф намояд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқи­ло­би болшевикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро масъулони андоз­ро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон) – шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон «Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст» мегӯянд. Аз рӯйи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ҳоло ба кишварҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; 5. Риқоб–бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд; 6.Ғорим- шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор ва селу боришот молу мулк ва дороия­шон­ро аз даст додаанд; 7. Дар роҳи Худо (фӣ-сабили-Л-лоҳ) садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб бояд барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомӯзанд ва баъди соҳибилм шудан дар кишварҳои мусулмонӣ фаъолият мекунанд; инчунин тамоми корҳои неку писандида, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, бинову корвонсарой ва қалъаҳо, бунёди масҷид ва хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусулмонони арзандаи дигарро пардохт кардан дар маҷмӯи амали дар роҳи Худо анҷомдода дохил шудааст; 8. Ибни сабил– мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷатҳояшон ба маблағ (ба монанди дониш­ҷӯ­ёни дур аз ҷойи зисти доимӣ) ниёз доранд.

Мутаассифона, дар ҷомеаи шаҳрвандии мо баъди расидан ба   ис­тиқ­­ло­лияти давлатӣ масъалаи баҳогузорӣ ба арзишҳои динӣ, дар пояи фар­ҳанг­солории суннатӣ ҷобаҷогузорӣ ва ба манфиатҳои миллию амни­ятии давлати ҷавони Тоҷикистон сафарбар намудани онҳо ҳолати буҳронии шадид падид омад. Чунин анъана роиҷ шудааст, ки тамоми камбудиҳои ҳаёти фарҳангӣ-иҷтимоӣ ва динӣ-эътиқодиро дар сиёсати дохилии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таъсири ҳалокатбори омилҳои беруна пайванд доданӣ мешаванд. Албатта, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва ҳаёти мустақилона баробари барҳам хӯрдани сиёсати геополитикии дуқутбӣ як ҷунбиши таҳоҷуми дутарафа ва ошноӣ бо воқеияти ҷаҳон бидуни миёнарав ба амал омад. Набояд фаромӯш кард, ки тақдир тақрибан як миллион нафар шаҳрвандони моро гурезаи иҷборӣ кард ва онҳо дар шароити ниҳоят вазнин дар шимоли Афғонистон ва дигар кишварҳои дӯст як муддат азоби ғарибӣ чашиданд. Ба назари мо, падидаи номатлуби ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба ҳизбу созмон ва мазҳабҳои бегона маҳз дар ҳамин давра тарҳрезӣ шуда буд. Гузашти айём нишон дод, ки ҳадафи ниҳоии ин сиёсатбозиҳои динӣ аслан дар зери хатар мондани ваҳдати миллии тоҷикон будааст. Ба мардуми ғофил аз асосҳои эътиқо­дӣ ва раҳоёфта аз чанголи атеизми динӣ дар он замони номуайянии фарогири охири садаи ХХ неруҳои манфиатхоҳ пешниҳод мекарданд, ки озо­до­на мисли иваз кардани пули сомонӣ ба доллари амрикоӣ дину эътиқоди худро ба ҳар дину мазҳабе, ки хоҳанд, иваз кунанд. Ва ин пешниҳодҳо дар ҳолати ҳамкорӣ ҳеҷ гоҳ бе мукофоти пулӣ ва қадрдонӣ набудааст. Дар ҳамон солҳои мудҳиш як гурӯҳи рӯҳониён муҳоҷирони иҷбориро ба созмонҳои хайриявии исломӣ муаррифӣ мекардаанд ва ҷумлаҳои зерини арабӣ вирди забони онҳо будааст: «Наҳ­ну наҳтоҷ нуқуд. Индано муҳоҷирун касир» – «Мо ба маблағ ниёз дорем. Дар назди мо муҳоҷирон зиёданд». Бо ҳамин тарзи муомила онҳо аз созмонҳои гуногуни асосан исломӣ маблағ ба даст меовардаанд.

Бояд гуфта шавад, ки аз оғози ислом то имрӯз дар фарҳанги мусулмонон се тарзи ифодаи муносибат ба дин ташаккул ёфтааст, ки дар динҳои ҷаҳонии дигар ҳам бо шаклу мазмунҳои монанд бар он ҷой дорад. Якум, диндорон гурӯҳеанд, ки новобаста аз касбу кор, донишу маърифат, вазъи иҷтимоӣ ва мақому вазифа динро муқаддас медонанд, онро эҳтирому арҷгузорӣ мекунанд ва ба олами маънавии худ тавассути он ғановат мебахшанд. Дуюм, динсозон гурӯҳи замонасозе мебошанд, ки танҳо ба хотири манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ба арзишҳои динӣ муносибат зоҳир менамоянд, худро ҳамчун соҳибони дин муаррифӣ мекунанд. Онҳо аз номи дин ончунон бо виқору боварӣ сухан мегӯянд, ки гӯё ҳуқуқи дар бораи ислом масъалагузорӣ кардан танҳо ба ҳамин гурӯҳ  вогузошта шудааст то ҷое, ки метавонанд рафтору кирдори дурус­ти ҳар мусулмонро ғалату беарзиш нишон диҳанд. Сеюм, динбозон гурӯҳи хатарноки сиёсие мебошанд, ки динро ҳамчун абзори тавонои идеологӣ бо роҳи сиёсат, зӯрӣ, зулму шиканҷа барои ба даст овардани қудрат бозӣ медароранд. Дар назди ин тоифаи мардум аслан дин ҳеҷ арзишу қудсият ва вологуҳарие надорад. Дин барои онҳо идеологияи муқтадирест барои мағзшӯӣ кардани насли ҷавон ва дарёфти муздурони корӣ. Вазъияти кишварҳои арабиро дар даҳаи дуюми асри XXI мисоли равшани рафтори гурӯҳи динбозон шуморидан мумкин аст. Ба вуҷуд омадани падидаи динфурӯшии хориҷ аз ақлу мантиқ дар фаъолияти созмони террористии «давлати исломӣ», онро пайравӣ кардани як қисмати мардуми арабитабор ва ба онҳо пайвастани ҷавонони ноогоҳ аз дигар кишвар­ҳои ғайриарабии мусулмонӣ камоли ҷаҳолат ва бехабарист. Намунаи нангини созмони террористии мабно ба арзишҳои динӣ будани ДОИШ аз он шаҳодат медиҳад, ки қудратҳои манфиатдори ҷаҳонӣ эътиқодро рукни асосии ҳувияти миллӣ медонанд. Миллат метавонад бе забон ва ё бе ваҳдати ҷуғрофӣ муддати дароз мавҷудияти худро дар миёни бегонагон нигоҳ дорад, вале бе ваҳдати эътиқодӣ ҳаргиз вуҷуд дошта наметавонад. Хамирмояи равонӣ ва маънавии миллӣ- ин ваҳдати эътиқодии миллат аст. Ҳар қавме, ки ваҳдати эътиқодӣ надошта бошад, ҳанӯз ба дараҷаи миллат ташаккул ёфтани он зери шубҳа меафтад. Ва ҳар миллате, ки афроди он дар баробари бегонагон ваҳдати эътиқодии худро ҳифз карда наметаво­над, мавҷудияти худро дар хатар мегузорад.

Ҳамон омилҳои дар боло ёдшудаи таъсири беруна боиси тағйир ёфтани мақоми рӯҳониён дар ҷомеа гардид. Онҳо дар назари хориҷиён ҳамчун пуштибони мардуми ҷабрдида муаррифӣ шуданд ва ёрии пулию молиявӣ ба мусулмонон ва сохтани масҷидҳо ҳам аз тариқи онҳо дода мешуд. Фаро расидани сулҳу субот ва оромӣ дар саросари Тоҷикистон ва қувват гирифтани ҳокимияти сиёсӣ робитаҳои хориҷии рӯҳониёнро маҳдуд сохт. Аз ин рӯ, ҷалб намудани имкониятҳои дохилӣ роҳандозӣ карда шуд. Ба рӯҳониёни бонуфуз ва умуман ходи­мони дин маблағи садақаву закотро супорида, дуо гирифтан аз ҷониби гурӯҳҳои бонуфуз ва сарватманд падидаи муқаррарӣ гардид, ки он имрӯз як раванди нохушоянд касб карда­аст. Ин амал мухолифи омӯза­ҳои Қуръону суннат буда, ҳамчунин хилофи моҳият ва ҳикмати садақа, яъне дастгирӣ ва кумак ба табақаҳои муайян аст. Ин вазъият дар ҳолест, ки агар ҳама гуна садақа таъйиноти воқеии худро ёбад, он барои дастгирии табақаҳои камбизоат, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллию эътиқодии мусулмонон мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар ҳамагон медонанд, ки ба аксари рӯҳониён дар минтақаҳои гуногуни кишвари мо бо номҳои         эҳтиро­мии бобои мулло, домулло, эшон, махсум, мавлавӣ, тӯра, охунд, халифа ва боз чандин номҳои дигар муроҷиат мекунанд ва онҳо худро ҳамчун саййидзода, яъне пайванди хешӣ доштан ба пайғамбари ислом (с) муаррифӣ менамоянд. Албатта, собит кардани воқеияти ин даъвоҳо мавзӯи баҳсҳои дигар аст. Вале агар фарз кунем, ки ин матлаб заминаи воқеӣ дорад, пас онҳо бояд яқин донанд, ки авлоди пайғамбар ҳеҷ гоҳ моли садақаро намехӯрданд. Барои исботи ин гуфтаҳо матни пурраи ду ҳадисро аз «Саҳеҳ»-и имом Бухорӣ айнан мебиёрем:

Ҳадиси № 1485. Умар ибни Муҳаммад ибни ал-Ҳасан ал-Асадӣ ба мо нақл кард: падарам ба ман нақл кард: Иброҳим ибни Таҳмон ба мо нақл кард, аз Муҳаммад ибни Зиёд, аз Абӯҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: «Барои пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, хурморо ҳангоми аз дарахт чидан меоварданд – яке хурмояшро меовард, дигаре низ хурмояшро меовард – то дар назди ӯ аз хурмо як тӯда мешуд. Ва Ҳа­са­ну Ҳусайн, разия-л-Лоҳу анҳумо, бо он хурмо бозӣ мекарданд. Боре яке аз он ду хурмоеро гирифту ба даҳон андохт. Пайғамбар, салла-л-Ло­ҳу алайҳи ва саллам, ӯро дид ва он хурмо аз даҳони ӯ берун карду гуфт: «Оё надонистаӣ, ки хонадони Муҳаммад садақа (закот) намехӯранд?»

Ҳадиси 3072.Муҳаммад ибни Башшор ба мо нақл кард: Ғундар ба мо нақл кард: Шуъба ба мо нақл кард, аз Муҳаммад ибни Зиёд, аз Абӯҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ки ал-Ҳасан ибни Алӣ аз хурмоҳои садақа як дона гирифта, ба даҳон андохт. Пас пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, (бо истифодаи калима) ба забони форсӣ гуфт: «Ких-ких», оё намедонӣ, ки мо садақа намехӯрем?!» Пас кулли саййидзодагони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар масъалаи дастдарозӣ кардан ба маблағи садақа ва закот тафаккуру андеша намоянд. Дар «Тафсир»-и Куртубӣ зимни шарҳи ҳукми омилони закот омадааст, ки: “ва дар масъалаи ҷоиз будани омили закот будан барои ҳошимӣ (саййидзода) фақеҳон ихтилофи назар доранд, вале имом Абӯҳанифа ин амалро манъ намудааст ба далели ин ҳадиси муборак, ки: “ҳаройина садақа барои Оли Муҳаммад ҳалол нест, зеро садақа палидиҳоест, ки аз моли мардум (барои пок кардани он) берун оварда мешаванд”. Аз ин мавқеъ, саййидзодагон, баръакс, бояд ончунон корҳои худоҷӯёнаеро ба роҳ монанд, ки вазъи иҷтимоии табақа­ҳои камбизоат аз ҳисоби таъйиноти иҷтимоии худро дуруст пайдо кардани маблағи садақа ақаллан каме беҳбудӣ пайдо кунад ва андаке ҳам бошад, адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагии динӣ танта­на кунад?! Масъалаи ба ҳақдор расонидани садақа дар шароити фароги­ри буҳрони молиявию иқтисодӣ ва ҳангоми тангдастӣ савобу  иҷо­ба­ти бештар пайдо мекунад. Таҷрибаи рӯзгор борҳо баҳра додааст, ки дар анҷу­манҳои фарохдаст ва худкифо ҳама вақт табақаи рӯҳониён ва хунё­га­рон бархурдорӣ ва қаноатмандии басанда доштаанд. Беҳтар он бошад, ки ҳиммат бар ояндаи фаровону дурахшон бигуморем ва имрӯз хайру садақоти худро холисона ба бародарону хоҳарон ва хешони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон бирасонем, то ризомандии Аллоҳи Зулҷалол насибамон гардад.

Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои миллат ҳама­сола дар арафаи ду иди бузурги мусулмонон шахсан ба ятимону барҷо­мон­дагон дасти кумак расонида, суннати пойдори мазҳаби  ҳана­фии ниёгони пурифтихорамонро идомат мебахшанд. Зери таъсири ҳамин ташаб­бус­ҳо аксари соҳибкорону тавонмандон иқдомҳои одило­на ва худоҷӯёнаи ӯро дастгирӣ карда, ҳар сол аз порсола бештар ба табақаҳои ниёзманд холисона дасти хайру ёрмандӣ дароз мекунанд. Бад-ин васила, арзишҳои волои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, раҳму шафқат, ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар ва дигар  анъа­на­­ҳои писандидаи ин маросимҳо тарғибу ташвиқ карда мешавад, ки он аз дуруст ба роҳ мондани муносибати давлати дунявӣ ба дин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

 

Файзулло Баротзода,

директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: Мулло кист, мутаассиб ё донишманд?

$
0
0

Душанбе, 30.08.2016. /АМИТ “Ховар”/. Дар замонҳои шӯравӣ, 30-40 сол пеш, вожаи мулло-ро мардум бо эҳтиром ба забон меоварданд ва ҳар нафаре, ки ба ин ном мухотаб мешуд, иззату эҳтиром ва обрӯе дошт. Ҳарчанд дар оғози фаъолияти кишвари шӯроҳо аҳли дин ва муллоён таъқиб ҳам шуданд. Мардум то ба ҳамин қарибӣ ва баъзан ҳоло ҳам ба одаме, ки донишманду  устод аст,  мулло  ё домулло гӯён муроҷиат мекунанд, ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ. Аммо имрӯз ин вожа эътибору  нуфузи пешинаро то ҷойе аз даст додааст. Чаро? Ин суолест, ки моро ба сари андеша меорад. Ҳарчанд аксари мо сабабҳои инро хуб медонем.

Биёед, аввал бубинем, ки ин вожа чӣ маъно дорад. Дар Фарҳанги  забони тоҷикӣ чунин омадааст:

  1. Мулло-олими мадраса, олими дин ва шариат.2.пурдон, бисёрдон.

Дар луғати устод Айнӣ ҳам мулло ба маънии пурдон, бисёрдон ва олими дину шариат омада, вожаи домулло омӯзгори мактаби кӯҳна маънидод шудааст.

Дар Фарҳанги забони форсӣ низ мулло аввалан ба маънии дарсхонда, босавод ва баъдан ба маънии охунду рӯҳонист.

2015?

2015?

Аммо дар ҷомеаи тоҷикии мо, хусусан дар байни мардуми авом, мулло гӯён аксар шахсони рӯҳониро мефаҳманд ва ин боис гардида, ки  ҳар нафаре, ки ин вожаро чун ниқоб ба рӯ кашида, аъмоли ношоистаи худро ба роҳ мондааст, пеш аз ҳама дини мубини исломро бадном кардааст, ҳарчанд ҳеҷ алоқамандие ба он надорад, балки, баръакс, душмани ислом аст, зеро ҳама аъмолаш хилофи шариат ва одоби он буда, дар баъзе маврид ба муқобили он равона гардидааст.

Бедили бузург беҳуда нагуфта:

Нахонда маънии таҳқиқ аз саҳифаи дил,

Ба гуфтугӯи касон хешро махон мулло.

Аммо, биёед, багардем ба сари масъалае, ки чаро имрӯз ин вожа боиси гуфтугузори мухталиф  гардида, нуфузи пешинаро надорад.

Миллати куҳансиришту некбунёди мо, вақте ки  баъд аз садсолаҳои дар зери тасарруфи  бегонагон будан, баъд аз ҷабрҳои таъриху бохтҳои зиёд, азобу шиканҷаҳои тулонӣ оқибат ба озодӣ, ба истиқлолият шарафёб шуд, табиист, ки дар баробари ифтихороту сарфарозиҳо дар пешорӯи ӯ гаронтарину масъулиятноктарин роҳ- роҳи эҳёи дубора, роҳи худшиносии миллӣ, роҳи дарёфти ҷодаҳои солиму созандаи ҳастии худ, маънавиёти худ пеш омад. Наметавон танҳо бо соҳиби истиқлолият шудану  расидан ба озодӣ ба ҳама орзуву ормонҳо даст ёфт. Барои бунёди зиндагии ободу осудаву солим, барои бунёди устувори ҳастии худ, мавқеи қавӣ дар олами имрӯз  даҳчанд бештар аз пешин муборизаву заҳмату кӯшишу ҷоннисориҳо мебояд кард. Хусусан дар ҷаҳони бисёр мураккаб, тезу тунд, пурмоҷаро ва пурхатари имрӯза, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат аз хатару гирифториҳо эмин нестанд.

Ин аст, ки дар ин сарзамини куҳанбунёди ин халқи некманишу хирадпеша  аз нахустин  рӯзҳои расидан ба истиқлолият  тифли навзоди озодӣ мавриди ҳамлаи душманон қарор гирифт. Душманонаш мехостанд ӯро бо дасти худаш нафасгир созанд. Танҳо  сарҷамъӣ ва сулҳе, ки маҳсули хиради миллати некуманиш  буд, ин сарзаминро аз маҳв шудан наҷот дод. Халқи заҳматкаши тоҷик баъд аз комёб шудан ба сулҳу ягонагӣ  тадриҷан таҳкурсии адолату истиқлолияташро бунёд гузошт.

Ба истиқлолияти мо на танҳо вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, бархурди неруҳо, муборизаҳо барои ҷаҳонгирӣ, терроризму экстремизм таҳдид мекунанд. Душмане, ки мо дар дохил дорем, хатарноктар аз  душмани бешафқати беруна  аст. Зеро бо мост, зеро дар мост, зеро  бештар дастраси ӯ ҳастему ӯ  метавонад моро ба пуррагӣ тасхир кунад. Ин душман кист, ҳайронед шумо? Кист, ки дар мосту бо мост? Ин душман сатҳи пасти маънавӣ, бефарҳангӣ, бесаводӣ, бемасъулиятӣ ва хусусан тарсуии иддае аз мост, ки  таассуб ва  хурофотро ба вуҷуд овардааст. Содагӣ, хушбоварӣ ва гӯлии баъзе табақаҳои мардуми мо, ки заминааш қафомондагии фарҳангист,  ба он мусоидат кардаанд ва аксари мардумро аз андешаи устувор, рӯҳбаландӣ, ҷасорати инсонӣ, бовару эътиқоду эътимод, пеш аз ҳама ба худ ва нерӯи худ, дур кардаанд.

Дар хусуси он, ки хурофот, таассуб, гаравишҳои беақлона ба мардуми мо то куҷо зиён расондаанд, борҳову борҳо гуфтаем ва беҳуда нест, ки қисми зиёди мардуми бафазилату бафарҳангамон зиёни хурофотро дарк кардаанд ва худро аз гирифторӣ ба доми фиребу макру найранг дур кашидаанд. Аммо, мутаасифона, дар байни халқи мо имрӯз ҳам теъдоди онҳое, ки бо чвшми бино аз паси кӯрони роҳгумкарда мераванд  ва мардуми соддаро ба сӯи вартаҳои фалокат мекашанд, кам нестанд.

Агар иддае аз мо  аз бесаводиву бефарҳангии  худ гумроҳ набошанд, чаро як қаллоб, яъне як маккору фиребгари бесаводу бесалоҳият, ки худро мулло тарошидаву дӯкони макру тазвирро боз мекунад ва дар паси ин дӯконе, ки ҷуз заҳри найранг намефурӯшад, қатор-қатор гумроҳон бо ихлоси баланд дар навбат меистанд? Имону ихлос, имрӯзу ояндаи худро ин қадар бе андеша, ин қадар арзон  худашон  ба дасти ин қассобони ҷонашон месупоранд? Ва чун фош мешавад, ки ин мулло фиребгар аст, савод  ва ҳеҷ каромоте надорад , боз ҳам бо шубҳа ба ҳақиқат менигаранд ва ин муллои фиребгарро ҷонибгирӣ мекунанд, ки гӯё  ӯ мулло “зӯр” буду бахилон нахостанд, ки  фаъолият кунад. Пасмондаи оби дастурӯшустаи муллоро бо ихлос нӯшидани муридони ӯ дар кадом одобу фазилату гигиена мегунҷад? Эй вой бар ин пастиву гӯливу бефаросатии мо!  Дар дунё кам қавму миллате мондааст, ки чунин  сахт ва кӯр-кӯрона гирифтори таассубу хурофот  бошад.  Миллатҳои саҳроие, ки асрҳое баъд аз мо соҳиби саводу фарҳанг шуданд, имрӯз гирифтори  ин мараз нестанд, яъне аз мо хеле пеш рафтаанд. Аммо мо ҳанӯз ҳам дар ин лой ғӯтидаем. Вой бар ҳоли мо! Мо, ки ин қадар бузургонамон насиҳатномаҳо навиштаанду ҳанӯз аз асрҳои миёна хурофоту таассубро мазаммат кардаанд. Мо, ки нобиғагони илму адаб, бузургтарин файласуфону табибони оламшумулро дар ин сарзамин парвардаем.  Метавон мисолҳои фаровони аз бузургони илму адаби гузаштаамон овард, ки таассуб ва хурофоту ҷаҳолатро сахт маҳкум кардаанд. Бузургоне, ки аксар худ пешвои дину тариқат будаанд. Масалан, Ҳофизи бузургвор гуфтааст:

Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,

Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.

Сӯфӣ шахси диндор, пайрави тариқати тасаввуф аст. Яъне дар замони Ҳофиз ва дар ҳама замонҳои дигар ҳам мардуми макрпеша аз эҳтироме, ки халқ ба сӯфиву мулло доштааст,барои ғаразҳои шахсии худ истифода мебурдаанд.

Ё шайх Саъдӣ байте дорад чунин:

Зоҳид, ки дирам гирифту динор,

Зоҳидтар аз ӯ касе ба даст ор.

Яъне зоҳид, ки шахси диндору парҳезгор аст, агар аз пайи нафс рафта бошад, ӯ дигар зоҳид нест. Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки бузургони мо ҳамеша бо авомфиребоне, ки худро аҳли дину тариқат эълон намуда, дар паси ин парда хилофи расолати динии худ амал мекардаанд, мубориза бурда, дини мубини исломро ҳимоят мекардаанд. Аммо бозмегардем ба имрӯз.

МасчидБесалоҳиятӣ, бемасъулиятӣ, беназоратӣ дар олами дин то ҷойе расидааст, ки, бадбахтона, ба сафи муллоҳои эҳтромманду  бофазилати мо вайронкорон, душманони дину шариату Худо  низ роҳ ёфтанд. Он Имом- хатиби масҷид, ки даст ба фосиқӣ зад ва наворҳои фосиқии ӯ дар байни мардум паҳн гардид, оне,ки баъд аз алоқаи бешармонаи ҷинсӣ бо зани номаҳрам дасти  ношуста нон мехӯрд ва боз ба ҷимоъи худ идома медод ва корҳое мекард, ки дар филмҳои фаҳшои хориҷа намебинед ва аз ҳама нафратангез  он аст, ки ӯ баъд аз ин фосиқӣ ба масҷид мерафту дар намози ҷомеа пешгузар мешуд ва ҳама аз паси ӯ  саҷдаву ниёиш ба Худо мекарданд.

Муллои номдори як ноҳияи дигарро ҳам сабти видеоӣ карда буданд, ки дар як маврид, яъне ба якбора  бо чандин нафар хонумон дар як хона бешармона машғули алоқаи ҷинсӣ буд ва инро бахшидани шифо ва каромоти худ маънидод мекард. Ва он пири солхӯрдаи шайтонсирате, ки аслан ҳатто ҳарфҳоро намешиносаду хонда наметавонад, дар паси дараш мардум  қатор омадаву қабулашро интизоранд  ва ҳадафи ӯ аслан бо роҳи фиреб пул кор кардану хонумҳоро ба оғӯш кашидан аст, чӣ зуҳуротест? Ва чандин муллоҳои дигаре, ки фисқу фуҷуру макру фиребашон фош гардид, гувоҳи чиянду аз чӣ дарак медиҳанд?

Бешубҳа, ин рафтору ин кирдор, ки аз доираи одоби дину шариат берун аст, айби дин нест ва муттаалиқ ба шахсонест, ки онро содир кардаанд, онҳо бояд дар доираи қонун ҷазо бинанд. Аммо сухан дар сари он аст, ки вақте як мулло ё рӯҳонӣ чунин гуноҳе мекунад, беш аз ҳама ӯро чун як мулло ва рӯҳонӣ маҳкум мекунанд, на чун шахси муқаррарӣ.

Чаро аҳли дини мо ин ҳамаро бо таҳаммулу сари хам пушти сар карданд?  Чаро як силсила чораҳои фаврӣ барои тоза кардани сафи муллоҳои авомфиреб ва имом-хатибони шайтонсират андешида нашуд, ки ҷомеа асли ҳақиқатро  бифаҳмаду муллои покниҳодро аз қаллоб тафриқа гузорад?!

Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарии кишвари ҳамсояву ҳамзабонамон Афғонистон хабарҳое паҳн шуданд, ки наметавонанд моро ба изтироб наоранд. Зеро, чунон ки мегӯянд: мева аз меваву ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегиранд. Чун мо ҳам ҳамсояву ҳам ҳамзабону  ҳамдину хешу табор ҳастем, бояд аз ҳар падидаи номатлуби ҳамсоягон панде барои  худ бигирем. Инак, чанд зуҳуроти нанговаре, ки ба гуфтан забон намегардад, аммо гуфтани онҳо ҳушдорест, зеро падидаҳое шабеҳи ин чанд сол пеш дар кишвари мо ҳам рух дода буданд ва Худо накунад, ки такрор шаванд.

Хабари мазкур, ки айнан оварда мешавад, таҳти унвони “Мулло фаришта нест” интишор ёфтааст: “Радиое хабар дода, ки дар Ҷузҷон яке аз муллоҳо бар духтари чаҳордаҳсолаи худ таҷовуз карда… Бисёре такон хурданд, ки чӣ гуна як рӯҳонӣ ва олими дин даст ба чунин  ҷинояте задааст?”

Дар  хабарнигории дигар омадааст: ”Полиси Ҳирот аз боздошти як мулло – имоми масҷид ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ болои духтари ҷавонаш хабар медиҳад…”.

Илова бар ин. Танҳо дар ҷараёни соли ҷорӣ 24 мавриди қатли бонувон дар дафтари қайди Коммисиюни ҳуқуқи башари Форёб  ба сабт гирифта шудааст. Чунин ахбор дар шабакаҳои иттилоотӣ пайваста дарҷ мешавад. Аз ҷониби як гурӯҳ ҷоҳилони мутаассиб бераҳмона кушта шудани Фархунда-духтараки афғонӣ ҳанӯз дар ёди мост.

Гумон мекунам, бамаврид аст, ки андешаҳову таҳлили худи афғонҳоро доир ба  ҳодисаи таҷовузи ноблиғон аз ҷониби падарашон  биёварем. Баъд аз ироаи хабари аввал хабарнигори афғонӣ менависад: “…Гӯё агар касе ҳафт рӯҳонӣ ёфт ё ба ҷойи касби иттилоот дар заминаҳои дигар зеҳни худро аз иттилооти динӣ анбошт, он ҳафту он иттилоот ба наҳве утомотик (автомати)  ӯро фарде парҳезгор  ва ахлоқӣ месозанд. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ миқдор шоҳид аз дастдарозии ин гуна рӯҳониён ба ҷону мол ва номуси дигарон низ наметавонад мардуми Афғонистонро мутақоид кунад, ки як рӯҳонӣ ё мулло сарфан ба хотири тааллуқи худ ба синфи рӯҳониён  табдил ба фаришта намешавад ва дар  баробари  майли тахтӣ аз қонун ё завобити ахлоқӣ масуният намеёбад(амон намеёбад).  Вокуниши бисёре аз мо дар баробари ин хабарҳо маъмулан ин аст, ки ба ҷойи тасҳеҳи талаққиёти наозмудаи худ дар мавриди рӯҳониён мавориде аз қабили таҷовуз бар кӯдаки ҷузҷониро мавориди комилан хориҷ аз чорчӯби ҳаёти рӯҳониён баррасӣ кунем ва ин гуна маворидро аз ҷумлаи оризаҳои шайтонии комилан истисноӣ дар системе аз порсоӣ ва парҳезгорӣ бишносем. Аммо воқеият он аст, ки ин рухдодҳои шармовар дар миёни рӯҳониён ба ҳеҷ умуре ғайриодӣ ва истисноӣ нестанд. Ба ин маъно, ки  фурконси вуқӯашон дар ҳадде ҳаст, ки тасаввуротамон дар бораи гуноҳнопазириву хатопарҳезии рӯҳониёнро дубора арзёбӣ кунем ва аз ин хаёли хуш, ки тақвои онон тазминкунандаи дурусткоришон ҳаст, даст бардорем.”

Чунин мисолҳову далелҳоро, ки дар боло овардем, дар мисоли Тоҷикистон ҳам метавон овард. Ҳамин таассубу хурофот ва ҷаҳолату қафомондагист, ки ба хушунати хонаводагӣ ва дигар фоҷиаҳо низ меоранд. Ва ҳосили инҳост, ки теъдоди зиёди занону духтарон даст ба худкушиву худсӯзӣ мезананд.

Аммо ҳамзамон бо ин шайтонҳо дар ниқоби муллоҳову имом-хатибон фаъолияти худро идома медиҳанд, ҳукмҳои беадолатонаашонро бар сари ҷомеа бор мекунанд. Дар ноҳияе бо ҳукми муллои мутаассиби деҳа иҷозат надоданд, ки ҷасади модаре, ки чандин фарзандро зодаву ба воя расонидааст , танҳо ба баҳонаи он ки ӯ аз миллати аврупоист, яъне кофир аст, ба қабристни деҳа  роҳ дода шавад. Ҳол он ки ин зан, ки шавҳари раҳматияш ӯро баъд аз Ҷанги Бузурги ватанӣ бо худ овардаву бо никоҳи мусулмонӣ бо ӯ издивоҷ карда буд, як умр тамоми суннатҳои исломиро риоя намуда, бо садоқат зиндагии ҳалолу заҳматиро пушти сар кард, яъне комилан мусулмон шуда буд. Аз ҳама даҳшатовар ин аст, ки касе натавонист ҳукми разилонаи  муллои бесаводи (муллои босавод ҳаргиз ин корро намекунад)  ҷаҳолатпешаро бигирад. Ва ҳама аз тарс ( аз тарси чӣ?) сархаму лабфурӯбаста буданд. Ана ҳамин тарси беасос, тарси мутаассибона, ки бунёдаш бефарҳангист, иддае аз моро садсолаҳо ба қафо партофтааст, хиради зотии моро помол кардааст! Оё мо то куҷо пастфитратем, ки чунин муллоҳо раҳнамои моянд ва мо бо ҳукми онҳо зиндагӣ мекунем? Мардум маҷбур буданд он зан- модарро дар мазори деҳаи ҳамсоя гӯронанд ва шукри Худо, ки муллои он деҳа баинсофтар будааст. Вой бар мусулмонии мо, агар мо дар ҳукми чунин  ҷаҳолатпешагони иртиҷоӣ мондаем!

Ҷомеаи мо имрӯз беш аз ҳарвақта ба муллои солимфикру беғараз, яъне ба инсони доно, бафазилат, раҳнамо, баимонорандаи мардум эҳтиёҷ дорад. На он муллои бесаводу чаласавод, зоҳирпарасте, ки нишонаи фазилатро дар риш ва саллаи бузург, дар парастиши зоҳирии анъанаҳои кӯҳнаву фарсудае мебинад, ки инсоният кайҳо аз он рӯ гардонидаасту имрӯз нозарур аст ва ба манфиати миллии мо нест ва моро ба қафо мекашаду аз тараққиёт боз медорад. Зеро аксари мардуми мо чун анъана ва бо тақозои таомулу анъана боз  рӯ меоранд  ба хонаи Худо ва ба намоянагони дину шариат. Хеле лозим аст, ки дар масҷидҳои мо хатибони мо озодандешу равшанфикру босавод бошанд, шариатро бо сиёсат наомезанд, зеро ҳар кас бояд кори худро кунад, зеро аз ин омезишҳо, мо дидем, ки чӣ ба бор омад. Мансаби баландтарин барои  диндорони мо бояд эҳтирому бовари халқ бошад.

Албатта, ҳадафи миллӣ ҳам барои сиёсатмадор ва ҳам барои аҳли дин бояд як бошад: озодӣ ва истиқлолияти ватан, некӯаҳволии халқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи шарафу номуси миллӣ. Воқеан муллоҳои муҳтарами мо метавонанд саҳми боризи худро дар фароҳам овардани ахлоқи ҳамидаи ҷомеа, покиву поктинатӣ, ваҳдату сулҳу якдилии халқамон бигузоранд ва муллоҳои асилу ватандӯсте, ки чунин амалиётро пешаи худ кардаанд, дар ҷомеаи мо кам нестанд. Аммо он муллоҳое, ки на аз рӯи одобу анъанаҳои милли халқамон, балки аз рӯйи дастурҳои мақсадашон ғаразноки беруна амал мекунанд, шояд худ намефаҳманд, ки на баманфиати халқу миллату дини мубини худ амал мекунанд, ё мефаҳманду нафси бад ё ҳирси ҷоҳу мансабу давлат онҳоро раҳнамост.

Мехоҳам, ҷомеаи мо бозояд бар сари он андеша, ки бояд поктарину босалоҳияттарин инсонҳо муллову  имом- хатиб ва  раҳнамои ҷомеа  бошанд. Мехоҳам, ки ҷавонон дар дил имон ва ба Худову дини мубини ислом эътиқоду бовар дошта бошанд, аммо  бо корҳои созанда, бунёдкорӣ, бо омӯзишу пажӯҳиши илму дониш, бо заҳмати ҳалол дар пеши Худованду халқ  қиммату арҷ ёбанд, на бо гаравишҳои кӯркӯрона ба таассубу хурофоту ҷараёнҳои экстремистӣ. Масҷидҳои мо нишемангаҳи пирони иззатманду барҷомондаи мо бояд бошанд, чунон ки аз қадим буданд. Ҷойи ҷавонон ва мардони солиму коршоям майдонҳои бунёдкорӣ, заминҳои кишту кор, арсаи илму маорифу фарҳанг, ҷодаҳои саховату накӯкорӣ бошад.  Пайғамбари бузургворамон дар ҳадисҳояшон гуфтаанд: як соати қироат баробари ҳафтод соли ибодат  ва бардоштани дили ятиме ва расонидани дасти кӯмаку шафқат ба гирифторон аз фазилату наҷобатҳои мусалмонист, ки волотар аз худнамоиҳои зоҳирист.

Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки  танҳо миллате метавонад муваффақ шавад, ки сатҳи худшиносиву маънавиёти кулли мардумаш баланд буда, ҳар нафари сокинаш барои ҳимояи манфиатҳои миллату ватанаш омода бошад ва манфиати як нафар манфиати ҳамагон гардад.

Гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ, экстремистӣ, террористӣ, ки падидаҳои солим нестанд, низ бо таъсири тарғиботчиёни бадниятест, ки барномаҳои  ким кадом нерӯҳои ҷоҳталабро амалӣ мекунанд. Онҳо низ номи  дини мубини исломро парчами худ сохтаанд, аммо амалу фаъолияташон кишварҳои исломиро хароб намуда, ҳазорон ҳазор мусулмони бегуноҳро бе хонаву дар, ғарибу беватан кард, ҳазорҳои дигарро ба коми марг андохт. Ҷавонони гумроҳи мо гирифтори тарғиботи дуруӯғин гардида, бо номи ислом  дар роҳи маҳви ислом ҷоннисорӣ мекунанд. Ҳодисоти солҳои охир бори дигар собит мекунанд: ислом танҳо бо роҳи фазилат, илму ҳунар, инсондӯстиву некӯкорӣ ва хиради зотии худ метавонад оламро тасхир кунад. На бо роҳи куштору харобӣ, ки ба ҷуз фоҷиаву вайронӣ чизе ба бор нахоҳад овард.

Аммо имрӯз мо шоҳиди онем, ки чӣ гуна дини мубини исломро  ба зиёни он таҳриф ва бадном мекунанд. Киянд онҳое, ки дар ниқобҳои гуногун, хусусан, “мулло”-ву “домулло”-ву “шайх”-у “табиби халқи”-ву “фолбин”-у “ғайббин” ва ғайра  миллати моро ба қафо мекашанд ва чаро баъзеҳо гирифтори онҳоянд? Чаро мо полезу гулгашту чаманистонҳои маънавиётамонро аз ин хорҳо покиза намекунем ва чӣ бояд кард, ки аз ин ҷаҳолат  миллатамонро наҷот бидиҳем?! Ин саволҳо имрӯз бояд саволи рӯз бошанд. Ин саволҳоест, ки бояд имрӯз дар назди масъулин гузорем. Ва пеш аз ҳама худи муллоҳо ва уламои мӯҳтарами кишвар бояд ташаббус зоҳир кунанд, то гарде ба домани шариат, эътиқоду бовари мо нарасад, то шаъни дини мубини ислом заррае накоҳад, то ки ҷомеаи  баинсофу банангу ору баимон дошта бошем, ки ин тақозои фарҳанг, илму адаб ва фазилати гузашагони мост. Аммо, бешубҳа, дар ин саф мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, олимону ҷомеашиносон, кулли ташкилотҳои ҷамъитӣ ва хусусан ташкилотҳои эҷодиву фарҳангӣ, созмонҳои ҷавонони кишвар ва адибону журналистони ватан бояд иштироки фаъол дошта бошанд. Бояд барномаи ҳадафноки ҳамаро фарогиранда таҳия сохт ва аз рӯи  он амал кард.  Вагарна боз ҳам дар як ҷо қадам хоҳем зад ва ба ҷойе нахоҳем расид. Хеле мехоҳам, ки баъд аз як муддати кӯтоҳ Шӯрои уламои кишвар чунин барнома, Барномаи маҳви таассубу хурофот дар кишвар ва интихоби ҳайати арзандаву садоқатманди масъулини динро таҳияву амалӣ созанд.

Он чи гуфта шуд, на ба мазаммати диндорони муҳтарами кишвар, балки ба ҳимояву ҷонибдории онҳост ва мусаллам аст, ки агар имрӯз мо пеши роҳи тахрибкориву коҳишҳои эътибори дини мубини исломро нагирем, фардо он бунёдҳои қавии фарҳанги исломии худро, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондаву ба ин покизагӣ( албатта ба истиснои зуҳуроти номатлуби мисоловардашуда) то мо расидааст, метарсам, ба харобӣ ва беэътиборӣ рӯ меорад, чунон  ки дар баъзе кишварҳо намунаашро дида истодаем.

Тоҷикистон мамлакати озоди ҳуқуқбунёд,  дунявӣ, демократӣ ва ягона буда, дар он барои рушду нумуи ҳама қишрҳои аҳолӣ, ҳамаи миллатҳо дар доираи риояи Сарқонун имконият дода шудааст. Дар кишвари мо дини мубини ислом ва дигар динҳо озодона амал мекунанд ва аҳли дин дар масҷидҳои ободу тозаву барҳаво дар тамоми гӯшаҳои кишвар  машғули ибодату иродатанд. Шиори рӯзгори ин халқи куҳанбунёд аз ҳазорсолаҳо гуфтору пиндору кирдори нек будааст ва хоҳад буд. Омин!

Камол Насрулло,

Шоири халқии Тоҷикистон,

дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуло Рӯдакӣ

 

 

Пеши роҳи қочоқро кӣ мегирад? Ё чаро пайроҳаҳои қочоқчиён аз назари мақомот дур мондаанд?

$
0
0

Душанбе, 03. 09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зимни санҷиш дар бозорҳо ва нуқтаҳои  савдои кишвар аз  ҷониби нозирони Агентии «Тоҷикстандарт»  дар ин давра беш аз 12 ҳазор адад  бозичаҳои кӯдаконаи пастсифати ғайристандартӣ, ки тариқи қочоқ  ба қаламрави кишвар  ворид гардидаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Талабшо Сангзода –сардори Маркази ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, ки  бозичаҳое, ки дар нуқтаҳои савдою  бозорҳо бо таври фаровон ба фурӯш гузошта шудаанд, қисми зиёди онҳо ба роҳи қочоқ аз Чин ворид гардида,  аз ташхиси  озмоишгоҳҳо нагузаштаанд.  «Бозичаҳое, ки  барои муоина  ба Маркази ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт»  оварда мешаванд,  баъзе аз онҳо сертификати мутобиқат надоранд. Мутахассиси мақомоти  «Тоҷикстандарт»  афзуд, ки бояд дар борҷомаи бозичаҳо бо забони давлатӣ маълумот дар бораи бозича, яъне  ба  синну соли кӯдакон мувофиқ будани  он  дарҷ гардида бошад, зеро бозичаҳое ҳастанд, ки ба кӯдакони  хурдсол тавсия дода намешаванд. Бозичаҳо бояд хусусияти тезшиканандагӣ надошта бошанд, чунки ҳангоми бозӣ аз дасти кӯдак афтида, шикастанаш аз имкон дур нест ва дар ин ҳолат мумкин аст, ки кӯдак болои он афтида, осеб бинад.

«Тоҷикстандарт»: Дар таркиби баъзе бозичаҳо элементҳои заҳрнок   зиёд аст

Ҳамзамон  бозичаҳое, ки бо рангҳои гуногун оро дода шудаанд,  тибқи  талаботи ҳуҷҷатҳои  меъёрӣ, бояд рангашон устувор бошанд. Ҳангоми бозӣ кӯдак онро   соиш дода, ба даҳонаш  мебарад, дар ин маврид ранги бозича бояд устувор боқӣ монад, зеро дар таркиби баъзе бозичаҳо элементҳои заҳрноки кимиёвӣ аз меъёр зиёд буда,  тавассути луоби даҳони кӯдак ба организмашон ворид гардида, ба саломатии кӯдакон, хусусан ба ташаккулёбии ҷисмонии онҳо зарари худро мерасонанд. Ин аст, ки дар баъзе мавридҳо кӯдакон аз лиҳози ҷисмонӣ суст инкишоф меёбанд. Сабаби асосии ба бозорҳои кишвар роҳ ёфтани бозичаҳои ғайристандартии пастсифатро мутахассиси мақомоти «Тоҷикстандарт»  ба даст овардани пули муфт арзёбӣ менамояд. Мавсуф  афзуд, ки бархе аз соҳибкорон танҳо фикри ҷайби худро намуда, андешаи солимии генафонди миллатро намекунанд ва виҷдонашонро мефурӯшанд. Қисме аз соҳибкорон дидаю дониста  ба ин корҳо даст  мезананд, ки ин хилофи  қонунҳои амалкунандаи кишвар аст. «Ба манфиати кор мебуд,-  мегӯяд масъули мақомоти «Тоҷикстандарт»,-  агар соҳибкорони ватанӣ ба ҷои воридоти  бозичаҳои ғайристандартӣ, технологияи  муосирро ворид сохта, истеҳсоли бозичаҳоро дар дохили кишвар ба роҳ мемонданд, зеро  дар  Тоҷикистон ягон корхонаи махсусгардонидашудае нест, ки фаъолияти худро ба  истеҳсоли  бозичаҳои кӯдакона нигаронида бошад. Танҳо дар шимоли кишвар як корхонаи хурд фаъол аст ва он талаботро қонеъ кунонида наметавонад.

 «Giftindustries» корхонаи истеҳсоли бозичаҳо хоҳад сохт

             Игра Ин дар ҳолест, ки Амонулло Судуров–сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиёи  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мегӯяд, ки  бо  сабаби   норасоии воситаҳои гардон –маблағ ва  таҷҳизот масъалаи роҳандозии истеҳсоли бозичаҳои бачагона бо воридоти хатҳои технологии мувофиқ ва бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ то дарёфти сармоя ба таъхир гузошта шудааст. Роҳбарияти Вазорат бо ширкати тиҷоратии «Gift-industries» -и  Покистон барои таъсиси корхонаи истеҳсоли бозичаҳои  кӯдакона  гуфтушунид намуда, дар ин росто таклифи вазорат аз ҷониби роҳбарияти ширкати«Gift-industries» пазируфта шуд,- афзуд Амонулло Судуров. Алҳол барои таҳияи лоиҳаи тиҷоратии бунёди корхонаи истеҳсоли бозичаҳо, талаботи бозори дохилӣ ва имконияти содироти минбаъдаи он ба хориҷи кишвар  мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дорад.  Дар марҳилаи аввал ташкили  истеҳсоли чунин маҳсулот дар заминаи корхонаҳои ватании  саноати пластикӣ пешбинӣ гардидааст. Бо таъсиси истеҳсолоти мазкур имконияти қисман таъмин намудани  талаботи ҷумҳурӣ пайдо шуда, ба коҳиши ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ дар таъмини бозори дохилӣ мусоидат хоҳад  кард.         

              «Шақ-шақа»-и гӯшхарош барои атфоли ширмак

       «Бозичаҳо ба навъҳои чӯбӣ, резинӣ, пластмассӣ ҷудо гардида,  ба кишвари мо намуди  резинии бозичаҳо, ки истеҳсоли Чин аст, асосан бо роҳи қочоқ ворид мегарданд»,- мегӯяд Талабшо Сангзода. Мавсуф зикр кард, ки ҳангоми ташхиси  бозича бо номи «Шақ-шақа», ки барои  кӯдакони ширмак истифода мешавад, мушаххас гардид, ки он  садои баланди гӯшхарош дошта,  рангаш ноустувор ва сохташ суфта набуда, ҷавобгӯи ҳуҷҷатҳои  меъёрӣ нест ва  фурӯшандагон сертификати мутобиқати чунин бозичаҳоро пешниҳод карда наметавонанд, зеро ғайриқонунӣ ворид карда шудаанд. Инчунин  дар нуқтаҳои савдо ва  бозорҳои  кишвар бозичаҳое ба фурӯш гузошта шудаанд, ки тамғагузорӣ гардида, ба талаботи  санадҳои меъёрӣ ва регламенти техникӣ ҷавобгӯянд. Ин гуна бозичаҳо сифати баланд дошта, истеҳсоли Русияанд ва дар дохилашон дастурамали махсус доранд. Тарзи истифодабарии онҳо нишон дода шудааст ва онҳо дар баланд бардоштани зеҳн ва чаҳонбинии кӯдакон мусоидат менамоянд.

Дар воридоти бозичаҳои кӯдакона ба Тоҷикистон  Чин пешсаф аст

Назар ба иттилои Раёсати омори  Хадамоти гумруки кишвар танҳо дар зарфи 5 моҳи  соли равон аз хориҷи кишвар  ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 1,8 миллион доллар зиёда аз 500 тонна бозичаҳои кӯдакона,  дастгоҳҳои варзишию бозӣ, ки  ба «гурӯҳи 95»-и молу маҳсулот шомиланд, аз кишварҳои Чин, Русия, Эрон, Олмон, Туркия, Дания, Амрико, Белгия, Латвия, Литва,  Испания, Италия,  Малайзия, Корея,  Амороти  Муттаҳидаи Араб  ва кишварҳои ИДМ ворид карда шудаанд. Дар воридоти бозичаҳои кӯдакона ҳамсояи бузурги Тоҷикистон –Чин мақоми пешсафиро касб кардааст.

Амрико воридот ва фурӯши «Kinder Surprise»-ро манъ кард, чаро?

Қандаку шириниҳое, ки ба кишвармон аз Чин ворид мегарданд,  асосан бо мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи бештари кӯдакон дар дохилашон ҳар гуна  бозичаҳои хурд доранд. Онҳо барои кӯдакон хатарноканд -мегӯяд мутахассиси «Тоҷикстандарт».

Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли 1938 то ба имрӯз воридот ва  фурӯши шоколади шакли тухммонанд, ки дар дохилаш бозичаҳои хурд ҷой дода шуда,  бо  номи «Киндер сюрприз» /Kinder Surprise/ маъмул аст, дар саросари Амрико манъ гардидааст. Ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии кӯдакон андешида шудааст, зеро  аз эҳтимол дур нест, ки  кӯдакон  бозичаҳоеро, ки дар дохили ин шоколаданд, ҳангоми бозӣ фурӯ баранд.

           Пайдо гардидани тасбеҳ аз дохили ширинии кӯдакона

Назар ба андешаи Талабшо Сангзода,  алҳол 30 намуди витамин, ширинию қандакҳо мавҷуданд, ки дар дохилашон бозичаҳо вуҷуд дошта, ба саломатии  кӯдакон таъсири  манфӣ мерасонанд. Баъзе аз ин қандакҳою витаминҳоро ҳатто бо болға занед ҳам, намешикананд. Ҳолатҳое шудааст, ки зимни ташхис аз дохили ширинии кӯдакона тасбеҳ пайдо гардид,- меафзояд мутахассиси мақомоти «Тоҷикстандарт». Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки то чӣ андоза кишварҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулот  мафкураи мардумамонро омӯхта, миллати моро истифода  мебаранд. Чунин бозичаҳоро, ки дар дохилашон ширинию витаминҳо доранд,  соҳибкорони ватанӣ асосан аз  Чин  ворид намудаанд ва бояд барои ҷилавгирӣ аз воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ ва ба саломатии кӯдакон ва аҳолӣ  хатарнок мақомоти  марбутаи кишвар тадбирҳои судманд андешанд.

                 Баъзе бозичаҳо ба ҳаёти кӯдакон хатар доранд

      То чӣ андоза баъзе бозичаҳо ба саломатии кӯдакон хатарноканду зарари ҷиддӣ доранд ва дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар кадом корҳоро ба анҷом мерасонад? Дар посух ба ин савол Наврӯз Ҷаъфаров-cардухтури давлатии санитарии кишвар,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ, хусусан баъзе бозичаҳо, ки ба ҳаёт ва солимии кӯдакон  хатар доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроия ва вазорату идораҳои кишвар дастуру супоришҳо додааст.  Зимни иҷрои супориши Ҳукумати мамлакат Вазорати тандурустӣ, ки  яке аз ниҳодҳои муҳим дар татбиқи сиёсати давлат  дар бахши ҳифзи  саломатист, тавассути Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  ва мақомоти маҳаллии он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати муайян кардани сифати бозичаҳо ва хӯрокӣ гурӯҳи махсуси корӣ созмон  дод. Дар ин самт дар нимсолаи аввал натиҷаҳои  фаъолиятамон назаррас аст,- афзуд муовини  вазири тандурустӣ.

Регламенти техникӣ оид ба  «Бехатарии бозичаҳо» қабул гардид

Игра-3   «Дар робита ба масъалаи ҳифзи саломатии атфол аз зарари бозичаҳои ғайристандартӣ  аз ҷониби мақомоти «Тоҷикстандарт»  дар ҳамкорӣ  бо дигар вазорату идораҳои кишвар Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бехатарии бозичаҳо» таҳия ва аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз моҳи январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад. Регламенти техникӣ оид ба «Бехатарии бозичаҳо» ҳамчун санади нави расмӣ муайянкунандаи бехатарии бозичаҳо буда, тавассути он назорат  аз болои воридоти бозичаҳо дар сарҳади давлатӣ  ва фурӯшаш дар бозору нуқтаҳои савдо пурзӯр  карда мешавад. Наврӯз Ҷаъфаров афзуд, ки мутахассисони Хадамоти назорати давлатии эпидемиологӣ ҳангоми гузаронидани назорату санҷиш  беш аз 70  номгӯй бозичаҳоеро,  ки ба стандарт ҷавобгӯ нестанд   ва эҳтимолияти баланди хатар доранд, муайян  намуданд. Дар Регламенти техникӣ оид ба «Бехатарии бозичаҳо» тамоми паҳлуҳои бозичаҳои кӯдакона, яъне рангу бӯй,  сохт,  шакл, сифат, мавҷуд будани маълумоти дақиқ ба забони давлатӣ оид ба бозича,  дар маҷмӯъ таъмини бехатарии  кӯдакон аз бозичаҳои ғайристандартӣ ва хатарнок пешбинӣ карда шудааст. Наврӯз Ҷаъфаров, сардухтури санитарии ҷумҳурӣ  зикр кард, ки аз моҳи май Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон регламентҳои техникии «Бехатарии гӯшт ва  маҳсулоти гӯштӣ»,  «Бахатарии шир ва маҳсулоти ширӣ»-ро тасдиқ карда, ба вазорату идораҳои марбута барои иҷро ирсол намуд, ки аз моҳи сентябр мавриди амал қарор дода мешаванд.

 Тоҷирон бояд аз воридоти маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоянд

Ҳамзамон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ,  фаъолият  дошта, тамоми вазорату  идораҳои кишвар ба он шомиланд. Муовини вазир  таҳияи регламентҳои техникиро ба  натиҷаҳои самараноки фаъолияти Шӯро рабт дод. Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ки масъалаи воридоти бозичаҳои пастсифат бо роҳи қочоқ ҷанбаи  тиҷоратӣ дорад. Мутаассифона, тоҷирони мо дар аксар  маврид қисми  зиёди бозичаҳои чиниро,  ки  ба стандартҳо ҷавобгӯ нестанд,  бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар дохили  борҳо вориди ҷумҳурӣ менамоянд. Аз ин рӯ, мебояд ҷаҳонбинӣ, ҳисси миллатдӯстӣ ва  фарҳанги тоҷиронро  баланд бардошт, то онҳо аз воридоти молу маҳсулоти пастсифату зарарнок худдорӣ намоянд.

     Воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ бо роҳи қочоқ- ин  ба даст овардани фоида аст

Дар мавриди ҷилавгирӣ аз воридоти  маҳсулоти пастсифат, ки бо роҳи қочоқ ба қаламрави  ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд,   мақомоти гумруки кишвар, ки яке аз ниҳодҳои калидӣ мебошад, чӣ тадбирҳо меандешад?  Хуршед Бобоев, сардори Раёсати ташкилию бозрасии  Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон омили  асосии  ғайриқонунӣ ворид  намудани   молу маҳсулоти   пастсифат ба қаламрави гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бозичаҳои кӯдаконаро  ба даст овардани фоида арзёбӣ намуд. Мавсуф   зикр кард, ки молҳои мазкур арзиши паст  дошта,  ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ,  барои   ба даст овардани  маблағи  муайян  шахсоне ҳастанд, ин молҳоро ғайриқонунӣ  бо роҳи қочоқ  ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид менамоянд.

Гумрук: «Бо  соҳибкорон машварат гузаронида,  маслиҳат медиҳем»  

Бо мақсади ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунии  молҳо, бахусус бозичаҳои кӯдакона аз хориҷи ҷумҳурӣ мақомоти гумруки кишвар мунтазам бо молворидкунандагони ватанӣ мулоқот гузаронида, корҳои  фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Масъули мақомоти гумруки кишвар мегӯяд, ки молу маҳсулоти ба қаламрави  Тоҷикистон воридгардида аз вақти убури  сарҳади гумрукӣ таҳти назорати гумрукӣ  қарор дода мешаванд. Сипас, вобаста ба дархости субъектҳои фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ барасмиятдарории онҳо тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди анҷом додани назорати давлатии  санитарию  карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва дигар намудҳои назорати давлатӣ  ҳангоми воридоти онҳо  ба қаламрави Тоҷикистон ё содироти онҳо  ба хориҷи кишвар  сурат мегирад.

       Муборизаи муштарак бар зидди қочоқчиён  натиҷа медиҳад?

— Дар самти мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии  мол ва воситаҳои  нақлиёт  аз ҷониби Хадамоти  гумрук  дар ҳамкорӣ  бо дигар  мақомоти  қудратӣ  амалиёти муштарак  ба роҳ монда шудааст,- гуфт Хуршед  Бобоев. Дар соли 2015 ва 5 моҳи соли равон  кормандони воҳидҳои  сохтории Хадамот  оид ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои  гумрукӣ  12 ҳолати  воридоти ғайриқонунии   бозичаҳои кӯдакона   ва  ширинию қандакҳоеро,  ки   дар дохилашон бозичаҳои  гуногун доранд, ба миқдори  умумии 40059 дона ва 10770 кг ошкор намуданд.  Аз рӯи ин ҳолатҳо  парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода ва барои баррасӣ ба суд ирсол гардида, 6,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва наздик ба 55 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд. Маблағи моли мусодирагардида беш аз 500 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла,  зимни гузаронидани  чорабиниҳои фаврӣ –ҷустуҷӯии муштарак аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ва Прокуратураи генералӣ  дар  бозори «Фаровон»-и пойтахт аз нуқтаи фурӯши №28,  ки ба Н.О. Заидова. тааллуқ  дошт, 68 тонна, иборат аз 94 номгӯй қандаку шириниҳо, бозичаҳои гуногуни кӯдакона ва дигар маҳсулоти хӯрокии истеҳсоли Чин дарёфт гардид.  Дар асоси хулосаҳои  мақомот ва сохторҳои марбутаи кишвар молу маҳсулоти аз ин мағоза дарёфтгардида  пастсифат ҳисобида шуда,  истеъмоли онҳо ба саломатии  инсон хатарнок аст. Нисбат ба ин шаҳрванд   парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ фиристонида шуд.

 Чаро пайроҳаҳои қочоқчиён аз назари мақомот дур мондаанд? «Таҳлилҳо бозгӯи  онанд,  ки аксари ҳолатҳои   интиқоли ғайриқонунии  молу маҳсулот  ба кишварамон тавассути нуқтаҳои   беназорат, назораташон суст  ё осебпазири марзи  давлатии  Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки дорои беш аз 40 чапроҳа  дар ҳудуди  ҳар як ноҳияи наздисарҳадӣ  аст, ба назар мерасанд»,- афзуд Хуршед Бобоев. Ҳамзамон бо шомил гардидани  Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум  тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи чапроҳаҳо афзоиш ёфтааст, ки ин ба амнияти иқтисодии  кишварамон хатар эҷод намуда, боиси болоравии  нархҳо дар бозорҳои дохилии ҷумҳурӣ  гашта истодааст. Мутахассиси мақомоти гумруки кишвар иброз дошт, ки ҳуқуқвайронкунандагон асосан аз роҳҳои ғайрирасмӣ  ва чапроҳаҳои ҳудуди ноҳияҳои  Исфара, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон  Ғафуров истифода    намуда,  воситаҳои  нақлиёти  сабукрави тамғаи «Опел Зафира», «Мерседес- бенс Спринтер»-ро истифода  мебаранд. Ҳангоми боздошт ба ишораи кормандони  гумрук  итоат накарда, нақлиётро бо суръати  баланд  аз тариқи тангкӯчаҳои  маҳаллаҳои аҳолинишин   ронда, ҳолатҳои садамавӣ  ва фоҷиавиро  ба вуҷуд меоранд. Хуршед Бобоев, сардори Раёсати Хадамоти гумруки кишвар мегӯяд, ки тибқи талаботи  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  бо мақсади  таъмини  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ҳангоми харидории   молу маҳсулот ва пешгирии фурӯши  молу маҳсулоти  муҳлати истеъмолиашон гузашта, ба саломатии  инсон зараровар, бо роҳи қочоқ воридшуда бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  сифат аз ҳисоби кормандони  мақомоти марбутаи кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, санҷишҳои муштарак  гузаронида мешаванд. Ҳамзамон воридоти ғайриқонунии маводи хӯрокии пастсифат  ва муҳлати истифодаашон гузашта аз хориҷи кишвар ба қаламрави гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  назорати қатъӣ  қарор дода шуда,  дар ин самт мақомоти гумруки кишвар тадбирҳои мушаххас  меандешанд.

       Генофонди миллатро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз бояд кард

Игра-4Аз гуфтаҳо ва андешаҳои масъулини мақомоти марбутаи кишвар бармеояд, ки мақсад аз ғайриқонунӣ  роҳ ёфтани  молу маҳсулоти пастсифати ғайристандартӣ, аз ҷумла, бозичаҳо ва ширинию қандакҳои кӯдакона ба нуқтаҳои савдо ва бозорҳои кишвар-  ба даст овардани фоида аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида мебошад, ки манфиати шахсии худро аз манфиати миллат ва давлат боло гузошта, даст ба воридоти маҳсулоти ғайриқонунӣ  ва пастсифат мезананд.

Вобаста ба ин амал соҳибкоронро мебояд дар мавриди воридоти бозичаҳои кӯдакона ва дигар молу маҳсулот ба кишвар аз рӯи адлу инсоф  амал намоянд. Ҳамзамон   мақомоти марбута, ки дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар салоҳияти бештар доранд, фаъолияташонро бояд шаффоф ба роҳ монда, рисолаташонро дар назди миллат ва давлат масъулиятшиносона ва   поквиҷдонона иҷро намоянд.

Вақти  он расидааст, ки ҷаҳонбинию фарҳанги  тоҷирону соҳибкорони ватанӣ ва завқу салиқаи сокинони кишварамонро нисбат ба интихоб ва харидории  молу маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯи стандартҳо  баланд бардорем. Мушоҳидаҳо  далели онанд, ки баъзе аз рафҳои нуқтаҳои савдо  ва растаи бозорҳои кишварамон аз молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ, ки ба саломатии аҳолӣ  хатар доранд ва ба фарҳангу суннати мо, тоҷикон бегонаанд, лабрез гардидаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳифзи генофонди миллат дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ вазифаи ҳар як фарди миллатдӯст буда, дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон имон аст.

                    

 Марзия Саидзода, хабарнигори  «Ховар».

Давлатдории миллӣ ва таҳкими он дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ

$
0
0

Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ба як қатор  дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар самти сиёсати дохилӣ пешрафтҳо бевосита ба сатҳи зиндагии мардум таъсир расонида, барои таҳкими фазои озоду босубот мусоидат намуданд. Аз дастовардҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ҳифзу нигҳдошти Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсия, гузаштан ба низоми идоракунии президентӣ, анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, гузаштан ба низоми демократӣ ва бисёрҳизбӣ, бозсозии давлати миллӣ ва таҳкими минбаъдаи он, парлумони дупалатагӣ, таҷзияи се шохаи ҳокимият, таҳкими низоми худидоракунии маҳаллӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ба вуҷуд овардани сохторҳои зарурии давлатдориро метавон ном бурд, ки рукнҳои муҳимми Истиқлолияти  давлатии  кишвар ба шумор мераванд.

Мо дар як давраи шикасти низоми сиёсии ҷаҳонӣ  ба саҳнаи сиёсати умумиҷаҳонӣ баромадем. Даврае, ки Иттиҳоди Шўравӣ пош хўрда, давлатҳои узви  он ба ҳар тараф  барои ҷустуҷўйи роҳи хеш рафтанд ва ҳамагон зери фишорҳои геополитикӣ монданд. Муборизаи ду система ва ҷанги сард анҷом ёфта, ба ҷойи он бозингарони зиёде ба саҳнаи муборизаҳои геополитикӣ қадам гузоштанд, ки муборизаи байни онҳо равандҳои асосии ҷаҳони муосирро муайян месозанд. Чунин тағйироту дигаргунӣ дар низоми нави ҷаҳонӣ  аз пайи худ дастоварду арзишҳои навро низ овард. Тоҷикистон низ яке аз давлатҳои нави ҳамин марҳалаи таърихӣ ба шумор меравад.

Вале набояд мо ғуломи он фикр шавем, ки ин аввалин давраи давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатии мо мебошад. Заминаҳои ин истиқлолият ва давлати миллии мо  решаҳои чуқури таърихӣ доранд. Мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ бедавлат набудем. Шаклҳои гуногуни давлатдории мо, ки дар марзҳои гуногун ойгир буданд, барои нигоҳдории тачрибаи давлатдории миллати мо замина ва дарси таърихии  хубе мебошанд. Ин  кишвари ҳазорҳо шаҳро, боғҳо буд. Ин ҷо қадимтарин давлатхои  мо Бохтару Суғд арзи вуҷуд карда, баъдтар дигар давлатҳо пайдо шуда, таназзул ёфтаанд. Ва бузургтарин империяи тоҷикӣ, бешак, давлати Сомониён буд, ки сохтори муосири давлатдорӣ бо низоми беназири идоракунӣ дошт…

Шаклҳои гуногуни давлатдории мо, ки дар минтақаҳои гуногун ҷойгир буданд, барои нигоҳдории таҷрибаи давлатдории миллати мо замина ва дарси таърихии  хубе мебошанд. Бо шикаст хўрдани империяи Сомониён давлатҳои хурд-хурди тоҷикӣ аз байн нарафтанд. Худи бекигариҳои Ҳисор, Балҷувону  Кўлоб ва Қўрғонтеппаву Қубодиён, Дарвозу Қаротегину шоҳигариҳо ё бекигариҳо дар Бадахшон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки то асри ХХ дар ин ё он шакл тоҷикон дар марзу буми ватани азалӣ ва аҷдодии хеш ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ медоштанд.Чунин манзара дар Афғонистон низ ба назар мерасид. Аз ин рў, мавҷуд будани давлатдории тоҷикон дар тамоми таърихи мавҷудияти халқи мо ин як ҳақиқати бебаҳс аст.

Албатта, касе рад намекунад, ки мо баъди шикасти Давлати Сомониён қисман ба ҳайати империяҳои бузург, аз Ғазнавиёну Салҷуқиён то аморати Бухоро ва Иттиҳоди Шўравӣ  ба таври давлатдориҳои гуногун чун хонигарӣ, бекигарӣ, шоҳигарӣ, ҷумҳурии мухтор ва ҷумҳурии иттифоқӣ дохил будем, вале ҷавҳари озодипарастӣ ва  истиқлолхоҳии моро ҳеҷ яке аз империяҳо шикаста ва аз хотираи таърихии мо зудуда натавонистанд. Раванди истиқлолиятхоҳӣ ҳама вақт  ҷавҳари худшиносии мо буда ва мондааст, ки аз устод Абулқосим Фирдавсӣ то устод Садриддини Айнӣ он танҳо қувват гирифта,  оқибат ба давлатдории миллӣ ва имрўз ба давлати миллии соҳибихтиёри мо расидааст.

Яъне имрўз мо дар зинаи аввали давлатсозӣ нестем. Мо ба  эҳё ва бозсозии давлатдории худ сар кардаем ва ин 25 сол давраи тиллоии таърихи навини мост. Эҷодкории таърихии миллат маҳз дар ин замон бештару беҳтар бедор шуда,  қувват гирифт ва ба мо неруи бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшид.

Ба ҳамагон маълум аст. ки раванди истиқлолиятхоҳӣ ва давлатсозӣ кори содаву осон  нест. Дар таърих чунин ҳодисаҳову падидаҳо зиёд нестанд.  Садҳо халқу миллатҳо ин орзуву омолро бо худ бурдаанд ва аз баъзеи онҳо нишоне ҳам намондааст.Як қатор давлатҳои  бонуфузи замон раванди истиқлолиятхоҳиро бо муборизаҳои шадид аз сар гузаронидаанд.  Агар каме назарияпардозӣ кунем, давлатҳои мо дар аввал интегративӣ буданд. Онҳо намояндагони миллиятҳои зиёд ва мазҳабҳои гуногунро дарбар мегирифтанд. Аз ин рў бояд меъёри асосӣ забони давлатии онҳо бошад. Зеро маҳз забон ва завқи эстетики халқ метавонад ҳаёти маънавии халқ ё кишварро ифода намояд. Вале дар замони шўравӣ давлати мо дарҳақиқат шуроӣ шуд ва халқияту миллиятҳои зиёде дар идоракунии ин давлат, ки шакли давлатдории маҳдудро дошт иштирок мекард. Яъне мо истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ надоштем, гарчанде давлатдорӣ доштем.   Ин нишондиҳандаи он аст, ки истиқлолияти комилро ба даст овардан бисёр муҳим, вале хеле душвор  аст. Дар шароити Тоҷикистон ва давлатҳои собиқ Шўравӣ бошад, раванди истиқлолият хислат ва хусусияти  дигаре дошт.

Метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар шароити ин давлатҳо гарчанде решаҳои амиқи таърихӣ дошт, вале маҳз дар охири асри бисти милодӣ ҳодисаи ғайриинтизор буд. Дар ин марҳалаи таърихӣ заминаҳо барои истиқлолият чандон  устувор дониста намешуданд, вале ба ин нигоҳ накарда, истиқлолияти давлатӣ аз тарафи мардум қабул шуд, ҳарчанд дарки ин падида барои мардуми ба мустақилият одатнакарда хеле душвор ва мушкил буд. Мардум намедонистанд, ки чӣ кор кунанд. Касе дигар фармон намедод, касе кӯмак намекард, касе парвои мардум, кишвар ва давлат надошт. Ҳама мехостанд, ки ба ҳокимият расанд, вале дар пушти ин хоҳишҳо кӣ меистод ва ба лўхтакбозиҳо кӣ машғулбуд, касе намедонист. Қувваҳои муайян гуноҳро гоҳ ба гардани дин ва гоҳе ба дӯши ҳизбҳои сиёсӣ, ҳамсояҳову кишварҳои дур ҳавола мекарданд, вале касе аз пастии маърифати сиёсӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, надонистани таърихи худу бозиҳои геополитикӣ, қувваҳои дохилии марказгурезу ҷудоихоҳ, гурўҳҳои аз манкуртизми сиёсии хеш бехабармонда, ки  ҷомеаро ба бунбаст кашиданд, фикр намекард. Ба таври дигар гўем, омилҳои дохилиро, ки ҳама вақт нақши аввалиро доштанд, ба назари эътибор намегирифтанд. Ин дарси таърихӣ барои давлатдории мост. Хотираи таърихии миллат бояд низоми нигоҳдорӣ ва таҳлили пайвастаи таҷрибаи таърихии миллатро дошта бошад.

Тамоми омилҳои дохилиеро, ки ба амнияти кишвар ва минтақа таҳдид мекунанд, омўхта барои пешгирӣ кардани равандҳои манфӣ дар ҷомеа  чораҳои муассир андешидан  мувофиқи мақсад ба назар мерасад.. Бояд донем, ки маҳз омода набудани табақаҳои ҷомеа ба истиқлолият ва низоми демократӣ  боиси  ҷанги шаҳрвандӣ  гардид.

Бетаҷрибагии сиёсӣ, содагӣ ва зудбоварӣ мардумро ғуломи равандҳои сиёсӣ намуд. Давлат дар ин вазъият пурра фалаҷ гардида буд. Ҳокимият дар баъзе маҳалҳо ба дасти дуздону авбошону одамкушон гузашта тамоми ҳуқуқҳои заҳматкашонро зери по карда буданд. Ба сухани мардуми хонабардўш касе гўш намекард. Мардум маҷбур шуданд, ки хонаву ҷойи худро монда, ғарибу мусофир ва муҳоҷир шаванд. Бесоҳибии заминҳо ва ба муҳоҷирати корӣ рафтани мардум аз ҳамон вақту замон реша мегирад ва ба гардани Хукумати имруза бор кардани ин гуноҳи  муҳочират асос надорад.

Бояд  гуфт, ки бозгардонидани ҳокимияти халқ ба худи халқ кори осоне набуд, зеро худи мардум ҳам дар чорроҳа монда дўстро аз душман фарқ намекард. Бештари мардум ба маҳаллу миллиятҳои мавҷуда ва гуруҳҳои этникӣ ҷудо шуда буданд. Ин бузургтарин таҳдид барои Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мерафт. Ба корҳои дохилии кишвари мо хадамоти махсуси дигар давлатҳо дахолат карда, оташи зиддиятҳои дохилиро доман мезаданд ва кишварро ба бесуботӣ ва нобоварӣ ба ояндаи худ мекашониданд..

Вазифаи Ҳукумати нав аз ин хатар раҳонидани кардани мардум ва ҳифзи давлати миллии тоҷикон буд. Ҳар як халқе, ки соҳибистиқлол мегардад, мақсад ва вазифаи  аввалиндараҷаи он таҳияи низоми идораи давлатӣ ва ба ҳам овардани ҷомеа мешавад, бахусус дар ҳолати фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ.

Аз рўи принсипҳои муайянкардаи Макс Вебер-давлат ин қувваи махсусгардонидашуда ва муттамарказгардонидашуда барои нигоҳдории тартибот аст.

Давлат фақат дар он ҷое ба вуҷуд меояд ,ки дар зиндагии ҳаррўзаи иҷтимоӣ сохторҳои махсуси ҳифзи тартибот ,чун политсия ва суд ба вуҷуд меоянд. Маҳз онҳо давлат мебошанд.

Дар шароити Тоҷикистон низ  чунин буд, вале ҷанги шаҳрвандии хонумонсўз кишварро ба як харобазор табдил дод. Ва ҳатто сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гашта буданд. Онҳо қувваи нигоҳдорӣ кардани тартиботро надоштанд ва худ қурбонии аввалини қувваҳои харобкор мегаштанд. Қувваҳои дохилию хориҷӣ аз фурсати барояшон муносиб–зиддияти қувваҳои сиёсӣ ва маҳалҳо истифода бурда, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехтанд.Баъдтар қумондонҳо аз вазъияти баамаломада раванди вайроншавии  кишварро дарк намуда, кўшиш карданд, ки ҳама масъалаҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал намоянд, вале аллакай дер шуда буд. Табақаҳои гуногуни ҷомеа ба ақлу хирад ва фарҳанги сулҳпарастии мардум такя намуда дар назди вакилони халқ ҳалли масъалаи ҷанг ва сулҳро гузоштанд,  вале  ин давра давраи гайричашмдошт тезтағйирёбии ҳодисаҳои сиёсӣ буд. Баъзан дастгоҳҳои муқтадири ҳамонвақтаи ҳизбию давлатӣ аз равандҳои тағйирёбанда қафо монда, чӣ кор карданашонро намедонистанд.Вале ба ҳар ҳол халқи тоҷик ҳаққи худро аз даҳони шер гирифт ва худ ба шери далер ва чун рамзи таърихии худ шери зарринбол табдил ёфт. Дурахши ин дастоварди миллат дили ҳазорон одамонро ба сўйи озодии миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гарм карда, роҳи ояндаи миллатро равшан кард.

Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо оини давлату  давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикан, таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, бозэҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Имрўз аз  замони  расман эълон шудани Истиқлолияти давлатии мо  25 сол гузашт. Дар ин муҳлати бисёр муҳим пояҳои устувори давлатдории муосири тоҷикон  гузошта   шуданд. Бо душворӣ бошад ҳам, имрўз сарсахтарин мухолиф ва танқидгари Ҳукумат низ дастовардҳои бузурги моро дар соҳаҳои гуногун  эътироф накарда наметавонад.

Истиқлолу озодӣ, доштани роҳбари оқилу доно ва адолатпарвар  орзуву омоли деринаи миллати куҳанбунёди мо мебошад. Яъне барои миллати мо доштани пешвои миллӣ, шахси роҳбару роҳнамо зарурати таърӣ гашта буд, зеросохтани давлати миллӣ ва ташаккул додани манфиатҳои миллӣ бе Роҳбари оқилу тавоно ва тими таҳлилии пурқуввати миллӣ имкон надорад.  Дар асри бистум истиқлолият ва давлати миллӣ  ба андеша ё ғояи миллии мо табдил ёфт ва чун пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон, ки зинаи аввали ташаккули он ба даврони Шўравӣ  рост омада, баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ  шакли давлатдории мутамаддину пешрафтаро гирифт.Ҳамин тариқ идеяи миллиии мо маҳз истиқлолияти давлатии мо мебошад,к ҷавҳари онро давлати миллӣ ташкил менамояд.  Чоряк аср дар назди таърих хеле муҳлати кам аст, вале он барои насли мо давраи ҷавонӣ ва камолоти умрамон буд ва барои насли мо тамоми ҳаёт аст, ки  онро бо ҳам барои таҳкими бинои Истиқлолияти давлатӣ, зебу оро додани ин қасри муҳташам, зебову дилкаш ва ҷаззоби миллӣ бахшидем. Орзўи давраи ҷавонии мо ба воқеият табдил ёфт.Мо насли хушбахтем, соҳиби ватан,давлат, фарҳанги миллӣ ва пешвои миллӣ ва стратегияи рушди худ гаштем ва худ дар раванди  сохтани он иштирок кардем. Пас ҳифзи он мақсади ҷонии ҳар яке аз мост. Ва ҳамаи ин барои насли ояндааст.

Истиқлолияти давлатӣ авҷи дар амал татбиқшавии орзуву омолҳои миллат аст, ки бо ба вуҷуд овардани давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ, ҷойгоҳ ва мақоми худро устувор менамояд, миллатро бо забону фарҳанг ва ҳадафҳои таърихии хеш шинос месозад, низоми давлатдории худро интихоб, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ рамзи ватандўстӣ ва ватандории ҳақиқӣ ва воқеии ҳар як шаҳрванд аст, вазифаи  ҳар як фарди ин миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта ва минбаъд низ ин бозёфти таърихӣ, ин атои худовандӣ, ин ҷараёни худогоҳӣ ва худшиносии миллатро пайгирӣ менамояд ва пешрафту ободонии ин диёри куҳанбунёди худ саҳми шоиста ва арзандаи хешро мегузорад.

 

Сайфулло Сафаров,

муовини якуми Директори Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои фалсафа


Садақаро бояд ба мардуми камбизоат дод, на ба рӯҳониёну сарватмандон

$
0
0

Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 12 сентябри соли равон мардуми Тоҷикистон чун дигар мусулмонони кишварҳои  ҷаҳон Иди саиди Қурбонро таҷлил менамоянд. Вобаста ба ин, 12 сентябр соати 7:00 дар тамоми масҷидҳои ҷомеаи кишварамон намози Иди Қурбон баргузор мегардад.

«Иди Қурбон яке аз идҳои исломӣ ба шумор рафта, он ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои  уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон. Раиси Шӯрои  уламои кишвар афзуд, ки дар истилоҳи тоҷикон ин идро иди Қурбон мегӯянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул (с) бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гӯштро садақа мекунанд ва он ба суннати қадимаи қурбонӣ нисбат дода шудааст, ки маънои иди наздик шудан ба Худост. Дар рӯзи Иди Қурбон корҳое вуҷуд доранд, ки бо анҷом додани онҳо мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем.  Паёмбари гиромии Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Парвардигори шумо барои шумо ду рӯзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рӯзҳо беҳтар аст». Мақсад аз ин ду рӯз иди саиди Фитр ва иди саиди Қурбон аст. Дар дигар ҳадисҳои Паёмбари гиромии Ислом (с) омадааст, ки ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ ва бахшидани  якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кумак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон аст, зеро Шайх Фаридуддини Аттор фармудааст:

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд ҷаннати дарбастаро.  

Таърихи пайдоиши иди саиди Қурбон

saidmukarram-a-1Ҳамзамон Сайидмукаррам Абдулқодирзода доир ба таърихи зуҳури  иди саиди Қурбон ибрози назар карда, афзуд, ки Иди Қурбон аз замони ҳазрати Иброҳим (а) сарчашма мегирад. Ҳазрати Иброҳим (а) бо фармони Худо ба сарзамини Фаластин рафт. Вақте ки аз ҳамсараш Соро фарзанд нашуд, бо Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ӯ фарзанде ба номи Исмоил ба дунё омад. Фармони Худованд шуд, ки Иброҳим (а) бо ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил ба сарзамини Маккаи Мукаррама, ки дар он вақт танҳо як ҷазираи бе обу гиёҳ буд, сафар намуда,он ҷоро барои ҳамсару фарзанди азизаш ватан ихтиёр намуд.

Дар 12-солагии фарзандаш Исмоил (а) ҳазрати Иброҳим (а) мавриди имтиҳони бузурги Худованд қарор гирифт. Он рӯз 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа, ки рӯзи саиди Қурбон аст, ба қурбонӣ кардани фарзандаш маъмур шуд. Иброҳим (а) бо фарзандаш Исмоил (а) машварат намуд ва ҳар ду ба майдони қурбонгоҳ рафтанд, то ҷигаргӯшаашро қурбонӣ кунад. Дар ин ҳолат тамоми фариштагони осмон нолаву зорӣ ба боргоҳи Худованд менамуданд, то Иброҳим (а) аз имтиҳони Худованд комёб шавад ва дуои онҳо иҷобат шуд. Ҳазрати Ҷабраил (алайҳиссалом) бо гӯсфанде иваз аз Исмоил (а) бо фармони Худованд бар замин фуруд омад ва Иброҳим (а) ба ҷои фарзандаш гӯсфандро қурбонӣ намуд. Ба ҳамин хотир аст, ки тамоми мусалмонон дар рӯзи иди Қурбон гӯсфанд қурбонӣ мекунанд.

Рӯзи ид рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад, бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, чаро ки ин рӯз рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст.

Иди  Қурбон рӯзи садоқат ва ваҳдат аст

«Таълимоти Ислом моро пайваста ба он даъват мекунад, ки дар  рӯзи Ид ва тамоми сол  кинаву кудуррат ва душманиро аз дил дур сохта, бародаронамон ва ҳамватанонамонро дар оғӯш гирифта,  Иди Қурбонро ҳамчун рӯзи садоқат ва ваҳдату якпорчагии мусулмонони кишвари азизамон ҷашн гирем»,- афзуд раиси Шӯрои уламои кишвар. . Бояд зикр кард, ки қурбонӣ кардан барои мардуми мусулмон ибодати молӣ аст.

Қурбонӣ кардан   ибодати молист

Дар посух ба савол, ки қурбонӣ кардан чӣ гуна ибодат аст? Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки қурбонӣ кардан барои мардуми мусулмон ибодати молӣ буда,  дар Ислом аз аҳамияти вежае бархурдор мебошад. Қурбонӣ яке аз шиорҳои Ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим (а) ҷонварро холис барои Худои ягона ва барои ризои Ӯ забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорпои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорпои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида,  савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).

Қурбонӣ бар кадом шахсон воҷиб аст?

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Нисоби закот ба ҳисоби имрӯза муодил ба 17 ҳазору 400 сомонист. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа рост меояд.  Агар дар ин рӯзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлост. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону камбизоатон садақа намояд. Агар шахсе хоҳад, ки қурбонии солҳои гузаштаашро анҷом диҳад, метавонад, ки пули қурбониро ба камбизоатон расонад.

Қурбониро метавон дастаҷамъона  анҷом дод

Ҳамзамон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавриди суннати қурбонӣ кардан, табодули назар карда гуфт, ки «агар дар як хона якчанд бародар зиндагӣ кунанду ҳамагӣ соҳибнисоб бошанд, бояд дастаҷамъона қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб бошанду ҳамагӣ дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад».

Дар посух ба саволи: бархе аз мардум бар ин ақидаанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан барои  онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд? Раиси Шӯрои уламои кишвар мегӯяд, ки ин ақида ғалат аст ва асоси шаръӣ ва илмӣ надорад, зеро ки шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватмандӣ аст.

Қурбонӣ танҳо аз чорпоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гӯсфанд дуруст аст. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ дар қурбонӣ     ҷоиз нест.

kurboni Моли қурбонӣ чӣ гуна бояд бошад?

«Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад»,- меафзояд Саидмукаррам Абдулқодирзода. Бузу гӯсфанд бояд аз яксола боло  вале агар аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанди яксола ба назар намояд, қурбонӣ карданаш ҷоиз аст. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурӯхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори он садақа кунад. Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар шикастагии он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.

Ҳамчунин агар ҳар ду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад ё бағоят лоғар бошад, ё дандонҳояш шикаста,  гӯш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гӯши ҳайвон боқӣ бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.

Гӯшти қурбониро ба киҳо бояд тақсим кард?

Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонӣ ба фақирону сарватмандон таом диҳад. Афзал ин аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро садақа диҳад, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ сарф кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба ятимону маъюбону бепарасторон тақсим намояд.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод  кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Ҳамон тавр, ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст. Чунки асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатро дини мубини Ислом барои сохтани фарди солим, иззату эҳтиром, накӯкорӣ, тақвияти равобити байни инсонҳо ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона менамояд. Пас барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзои он, тарбияи афроди солим зарурат дорад, зеро Ислом ҳамеша инсонро барои накӯкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад.

Садақаро танҳо ба камбизоатон ва муҳтоҷон диҳед

«Садақаро бояд ба камбизоатону афроди ниёзманд дод, на ашхоси сарватманд ва бениёз. Аз ин хотир, додани садақа ба ходимони дин, рӯҳониён, махдуму саидзодаҳо ва шахсоне, ки соҳиби молу сарват ҳастанд, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дуруст намегардад,- афзуд Сайидмукаррам Абдулқодирзода.

Марзия  Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар».

 

Қабули Конститутсия- аз ҷумлаи вазифаҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон

$
0
0

«Ислоҳоти конститутсионӣ ва дар ин замина бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки ин иқдоми бузург 6-уми ноябри соли 1994 амалӣ карда шуд».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият дар ҳар давру замон новобаста ба давраҳои таърихӣ ва ҳукмронии салатанату сулолаҳои гузашта ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти мо ба шумор мерафт.

Таърих собит месозад, ки ба даст овардани Истиқлолият дар сарнавишти куҳан ва тақдири миллатҳо пирӯзии бузургу бемисл маҳсуб мешавад ва ин падидаи бемисл ба осонӣ ба даст намеояд.

Барои муяссар шудан ба Истиқлолият мардуму миллатҳо роҳи тӯлонӣ, пурфарозу нишеб ва саршор аз муборизаву равандҳои зиддиятнокро паси сар мекунанд.

Дар айни замон низ дар сайёра мардумоне ҳастанд, ки барои озодиву истиқлол пайгирона талош намуда, барои даст ёфтан ба оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ ва арзишҳои миллӣ ҷони худро нисор мекунанд ва ҳамеша ба орзуи истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хеш мебошанд.

hoshimzodaДар тӯли беш аз ҳазор сол миллати фарҳангсолори тоҷик орзуи давлати мустақили худро мекард ва ормони падидаи муаззами истиқлол ҳамеша дар қалби ҳамагон неруву тавоноӣ мебахшид.

Танҳо бо ҳукми тақдир ба давлати мо муяссар гардид, ки дар ибтидои солҳои навадуми қарни сипаригардида соҳиби дав­лати миллӣ – Тоҷи­кистони соҳибистиқлол гардида, ҳувият ва суннатҳои давлатдории таъри­хии худро нигоҳ дорад ва мо дар муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳон сазовори мақому нуфузи байналмилалӣ шавем.

Истиқлолият бо такя ба ормонҳои деринаи миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин ба мардуми  тоҷик қувваи тавоное бахшида, барои таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётии кишвар шароити зарурӣ фароҳам овард.

Истиқлолият ҳамчун бузургтарин неъмат ва тантанаи адолати таърих рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ, нишонаи бузург­дошти таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон ва пой­дориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшад.

Истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститут­сионӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди бемайлони давлат, вазъи муъта­дили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккули ҳокимияти судӣ, аз ҷумла мақомоти назорати конститутсионӣ мусоидат кард.

Дар ҳамин радиф имрӯз дар давлати демократӣ мақомоти назорати конститутсионӣ, яъне Суди конститутсионӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда адолати судиро ба амал бароварда, дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоият ва ҳифзи меъёрҳои Конститутсияи кишвар, инчунин таҳкими қонунияту адолати иҷтимоӣ нақши муфид дорад.

Дар Тоҷикистон таъсис ва ташаккули Суди конститутсионӣ бо дастги­риҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, зеро маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат дар Тоҷикистон дар баробари дигар падидаҳои давлати демократӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ  таъсис дода шуд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухаронии худ дар конфронси байнал­милалӣ ба муносибати 20-солагии Суди конститутсионӣ 17 сентябри соли 2015 зикр карданд: «…ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд.

Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун Роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт.

…Бинобар ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда- Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ эътироф карда шуданд».

Ҳамин аст, ки бо ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи Роҳбари давлат Суди конститутсионии кишвар таъсис ва рушду нумӯъ ёфт.

Назорати судии конститутсионӣ, ки аз ҷониби мақомоти назорати конститут­сионӣ амалӣ карда мешавад, кафолати муҳиму самараноки ҳуқуқии таъмини волоияти ҳуқуқ ва иҷрои бечунучарои Қонуни асосии кишвар маҳсуб мешавад.

Мавҷудияти институти босамари назорати конститутсионӣ дар давлат ба сифати яке аз омилҳои асосӣ маънидод мегардад, ки вобаста ба он дар маҷмӯъ аз сатҳи демократикунонии  ҷомеа баҳо додан мумкин аст.

Вобаста ба ин, метавон зикр кард, ки ташкили институти назорати конститутсионӣ ва пазируфта шудани он дар низоми муосири ҳокимияти давлатӣ дастоварди таҳавуллоти соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад ва бо таъсиси институти назорати судии конститутсионӣ кулли асосҳои консти­тут­­сио­нализми муосир сифатан тағйир ёфтанд.

Баамалбарории назорати конститутсионӣ- ин на танҳо эмин нигоҳ дош­тани Конститутсия, балки дар сурати ошкор гардидан ва муайян кардани халалдорсозии муқаррароти ҳимояи он ва ҳамзамон муқаррар кардан, нигоҳ доштан, мустаҳкам кардан ва барқарор кардани қонунияти конститутсионӣ ва тартибот мебошад.

Дар шароити муосир фаъолияти самараноки мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикис­тон ба он мусоидат намуд, ки субъектони дорои ҳуқуқи муроҷиат ба он, зарурат ва муҳимияти муроҷиат ба ин мақомотро бобати таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Консти­тутсия, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниро аз ҳарвақта дида бештар дарк кардаанд ва шаҳодати ин сол аз сол афзудани шумораи муроҷиатҳо ба Суди конститутсионӣ мебошад.

Дар тӯли фаъолияти Суди конститут­сионӣ нисбат ба зиёда аз сад дархосту пешниҳоди субъектони муроҷиат ба Суди конститут­сионӣ санадҳои дахлдор  қабул карда шуданд.

Имрӯз ифтихорманд аз онем, ки мо соҳиби давлати миллӣ гардидем ва бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ниёгонамонро, ки кафили пешрафт ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд, эмин нигоҳ доштем. Дар зарфи чоряк соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба дасто­вард­ҳое ноил гардидем, ки онҳо ба ҳазорсолаҳо бароба­ранд.

Бинобар ин, мо бояд Истиқлолияту озодиро чун шоҳсутун­ҳои ҳастии миллат, кафили иттиҳоду ваҳдати миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳти­роми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ва гавҳари  бебаҳо нигоҳ дорем ва ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаи неку осуда қадам гузорем.

 

Даврон Ҳошимзода

судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ.

Афсонаи даҳшатангези ДОИШ: вабо ба хонаи шумо!

$
0
0

Душанбе, 21.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Соли 2015 аз ҷониби Палатаи иҷтимоии ФР ҳамроҳ бо бунёди сулҳи Русия, Маркази зиддитеррористии ШДМ ва Шӯрои муфтиёти Русия дастури махсус барои ҷавонон- «Афсонаи даҳшатангези ДОИШ» чоп гардид. Дар он мавод оид ба усулҳои созмонҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» (ДОИШ) ва мухолифат бо ифротгароии байналмилалӣ ҷамъ оварда шудааст. Муҳтавои дастурамал одамонро бо далелҳои қабул ва усулҳои ҷалбкунӣ ба доми худ аз ҷониби намояндагони ҷараёнҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Русия ва хориҷи кишвар ошно месозад. Дар он ба хонандагон ва падару модарон нақл мекунанд, ки онҳо чӣ тавр ба таъсири ҷалб ба сафи исломиҳо бояд муқобилият нишон дода, ба масъалаи чӣ гуна муайян намудани майли кӯдак ба идеологияи исломӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд. Дар китоби мазкур ҳикояҳои ҳақиқӣ ва нақлҳои одамон, ки роҳҳои истихдомро дар марҳилаҳои гуногун аз сар гузарондаанд, барои муносибат бо такдири инсон аз тариқи созмонҳои идеологӣ, аз ҷумла- ДОИШ намунаи зинда мебошанд, нашр гардидаанд. Дастур дар байни донишҷӯёни рус паҳн карда мешавад.
Дар ин ҷо аз дастурамали таълимӣ-методии «Афсонаи даҳшатангези ДОИШ» ҷанбаҳои муҳим, зарурӣ, лаҳзаҳои дорои маърифатро оварда, ба наврасон ва падару модари онҳо маслиҳат медиҳем. ки бо матни пурраи он шинос шаванд.
«Суфи сафед дар парчамҳои сиёҳ, пешгӯиҳо аз китобҳои қадим, динорҳои тиллоӣ ва регҳои милт-милткунанда: ДОИШ бо такя ба асотир ва қаҳрамонӣ худро ошкор мекунад. Барои мисол, парчамҳои сиёҳро дар асрҳои миёна ҳам дар Аврупо ва дар ҳам дар Русия он ҷое насб мекарданд, ки вабо, яъне «марги сиёҳ» ҳукмфармоӣ мекард. Лаънати сахттарин ин буд: «вабо ба хонаи шумо». Донишманди асримиёнагии исломӣ Нуаайма ибн Ҳаммад ал-Марзавӣ «Ал-Фитан» («Смута») дар китоби худ овардааст: «Ҳамин ки шумо парчамҳои сиёҳро дидед, ҳатман хонаҳои худро тарк накунед. Ба замин афтода, дасту поятонро наҷунбонед. Одамоне хоҳанд расид, ки аз қабилаи заиф буда, арзиши таваҷҷуҳи шуморо надоранд. Дилҳояшон ҳамчун оҳан сахт аст. Дороиву мулк — ҳамаи он чизест, ки онҳо мехоҳанд. Онҳо уҳдадориҳои худро иҷро накарда, ақидаи устувор надоранд. Онҳо ба ҳақиқат даъват мекунанд, ҳарчанд худашон ҳақиқатҷӯ нестанд. Онҳо бо лақабҳои зишт ба якдигар муроҷиат намуда, номҳояшон аз номҳои шаҳру деҳоте, ки аз он ҷо баромадаанд, гирифта шудаанд. Мӯйҳои онҳо монанди мӯйҳои занон дароз аст. Замоне мерасад, ки миёни онҳо низоъ бармехезад ва ниҳоят ҳақиқат барқарор хоҳад шуд».
Ҳар ду матн одамонро ҳушдор медиҳад, ки хонаҳои худро тарк накунанд, то бо иблис ё «қабилаи заиф», ки ҷангиёни имрӯзаи ДОИШ ро ба ёд меорад-мӯйҳои дароз, номҳои мисли«Ал-Бағдодӣ» (яъне «зодаи Бағдод»), «Ал-Зарқавӣ» («сокини Зарқа», шаҳр дар Урдун) ё «Ал-Тунисӣ» («тунисӣ») бархӯрда, ба бадбахтие гирифтор нашаванд. Онеро, ки онҳо худашон ҳақиқатҷӯ нестанд, солҳост, ки мусулмонони тамоми ҷаҳон тасдиқ мекунанд ва даъват менамоянд, ки ин гурӯҳ «давлатӣ исломӣ» ном ном бурда нашавад. Ривоятҳо ва рамзҳо барои ДОИШ муҳиманд: бо такя ба хилофат, ки дар тулӯи ислом ҳукмрон буд, террористон кӯшиш мекунанд ба лоиҳаи «хунин»-и худ тобиши пурмаъноӣ ва «қонуният» диҳанд. Одамкушӣ ва дигар ҷиноятҳоро онҳо гӯё, ки интихобӣ анҷом медиҳанд, вале дар асл кӯшиш мекунанд, ки дар замони мо муҷаддадан тартиботи асримиёнагиро ҷорӣ намуда, вақт ва пешрафтро нигоҳ доранд. Оне ки ДОИШ аз технологияҳои имрӯза истифода мебарад, ҳанӯз аз талоши ӯ барои рушд шаҳодат намедиҳад. Ин ё роҳи эҷоди-сифати баланд барои муборизони нав, ё воситае бар зидди фирорҳост. Агар касе ҳам битавонад фирор намояд, ДОИШ дар интернет навори видеоии ҷиноёти пештар содиршударо мегузорад. Ва ҳеҷ ниқоби сиёҳе наметавонад наҷот диҳад, махсусан агар вақте ки аз навор модароне бо умеди дарёфти фарзандони бедараки худ дидан кунанд.
Пояи ин биҳишти рӯи замин идеологияест, ки бар тафсири ғалати Қуръон ва китобҳои дигари муқаддаси ислом, куштор, ғуломӣ ва ғоратгарӣ бунёд гардидааст. Марги беҳудаи одамон ҳамчун шаҳодати сарбурӣ, пирӯзӣ бар душман (ҳарчанд душман журналисти бесилоҳ, имоми норозӣ, масеҳӣ ё эзид аст), нишон дода шуда, фурӯши одамон- кори на танҳо қонунӣ, балки адолат аст.
Пешвоёни ДОИШ мутмаинанд, ки либоси сиёҳ, ришҳои расида, ангуштони ишоравии бо таҳдид баландшуда ва нутқ дар маросими мотам- андозаи муаррифии ягона ва умумии худ ва ақоиди худ мебошад. Барои он касе, ки ба ин чизҳо бовар намекунад ва кӯшиш мекунад ақидаи худро пешниҳод намояд ё ақаллан ақидаи каси дигарро изҳор намояд- ҳукми қатл пешбинӣ шудааст.
ДОИШ дорои сарчашмаҳои зиёди даромади дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Дар сарзаминҳои тасарруфшуда гурӯҳ ба ихроҷи нафт, одамфурӯшӣ машғул буда, далелҳои сохтаро фурӯхта, бо андозу боҷ озмоиш мекунад- барои имони нодуруст боҷ ҷорӣ шудааст. Аз берун ҳамёни ДОИШ аз фондҳои башардӯстонаи зиёди кишварҳои халиҷи Форс, ки ҳадс мезананд маблағҳояшон ба куҷо меравад, вале онро ошкоро эътироф намекунанд, пур мешавад. Қиссаҳои каму беш воқеие вуҷуд доранд, ки ДОИШ дар Ғарб, бавижа ИМА бо интиқоли маблағи ҳангуфте ба ҳисоби гурӯҳ пуштибонӣ мешавад. Дар сурате, ки террористони пешрафта асъори виртуалии биткойнро озмоиш мекунанд, пайгирии воридоти молии онҳо ғайриимкон аст. Айни ҳол асъори асосии ДОИШ на пул, на нафт ва арзишҳо, балки ҳаёт ва истеъдоди инсонҳост, зеро барои гаравгонҳо метавонанд фидя бигиранд, ё дар сурати нокомӣ онҳоро чун ҳадафҳои зинда барои ҷазои ҳукми қатл истифода мебаранд. Соҳибони ғуломони мард ва зан ҳеҷ уҳдадорие надоранд, вале барои ба асорат гирифтан баҳона зиёд аст: имон ва хун, ҷинс, синну сол … Бо истеъдод ҳам чун бо минтақаҳо ва аҳолии ишғолшуда ҳар коре хоҳанд мекунанд. Мантиқ сода аст: танҳо «соҳибон» тасмим мегиранд, ки барои«хилофати бузург» чӣ беҳтар аст, бинобар ин идомаи ҳаёти мутахассисони дараҷаи олии кирояшудаи ДОИШ-ро эҳтиёҷоти лаҳзаинаи пешвои «давлат» муқаррар мекунад. Ва он гоҳ на истеъдод, на салоҳият ва ё садоқатмандӣ наҷот дода наметавонанд.
Агар террористон фаъолияти худро ба ҳамин минвол идома диҳанд, он гоҳ дар сарзамини куҳанбунёди муқаддас, ки сарчашмаи тамаддуни башарист, ягон ёдгорӣ, ё муҳофизаткунандаи забон ва урфу одати маҳаллӣ боқӣ намемонад. Мутахассисоне, ки худро довталабона ба ихтиёри ДОИШ супоридаанд, имконияти барои худ кор карданро аз даст дода, барои ҷаллодон ва ё шайхони араб, ки сарватманданд, кор мекунанд.
Ба ҷои таҳкурсии воқеии дин ба навқабулшудагон ақидаи фосиқона, ки бар зӯроварӣ бунёд ёфтааст, пешниҳод мешавад ва ҳарчӣ бештар дар китобҳо ва мақолаҳои тавсияшуда даъват барои «ҷиҳод» ва тоза кардани коинот зиёд бошад,ҳамон андоза эҳтимоли аз сӯи гурӯҳҳои террористии исломӣ бархестани он зиёд аст.
Баъд аз мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтан, истихдомкунанда оид ба шахсият ва хислати навқабулшуда хулосаҳои лозимӣ бароварда, «ҷойҳои заиф» -и ӯро пайдо карда, мушкилотро ошкор мекунад. Ин маълумот барои эҷоди вобастагии амиқтар барои худаш ва гурӯҳаш, ҳамчунин дар сурати зарурат барои таҳдид истифода бурда мешавад.
Баъди тафтиш пешниҳоди сафар ба ҷойҳои дур барои «ғасби ҷаҳон» равон карда мешавад. ДОИШ расман даъват намекунад, чун аз замони тамос бо истихдомкунанда қурбонӣ аллакай дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷалбшуда чун узви он аст.
Ба ибораи дигар, розигии расмии ДОИШ барои он касе, ки ӯро моликияти худ меҳисобад, талаб карда намешавад.
Тарҷумаи Манзар Боева

Посух ба гузориши сомонаи «Радиои озодӣ» таҳти унвони «Тоҷикистон дар умқи буҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад»

$
0
0

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавассути «Радиои озодӣ» иттилоъ ёфтем, ки гурӯҳи муаллифон — созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ филми мустанаде бо номи «Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад» таҳия намудааст. Ин филм 21 сентябр бо ибтикори созмонҳои зикршуда дар нишасти САҲА дар Варшава намоиш дода шуд. Ба ҳайси қаҳрамонҳои филм намояндагони ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва ба ном Гурӯҳи 24 муаррифӣ шудаанд. Аҷобат дар он аст, ки чунин ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ҳеҷ ҷое сабти ном нашудааст. Гурӯҳи 24 низ аслан дар шабакаҳои хабарии баъзе аз гурӯҳҳою иттиҳодҳои ба ном мустақили беруна номбар мешавад. Вале киҳо аъзои ин гурӯҳанд ва чӣ ҳадаф доранд, ба ҳеҷ кас рӯшан нест.
Собиқ ҲНИТ дар асоси фаъолияти ғайриқонунӣ ва кӯшишҳои террористию ифротгароӣ мамнӯъ эълон шуда буд ва ҳатто, ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид гардидааст. Ҳанӯз дар давраи фаъолият дар дохили Тоҷикистон фирори аъзои ҳизб ё изҳороти охири собиқ ҳуқуқшиноси ҳизби мазкур Зарафо Раҳмонӣ шаҳодат аз фаъолияти «қонунӣ»-и ин ҳизб мебошад. Фаъолияти аъзои собиқ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24, ки бешубҳа, бо ҳидояту дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ба вуқӯъ меояд, ҳамчун амали мухолифини тоҷик бояд қабул нашавад, зеро аввалан, инҳо ба шакли воқеӣ вуҷуд надоранд ва сониян, ҳамеша муқобили оромию субот ва ваҳдату пешравии Тоҷикистон ҳастанд. Аслан, ашхосе, ки хешро соҳибҳизб мепиндоранду дар хориҷи мамлакат паноҳ гирифта, иғво меангезанд, дар Тоҷикистон ҳеҷ тарафдору ҳамақидае надоранд. Онҳо ҳамагӣ чанд нафари ангуштшумореанд, ки аз бадхоҳону кинаварон ва хоҷагони хориҷӣ маблағи ҳангуфт ба даст оварда, «обро лой карда» кайфу сафо намуда гаштаанд. Онҳо, ки худро ғамхору дилсӯз ва дӯстдори миллат меҳисобанд, на парвои миллат доранду на давлат. Ин нуктаҳо бедалел нестанд ва мо одат надорем, ки ба монанди нотавонбинону бадхоҳони Ватани азизамон беасос сухан бигӯем. Далели муътамад ва радношаванда боз ҳам ҳамон мусоҳибаи собиқ узви аршад ва роздони ҳизби мамнӯъ Зарафо Раҳмонӣ мебошад. Кабирӣ ва косалесонаш ҳамеша ба ҳар андешаи солими Ҳукумати мамлакат тавассути сомонаашон санги маломат мезананду мекӯшанд, ки хешро покизаю озода ҷилва диҳанд. Аммо нисбат ба суханони З.Раҳмонӣ, ки асрори ниҳонӣ ва ҷинояткоронаи шахсан худи Кабириро ошкор намуд, ба лаб муҳри хомӯшӣ ниҳоданд. Дуруст аст, ки мегӯянд: «сухани ҳақ посух надорад». Дар ин маврид онҳо натавонистанд, ки худро «сафед» намоянд.
Изҳороти созмонҳои Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ доир ба он ки ҳоло «Тоҷикистон дар умқи як буҳрони шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад», фасонае беш нест. Маҳз дар 20 соли охир дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқниҳод ва ҳифзу риояи ҳуқуқи инсон Тоҷикистон соҳиби дастовардҳои чашмрас гардидааст, ки инро ташкилотҳои бонуфуз ва намояндагони мамолики мутараққии ҷаҳон борҳо таъкид намудаанд. Як ё ду нафар, онҳое, ки бо қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ амалашон созгор несту тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, нишонаи вайронкунии ҳуқуқи башар, фурӯравии Тоҷикистон дар умқи ин буҳрон нестанд.
Даъвои он ки «даҳҳо ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, журналистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки нисбат ба ҳукумат андешаҳои интиқодӣ баён мекарданд, боздошт шуданд» дурӯғи маҳз аст. Тавассути ВАО ва сомонаҳои гуногуни интернетӣ шаҳрвандони Тоҷикистон озодона ва шаффоф фикрҳои худро баён месозанд. «Садҳо фаъолон»-и аз кишвар беруншуда, ки гӯё ҳадафи «шикор»-и Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтаанд, сирф беасос аст, зеро аввалан, чунин теъдоди «фирориёни фаъол» ҷой надорад, баъдан, ному насаби онҳое, ки боиси «шикор» қарор гирифтаанд, барои ҳеҷ кас мушаххас нест.
Умуман, мазмуну муҳтавои гузориши «Радиои озодӣ» зери унвони «Тоҷикистон дар умқи буҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад» асос ва далели воқеӣ надорад. Чунин амали ноҷавонмардона нодида гирифтани муваффақиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ буда, бо ҳар васила ноором сохтан ва халал ворид намудан ба амну осоиштагии мардуми ҷумҳурӣ, латмадор кардани рушди соҳаҳои мухталифи кишвар мебошад.

Н.Убайдуллоев, доктори илмҳои таърих, профессор,
Б.Самиев, доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Ҳ.Зикиров, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

hnit-2 hnit

«Гузарад соати душвор, Ватанро мафурӯш!» (Нигоҳе ба шеърҳои ватандўстонаи Абдуллоҳи Раҳнамо)

$
0
0

         Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон озмуни беҳтарин асари назмӣ ва насрӣ дар мавзўи Ватан, давлат ва истиқлолиятро ҷамъбаст кард. Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ИН Низом Қосим эълон намуд, ки аз миёни 35 асари омўхташуда навиштаҳои Абдуллоҳи Раҳнамо яке аз беҳтарин осори назмӣ дар мавзўи ватандўстӣ ва истиқлолият шинохта шуданд. Вақти тақдими ҷоиза ба А.Раҳнамо Раиси Иттифоқи Нависандагон таъкид кард, ки номбурда корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, узви Иттифоқи Нависандагон нест, аммо ҳайати доварон сатҳу мазмуни шеърҳои ватандўстонаи ўро ба назар гирифта, ба хулоса омаданд, ки ин мукофотро ба ў муносиб донанд.

Хабари беҳтарин асари назмӣ дар мавзўи ватан ва истиқлолят дониста шудани ашъори Абдуллоҳи Раҳнамо боис гашт, ки бори дигар ба шеърҳои ў муроҷиат намоям. Мутолиаи осори назмии ў нишон медиҳад, ки шоир дар ҳақиқат ифодакунандаи андешаву афкори аз замири қалб бурузкунанда ё лабрезшудаи як фарзанди ватан аст, ки масъалаҳои иҷтимоии ҷомеаро бо тамоми вуҷудаш эҳсос мекунад.

Бале, дар муқаддимаи китоби шеъри ў муҳаррирон гуфтаанд, ки Абдуллоҳи Раҳнамо шоири касбӣ нест ва ашъори зиёду маҷмуаҳои бузургҳаҷм надорад. Аммо огоҳон медонанд, ки аввалан, шоирӣ касб нест, балки ҳунар, истеъдоди худодод буда, на ҳаркиро лоиқ аст ва сониян, аз ашъори бузургҳаҷме, ки гавҳари маънӣ, навовариву навгонӣ надошта бошад, чи суд?  Пас, шеъри Раҳнамо агарчи кутоҳу камҳаҷм бошад, вале гарму нишонрас аст.

Аксари шеърҳои Раҳнамо ба инъикоси мавзўъҳои ватандўстӣ, давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ нигаронида шуда, муҳаббати  амиқ ба ватан, касби истиқлоли фикрӣ, мактабу маориф, раҳоӣ аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва нодонӣ ё ба ибораи худаш, «огоҳиву тафаккуру номусу боварӣ»-ро тараннумгаранд. Алалхусус, шеърҳои «Ҷойгоҳи давлат», «Ҷойгоҳи  Ватан», «Роҳати ҷон аст тоҷик», «Эъломияи инқилоб», «Суруди Ватан», «Ватанро мафурўш», «Насли ваҳдат» дар адабиёти мо суханони нав ва баёнгари гуфтаҳои болоянд. Магар бе эҳсоси баланди ватандорӣ сурудани чунин мисраъҳои баланд имконпазир аст?

Қасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерўяд,

Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.

Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан,

Қиём мекунад аз синаи зимистонаш.

Муқаддас аст замине, ки модари таърих,

Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!

Дар чунин сатҳи баланд ба мавзўъҳои иҷтимоӣ, аз худшиносиву худогоҳӣ сар карда, то ба мавзўъҳои печидаи сиёсӣ даст задани А.Раҳнамо гувоҳ аз донишу фазилат ва васеъ будани афкору андешааш мебошад, ки ба хонанда ҳатман таъсир мерасонад. Шеърҳои «Рўзадорему ришва мегирем», «Ҷанги мазҳаб», «Имрўзи мусалмонон», «Агар имон мебуд» ва ғайраро дар исботи ин андеша намуна овардан мумкин аст.

Хулоса, барои тақвияти гуфтаҳои боло мехостам чанд шеъри Абдуллоҳи Раҳнаморо аз маҷмўаи «Ту дар гуфтан намеоӣ…» (Душанбе, 2016) барои хонандагон пешниҳод созам, то бузургии ишқ ба Ватани азиз, вусъати андеша ва баландии тахайюли шоир пеши назари худи хонандагон ҳувайдо гардад. Яъне, рўшан шавад, ки як маҷмўае бо чунин шеърҳои гарму ноби ватандўстона, ки эҳсосу ифтихори ватандориро дар вуҷуди фард парвариш медиҳад, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадрдонӣ мебошад.

 

Баҳриддини Нодир

 

Ҷойгоҳи  Ватан

Қасам ба ишқи бузурге, ки нест поёнаш,

Қасам ба гардиши тақдири гирдгардонаш.

Қасам ба оби зулолаш, ки ройгон ҷорист,

Қасам ба вусъати таъриху кўҳи имонаш.

 

Қасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерўяд,

Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.

Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан,

Қиём мекунад аз синаи зимистонаш.

 

Қасам ба ҷилди китобе, ки дар Бухоро сўхт,

Қасам ба дастхати чармпўши девонаш.

Қасам ба ҳурмати чўби сафеди гаҳвора,

Қасам ба модари маъсуми покдомонаш.

 

Қасам ба бораи санге, ки Қасри миллат шуд,

Қасам ба мавҷи хати парчами парафшонаш.

Қасам ба ҳиммати марди бузурги ҷонбаркаф,

Ки ҷамъ кард ба тадбир халқи сарсонаш…

 

Муқаддас аст замине, ки модари таърих,

Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!

 

 Роҳати ҷон аст тоҷик

Некрўю некному некунвон аст тоҷик,

Хушдилу софу самимию сухандон аст тоҷик,

Як чаман себаргаву як пора имон аст тоҷик,

Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Хандаҳои кўдакони пахтасебаш нур дорад,

Дар нигоҳи дилбарони дилфиребаш нур дорад,

Дар ҷабини мўсафедони базебаш нур дорад,

Осмону офтобу моҳи тобон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Аз табори растагору аз нажоди арҷманд аст,

Хиттаи нангаш бузургу марзи номусаш баланд аст,

Дар вуҷудаш кони панду дар забонаш кони қанд аст,

Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

Пораи ноне агар рўи замин бинад, бичинад,

Аз муҳаббат об гардад гар ғариберо бубинад,

Дар бари ҳамсояи бемор чун модар нишинад,

Беҳтарин тафсири маънии мусулмон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 

                      Эъломияи инқилоб

Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,

Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,

Гар ту дорӣ фикри нобу тарҳи нобу ҳарфи ноб,

Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,

Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

Гар шиносӣ қадри вақту, пос дорӣ аҳди ёр,

Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,

Гар набахшию нагирӣ ришва дар иҷрои кор,

Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,

Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

Наҳзати[1] мо гар бувад як наҳзати созандагӣ,

Мазҳаби[2] мо гар бувад парҳез аз паркандагӣ,

Фитрати мо гар бувад инкори фақру бандагӣ,

Бартар аз қавму маҳал, дар сатҳи миллат зиндагӣ,

Гар ба ҷойи тан кунӣ фикри ватанро интихоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

Гар бишўрӣ дар хиёбону бисўзӣ сар ба сар,

То нишинад ҷойи чанди дигаре чанде дигар,

Боз кишвар ғарқи хуну боз миллат дар ба дар…

Инқилоби ҷоҳилон ҳаргиз намеорад самар,

Гар раҳо ёбӣ зи банди ин гумону ин сароб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

«Инқилоби Миср» ҷабру зулмро якбора кард,

«Инқилоби Шом» ними халқро овора кард,

«Инқилоби нарм»-и Гурҷистон ватанро пора кард,

«Инқилоби Украина» мулкро бечора кард,

Тоҷикистон гар амон монад аз ин мавҷи хароб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

 

 Ватанро мафурўш

 

Гузарад соати душвор, ватанро мафурўш,

Ғами имрўз шавад пор, ватанро мафурўш.

 

Ҳафт пушти ту мабодо, ки хиҷолат монад,

Ҳафт пушти ту мададгор, ватанро мафурўш.

 

Хати марзи ватан имрўз хати номус аст,

Эй баномус ватандор, ватанро мафурўш.

 

Сари болои ту Албурзи баланди нанг аст,

Ба дами теғу сари дор ватанро мафурўш.

 

Ғарб то Шарқ ҳама манфиати худ ҷўяд,

Ба фиреби ду ҷаҳонхор ватанро мафурўш.

 

Нест шайхи арабу пири аҷам маҳрами ту,

На ба турку на ба тотор ватанро мафурўш.

 

Сухани қудсии «Ҳубби ватан аз имон аст»,

Шунав аз Сарвари солор, ватанро мафурўш.

 

Шармсории хиёнат ба абад мемонад,

Марг бар ҷон хару зинҳор ватанро мафурўш.

 

Гузарад соати душвор, ватанро мафурўш…

                      

[1] Эҳё, ҳаракат

[2] Равиш, тарзи тафаккур

Viewing all 1296 articles
Browse latest View live


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>